Главная > Маблагхои воридоти > Таъминот бо маблағҳои зарурӣ

Таъминот бо маблағҳои зарурӣ


8-05-2015, 16:16. Разместил: adminn
Таъминот бо маблағҳои зарурӣ

Таъминот бо маблағҳои зарурӣ


Сарчашмаи асосии маблағгузорӣ барои Барномаи рушди ноҳияи Мӯъминобод ин маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар шакли субвенсия ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб таҳлили буҷети маҳаллӣ тӯли солҳои 2009– 2012 оварда мешавад.
Ноҳияи Мӯъминобод ба зумраи он минтақаҳои ҷумҳурявие дохил мешавад, ки кӯмакҳои молиявиро дар шакли субвенсия аз дигар қисматҳои буҷет мегирад. Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Мӯъминобод аз 16 сарчашмаи даромад асос ёфта, аз он 12-яш ба пуррагӣ ба буҷети маҳаллӣ мемонанд. Дар тӯли 3 соли сипаригашта ноҳия аз буҷети вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна 77,1 %-и даромади буҷети маҳаллиро пур намудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 74,8 % фаромадааст (нигаред ба диаграммаи 1)

Диаграммаи1. Таҳлили даромади буҷети ноҳияи Мӯъминобод аз рӯи солҳо


Таъминот бо маблағҳои зарурӣ


Чуноне, ки аз диаграмма бар меояд, дар соли 2009 даромад аз маблағҳои субвенсионӣ 77,6 %-и буҷети ноҳияро ташкил медод. Дар соли охир бошад, даромади буҷети маҳаллӣ зиёд шуда, 22,4 % буҷети солонаро ташкил медиҳад. Фоизи маблағои субвенсионӣ дар соли 2011 бошад нисбати соли 2010 ба 21,7 % шудааст. Дар давоми се соли охир афзоиши ҳиссаи даромадҳои худӣ дар буҷети марказӣ ба ҳисоби миёна 3,8 %-ро ташкил медиҳад. Амалия нишон медиҳад, ки дар соли 2011 ҳиссаи даромадҳои андоз аз даромади шахсони воқеӣ 30 % ва андози ягона 20,1 % ба буҷети маҳаллӣ бештар мебошад.

Диаграммаи 4. Ҳаҷми маблағгузориҳои бахшҳои соҳаҳои иҷтимоӣ


Таъминот бо маблағҳои зарурӣ


Аз буҷети маҳаллӣ хароҷотҳое маблағгузорӣ карда мешавад, ки бештар хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ доранд. Дар сохтори хароҷотҳои буҷети ноҳия ҷои намоёнро хароҷотҳо барои соҳаи иҷтимоӣ: маориф (56,9 %), тандурустӣ (18,9 %) ва ҳифзи иҷтимоӣ (14,8 %)–ро ишғол мекунад.
Хароҷотҳо ба соҳаи иҷтимоӣ равона шуда, барои нигоҳ доштани устуворӣ ва сатҳу сифати зиндагӣ аҳамияти беандоза дошта, сатҳи таъминоти соҳаҳои иҷтимоӣ аз имкониятҳои буҷети маҳаллӣ вобастагӣ дорад . Ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои ин соҳаҳо дар асоси ҳисобҳои сметавӣ муайян карда мешавад.
Дар давоми 3 соли охир ҳиссаи хароҷотҳо ба соҳаи маориф аз рӯи солҳо куллан тафовут мекунад. Ҳамин тавр дар соли 2009 ҳиссаи хароҷотҳо ба соҳаи маориф 55,1 %, дар соли 2010–52,1 % ва дар соли 2011-56,9 %-ро ташкил дод. Ҳаҷми маблағи ҷудогардида барои соҳаи тандурустӣ аз 13,7 % то 18,9 % боқӣ мондааст.


silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад