Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва кам кардани ҳолати хатари онҳо
Ноҳияи Мӯъминобод мавзеи кӯҳсор буда, дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Аз шимол ба ноҳияҳои Ховалинг, Тавилдара, аз шарқ ба ноҳияи Шурообод ва аз ҷануб бо шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳия ба 880.6 км 2 баробар буда, аз пойтахти ҷумҳури 252 км, аз маркази вилоят 200 км ва аз шаҳри Кӯлоб 42 км дур аст, иқлими ноҳия континенталӣ буда, тобистон то 39 дараҷа гарм ва зимистон то 15 дараҷа хунук мешавад. Инчунин ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1200-1800 метр ҷойгир аст. Дар ноҳия ду дарёи калон арзи вуҷуд доранд. Дарёи Сурхак ва дарёи Ёхсу, дарёи Сурхак ва Ёхсу аз пирях, барфҳо ва оби борон сарчашма гирифта, ба водиҳо ҷорӣ мешавад. Як қисми дарёи Сурхак ба воситаи канали Қулулу обанбори машҳури Мӯъминободро бо об пур мекунад, ки ғунҷоиши обанбор 32 млн.м3 обро ташкил намуда, дар мавсими камобиҳо барои обёри заминҳои водии Кӯлоб истифода карда мешавад. Шумораи аҳолии ноҳия мувофиқи ҳисоботои оморӣ ба 1 январи соли 2012 79,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 12649 нафар дар шаҳр ва 67251 нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Инчунин ноҳия аз 7 ҷамоат иборат буда, 1 ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод ва 6 чамоати деҳот, ки 137 деҳаҳоро дар бар мегирад. Деҳаҳо асосан дар доманакӯҳҳо теппаҳо ва қӯҳҳои баландиашон миёна ҷойгир мебошанд, сатҳи миёнаи баландии деҳаҳо ва шаҳрак аз сатҳи баҳр аз 800 то 2000 м мерасад. Мутобиқӣ маълумотои оморӣ то 1.01.2012 фонди замини ноҳия 121629,1 га-ро ташкил медиҳад, ки аз он 11716,5 га-ашро заминҳои коррам ва боқимонда 109912,6 га заминҳои таллу теппа ва чарогоҳукӯҳсор мебошанд. Ҳамасола аз ҳисоби офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ноҳия зиёни зиёди иқтисодию иҷтимоӣ мерасад. Ноҳия зери таҳдиди офатҳои зерин мебошад:
А) Гидрологӣ ва метерологӣ -сел -хушксолӣ -хунукӣ ва сармо -боришу барф -боришу борон -жола -шамол -баланд шудани сати обҳои зеризамин Б) Геологӣ -сел -ярч -заминларза В) Биологӣ -эпидемия -эпизоотия -эпифитотия Г) Техногенӣ -садамаҳо дар иншоотҳои гидротехникӣ (садҳои обӣ, низомҳои обёрӣ) -садамаҳои нақлиётӣ (автомобилӣ) -фалокатои марбут ба низомои таъмини ҳаёт. Ноҳияи Мӯъминобод аз ҳисоби ҷойгиршавӣ дар мавзеъи ноҳамвор ва кӯҳсор яке аз ноҳияҳои хатарнок оиди офатҳои табиӣ буда дар вақти баҳор ва тирамоҳ (дар мавсимҳои боронгариҳои зиёд) аҳолӣ ва хоҷагиҳо зарари моддӣ ва иқтисодӣ мебинанд. Аз солои 2005 то 2012 дар давоми 7 сол дар ноҳия тақрибан 258 ҳодисаҳои фавқулодда, аз ҷумла 146 ҳодиса аз ҳисоби сел, 51 ҳодиса аз ҳисоби шамолҳои сахт 56 ҳодиса аз ҳисоби боридани барфи зиёд, 4 ҳодиса аз ҳисоби сардии ҳаво, 1 ҳодиса аз ҳисоби омадани ярч ба қайд гирифта шудааст. Зиёда аз 850 га заминҳои корраму боғ дар ноҳия нобуд гаштанд. