ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ:
МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ:

МАНБАЪҲОИ  МАБЛАҒГУЗОРӢ:

Манбаъҳои асосии маблағгузорӣ барои Барномаи рушди ноҳия буҷети маҳаллию ҷумҳуриявӣ, сармояи ташкилотҳои хориҷӣ, маблағҳои соҳибкорони дохилӣ, ҳиссаи шаҳрвандон ва дигар кӯмакҳои берунӣ ташкил медиҳанд. Дар Барномаи рушди ноҳия лоиҳаҳои воридгардида аз рӯи хусусияти маблағгузориашон ба чор қисмат тақсим карда мешаванд.
Лоиҳаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ.
Лоиҳаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳалл Лоиҳаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ.ва дохилӣ
Лоиҳаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳо.
Лоиҳаҳои маблағгузори аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва маблағҳои худӣ
Лоиҳаҳои маблағгзори номаълум
Низоми мониторинг ва арзёбӣ


Яке аз унсурхои мухими системаи идоракунии татбиқи Барномаи рушди нохия Мӯъминобод ин низоми мониторинг ва арзёбӣ (минбаъд - НМ ва А) мебошад. Он барои мушохидаи ҷараёни корҳхо ва таҳлили натиҷаҳои бадастомадаи барнома, ошкор намудани таҷрибаи мусбии андӯхта ва проблемаҳои мавҷуда дар татбиқи он истифода бурда мешавад. НМ ва А имкон медиҳад, ки робитаи мутақобила ва муттасил дар сиёсати қабулнамуда ва натиҷаҳои татбиқи амалии он таъмин карда шавад.
Гурӯхи М ва А бо қарори Раиси нохия таъсис дода мешавад, ки аз 5-7 аъзо иборат мебошад (мутахассисони сохавивӣ, кормандони маъмурият). Гурӯҳи М ва А-ро яке аз муовинони Раис сарварӣ менамояд.
Бо қарори мазкур, масъул барои гузаронидани М ва А БРН Бахши мониторинг ва арзёбии назди макомоти иxроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шахси Сардори он таъин карда мешавад.
Раиси ноҳия фармоиши махсус мебарорад, ки нусхаи ҳисоботи кварталии (семоҳа) ҳамаи лоиҳаҳои дар Барнома дохилшуда, барои ҳисобот ба Бахши мониторинги ноҳия пешниҳод мешаванд.
Комилан муҳим аст, ки давра ба давра малака ва дониши аъзоёни гурӯҳи М ва А баланд бардошта шаванд.

. Сохтори НМ ва А.
Барои мониторинги БРН мушоҳидаи омилҳои зерин зарур аст:
 ба мақсадҳои барнома то кадом андоза мувофиқ мешавем (нигаред ба замимаи 1);
 дар доираи Барнома лоиҳаҳо чи гуна амалӣ шуда истодаанд.

Ба ифодаи дигар, бояд мониторинги натиҷаҳои барнома (дар ин ҷо сухан дар бораи натиҷаҳои Барнома дар маҷмӯъ меравад, на балки натиҷаҳои лоиҳаҳои ҷудогонаи он) ва мониторинги ҷараёни лоиҳаҳо гузаронида шавад.
Мутаносибан низоми мониторинг бояд ду унсурро дар бар гирад.
Мониторинги натиҷаҳои барнома тариқи ченкунии аҳамияти индикаторҳои дар Замимаи 1 нишондодашуда анҷом дода мешавад. Мутаносибан, муваффақшавии ҳадафҳои барномаро бо ҳамон мулоҳиза кардан мумкин аст, ки дар кадом андоза мақсадҳои нишондиҳандаҳо ба даст омадааст. Мониторинги натиҷаҳо ҳарсола гузаронида мешавад
Мониторинги иҷрои лоиҳаҳо дар доираи Барнома тариқи параметрҳои зерин гузаронида мешавад: назорати статуси лоиҳа ва мувофиқати лоиҳа бо нақша. Ҷадвали электронӣ дар формати Eхcel (ба замимаи 2 нигаред) таҳия шудааст, ки бояд ҳар семоҳа тасдиқ карда шавад – ба таври синхронӣ бо ҳисоботнокии лоиҳаҳо.
Азбаски сатҳи коркарди лоиҳаҳои дар БРН шомилбуда гуногунанд, он дар таҳияи системаи мониторинг ба назар гирифта шудааст. Дар ҳақиқат, лоиҳаи ба Барнома дохилкардашуда дар барномабуда метавонад 5 статус дошта бошад.
 Мумкин аст он тамоман таҳия нашуда бошад – дар Барнома фақат номи он омадааст.
 Мумкин аст лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
 Мумкин лоиҳаҳое низ ҳастанд, ки пурра таҳия шудаанд, лекин бинобар сабаби набудани маблағгузорӣ ё дигар сабабҳо оғоз нагардидаанд.
 Мумкин лоиҳаҳое хастанд, ки амалӣ шуда истодаанд ва ё амалӣ шудаанд.
Мутобиқан, шахсе, ки ҷадвали мониторингро пур мекунад бояд рақамҳои 1 то 5 - ро вобаста ба статуси воқеъии лоиҳа гузорад (нигаред ба ҷадвали №1).
Мониторинги иҷрои лоиҳаҳо ба ҷудокунии лоиҳаҳо бо 4 категория сурат мегирад – «ҳамааш хуб», «номувофиқати дорад», «номувофиқатии ҷиддӣ дорад», «лоиҳа амалӣ нашуда истодааст».

Қоидаи пур кардани ҷадвали мониторинги лоиҳаҳои БРН


МАНБАЪҲОИ  МАБЛАҒГУЗОРӢ:


Дар мавриди зарурият, охири ҳар сол арзёбии чораҳои андешидашуда ва лоиҳаҳо дар яке аз соҳаҳои Барнома бо дарназардошти захираҳои мавҷуда ва талаботи иттилоотӣ гузаронида мешавад. Арзёбӣ аз ҷониби экспертҳои мустақил гузаронида мешавад, ки мутахассис бошанд ва ҳолати бахши мазкурро донанд.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.