Главная > Маъмурият > ДАВЛАТ ИҚТИДОР ДОРАД

ДАВЛАТ ИҚТИДОР ДОРАД


29-05-2019, 19:54. Разместил: adminn

ДАВЛАТ ИҚТИДОРДОРАД

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон худ дурахшонтарин шахсиятест, ки рисолаимуқаддаси Ватандӯстиро дар фитраташ ҷой дода пайваста афзуда истодааст. Нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон интишор дод. Ҷаҳони навин барои мо тоҷикон эҷод кард. Ҷон ба каф ниҳода мардуми тоҷикро сарҷамъ намуд. Дар соҳаи сиёсат ба демократикунонӣ пешниҳодот дод. Ба халқаш озоди туҳфа карда, Тоҷикистони соҳибистиқлол сохта ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Борҳо таъкид дорад, ки зиёдаравӣ накунед, Ватанро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред. Зеро ки ин меҳани зебо бо заҳматҳои зиёди фарзандону мардони фарзони тоҷик бо ҷонфидоиҳои ҷавонмардони баору номус бино гардид. Ватан ва худро дар хатар нагузоред.

Вале имрӯз боиси таасуф аст, ки боз зиёдаравӣ дар баъзе шахсон мушоҳидагардид ҷони худ ва бародарони худро ҳеҷ медонанд. Ёдрас мешавем аз ҳодисае, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рух дод. Ҳатто дар маҳбас, ки бо гуноҳи кардаашон маҳбуси шудаанд, боз терори дигаре ташкил намуданд.

Мегуянд, ки «муъмин бародари муъмин» - пас чаро дар моҳи мубораки рамазон одамро ба қатл мерасонанд?Ин ашхос фаромуш кардаанд, ки сиёсати давлат, таъмини амнияти давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, демократикунонии ҷомеъа хулоса барномаи давлатдорӣ мустаҳкам ва дуруст ба роҳ монда шудааст.

<Ғамхории давлат ва Сарвариғамхори халқро бубинед, ки ҳар сол 9- сентябр Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон фармони авфи маҳбусонро бароварда, онҳоро озод менамояд. Пас бо ин қадар ғамхорӣ, ки ҷавобаш бераҳмист, дар ҳақи чунин бераҳмоне ки дар ҷони худ раҳм намекунанд, раҳм набояд кард.

Ойҷонбӣ Азизова,

Рӯзноманигор,

н. Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад