Соҳаи варзиш
Дар ноҳия 1 мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон фаъолият дорад, ки дар он 11 мураббӣ аз рӯи 7 намуди варзиш ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар ин муассиса 238 нафар варзишгар (аз ҷумла 56 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мактаби мазкур соли 1967 сохта ба истифода дода шудааст ва то имрӯз истифода бурда мешавад ва солҳои тӯлони аст, ки таъмир карда нашудааст. Барои ташвиқу тарғиби соҳаи варзиш дар ноҳия 5 толори варзишӣ, 4 майдони варзишӣ, 41 майдончаҳои хурди варзишӣ ва 1 адад ҳавзи шиноварӣ амал мекунад. Соли 2008 бо маблағгузории ташкилоти ғайридавлатии Ёрон ва саҳмгузории мардуми деҳаи Шулдуқ майдончаи варзишии футбол ва волейбол бо ҳамаи шароитҳо сохта ба истифода дода шуд. Инчунин сентябри соли 2008 бо маблағгузории давлати Ҷопон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва толори варзиши он ба маблағи 82 ҳазор доллари ИМА пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар соли 2010-2012 варзишгарони ноҳия дар чанд мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ маҳорати хуб нишон дода сазовори 15 медали тилло, 18 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 46 диплому ифтихорномаҳои кумита гардидаанд. Аз моҳи августи соли 2010 сохтмони варзишгоҳи замонавӣ бо иқтидори 6000 ҷой нишаст бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Мушкилоти асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад ин нарасидани лавозимот ва таҷҳизотҳои замонавии варзишӣ ба ҳисоб меравад.
Мушкилотҳои асосии соҳаро ба таври зайл баён намудан мумкин аст:
1.Ба талабот ҷавобгӯй набудани ҳолати бинои мактаби варзиш кӯдакон ва наврасон; 2.Норасоии лавозимотҳои варзишӣ; 3.Ҳолати ногувори инфрасохтори ноҳия ва набудани шиору овезаҳои тарғиботӣ бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ; 4.Набудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳгардӣ (гидҳо, роҳбаладҳо) тарҷумонҳои забонҳои хориҷӣ; 5.Набудан ё кам будани маълумотномаҳои мухталиф аз қабили китобчаҳо, расмҳо, буклетҳо оиди мавзеҳои ҷолиби диққат ва шароитҳои мавҷудаи самти сайёҳӣ дар бораи ноҳия; 6.Набудани меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити имрӯза ҷавобгӯй.
Ҳадафҳои асосӣ-Мусоидат намудан ба рушди соҳаи туризм ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои варзишии ноҳия.
Вазифаҳои асосии соҳа: -ташкил намудани шароитҳои хизматрасонӣ барои истироҳати хуб ва тамошо дар мавзеҳои туристӣ; -шароити хуб муҳайё намудан барои варзишгарон; -ба тартиб даровардани хатсайри туризми кӯҳӣ; -бунёд намудани меҳмонхонаи замонавӣ ба шароити имрӯза ҷавобгӯй; -таъмини бехатари туристон; -ба роҳ мондани корҳои рекламавӣ оид ба мавзеъҳои диққатҷалбкунанда. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|