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ноҳия ба маблағи 22135,8 ҳазор сомонӣ зиён расонидаанд. Соли 2012 дар натиҷаи боронҳои пайдарпайи моҳҳои апрелу май ба иқтисодиёти ноҳия ба маблағи 4864,6 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст. Хатари офатҳои табиӣ қариб ки дар тамоми деҳаҳои ноҳия ба назар мерасад. Аз ҳисоби бавуҷӯдоии ҳодисаҳои сел, боридани барфи зиёд, шамолҳои сахт, ярч ва дигарҳо дар давраи ҳозира 840 хоҷагиҳои ноҳия дар зери хатари реалӣ ва 2093 хоҷагӣ дар зери хатари потенсиалӣ (эҳтимолӣ) зиндагӣ мекунанд. Агар дар оянда барои паст кардани офатҳои табиӣ дар ин самт чорабиниҳои ҷиддӣ пешбинӣ нашаванд, зарари ҷонӣ ва молиявӣ дар ноҳия ҳамасола тақрибан баробари 4284 ҳазор сомонӣ расиданаш аз эҳтимол берун нест. Барои дар оянда бартараф ва пешгирӣ намудани хатарҳои офатҳои табии дар ноҳия 2 адад булдозери пуриқтидор ва 2 адад экскватори тамғаи SVMS VHC “Хундай”-и ҳаҷми бел 0,8 м3 зарур ва ҳатмист. Айни замон дар минтақаи хавфи офатҳои табиӣ 2093 хоҷагиҳо, 4150 оилаҳо 114 кӯпрукҳои гуногун 18 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 19 масҷидҳо, 12 нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 45 трансформаторҳо, 25 резевуарҳои таъмини оби нӯшокӣ, 11 бинои муассисаҳои тандурустӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Таносуби буҷети ноҳия ва зарар аз ҲФ (Ҳазор сомонӣ)
Дар ноҳияи 7-ҷамоатҳо фаъолият доранд ,ки дорои ҳудудҳои хафноки геологӣ мебошанд Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ 273 хочагиҳо, 1561 оилаҳо, 16,кӯпрукҳои гуногун, 2 мактабҳо,3 мвсҷидҳо,4 трансформаторҳо ,2 резевуарҳои таъмини оби нушокӣ,1 бинои муассисаи тандурустӣ ҷамоати ба номи Ш, Шоҳин 190-хоҷагиҳо,27- кӯпрукҳо, 5 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ,10- масҷидҳо,4 трансформаторҳо,13 резевуарҳои таъмини оби нӯшокӣ,3 бинои муассисаҳои тандурустӣ,ҷамоати деҳоти Деҳбаланд 307 хоҷагиҳо, 28 кӯпрукҳо,1 мактаб,1 масҷид,4 трансформаторҳо,чамоати деҳоти Кулчашма 648 хоҷагиҳо, 15 кӯпрукҳо,4 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 6 масҷидҳо,10 трансформаторҳо,2 муассисаҳои тандурустӣ,ҷамоати деҳоти Чилдухтарон 240 хоҷагиҳо,4 кӯпрукоҳо ва ҷамоати шаҳраки Муъминобод 228хоҷагиҳо 15 кӯпрукҳо 1 мактаб 2 бинои муассисаҳои тандурустӣ ва14 трансформаторҳо рост меоянд. Дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодда сохтори омодабошӣ ва эътинои ноҳия чунин пешбинӣ шудааст
Дар айни замон дар ноҳияи Муъминобод 13 адад хадамот мавҷуд аст,ки онҳо бевосита ба огоҳсозии офатҳои табиӣ ҷалб гардидаанд. Дар поён рӯйхати муассисаҳои мазкур бо нишон додани нерӯю воситаҳои мавҷуда, захираҳо ва эҳтиёҷоти онҳо оварда шудааст.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|