ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Январь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Фаъолияти шуъбаи маориф
Илова кард: adminn14-02-2018, 11:28 Маориф

 

 

Фаъолияти   шуъбаи маориф

 

                                                                                                             

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод соли ҷорӣ фаъолияти худро аз рӯиқонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастуру супоришҳои раиси ноҳия ва Барномаву санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳмонда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дода истодааст.

Дар шуъбаи маориф 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназияи давлатӣ, 1 интернати ятимону бепарасторон, 2 муассисаи томактабӣ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ

Дар шуъбаи маориф 31 нафар кормандон фаъолият намуда, 1622 /627 нафар омўзгорон ба 19402 / 9419 нафар хонанда дарсмегўянд. Аз шумораи 1622 нафар омўзгорон бо маълумоти олӣ 1210 /384, маълумоти миёнаи махсус 404 /238 , маълумоти миёнаи умумӣ 8/5 . Дараҷаи тахассусии олӣ 545 /161, дараҷаи тахассусии якум 310 /114, дараҷаи тахассусии дуюм 226/93, дараҷаи тахассусии умумӣ 541 /259 , Мутахассисони ҷавон 153/75

Дар соли ҷорӣ 1587 нафар хонанда, аз ҷумла 687 нафар духтарон мактабро хатм мекунанд, ки тавассути Маркази миллии тестӣ 1142 нафар ба қайд гирифта шуд, ки аз инҳо 888 нафарашон ба муассисаҳои олӣ ва касбӣ тавассути Маркази милли тестӣ дохил шуданд, ки 55,9 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар ин сол барои ба квотаи Президентӣ ноил гардидан 183 нафар довталабон муроҷиат намуда буданд. Аз онҳо 85 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. 19 нафар беҳтаринҳо соҳиби квотаи Президентӣ гардиданд ва ин талабот сол аз сол рў ба афзоиш дорад.

54 Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 865/419 нафар кўдак фаъолият менамояд.

Дар давраи таътилди зимистона дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ ҷадвали алоҳида таҳия шуда, омўзгорон, хатмкунандагон ва хонандагони сустхонро ба дарс ҷалб намуданд. Ҳамзамон, барои хонандагоне, ки дар озмунҳои фаннӣ ва олимпиадаҳои вилоятӣ ширкат меварзанд, дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуда, беҳтаринҳо ба озмунҳои вилоятӣ фиристода шуданд, ки айни ҳол 26 нафарашон бо медалҳои гуногун ва 11 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ мушараф гардиданд.

Дар ин давра мувофиқи накша чорабиниҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолияти китобхонаҳо ва ҷалб намудани хонандагонбарои ҳарчи бештар мутолиа намудани китобҳои бадеӣ, шавку ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоӣ бештар ба китобхонӣ бедор шуда, аз 5 то 15 китобхои бадеии бачагона, тарбиявӣ ва ахлоқию таълимиро мутолиа намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо роҳбарии муаллимон бакитобхонаи «Хонаи асрори маънӣ» ва «Ганҷинаи нақди адабии С.Табаров» аъзо шуда, аз китобҳои пурқиммати онҳо баҳравар шуданд. Дар ин давраи таътили зимистона озмунҳои «Рўдакихонӣ», «Шоҳномахонӣ», «Луғатдони беҳтарин», «Китобхони беҳтарин», «Дўстдорони китоб» ва иншои беҳтарин ташкил ва гузаронида шуд. Тибқи нақша тамошои дастҷамъонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба мавзеъҳои таърихии Қалъаи шаҳраки Муъминобод, чашмаҳои таърихии Бибинавр ва Бибисавр, ёдгории таърихии асри 9-10-и Шоҳи Хомўш ва «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров ташкил карда шуданд. Аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф семинарҳои омўзишӣ ва дастурдиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои омўзгорони фанҳои физика, география, биология, химия ва технологияи иттилоотӣ оид ба таълими салоҳиятнокӣ ташкил ва баргузор гардонида шуд. Ба хонандагони синфҳои 9-11 10 –тои дар мавзуъҳои гуногун эссе гирифта шуд. Хонандагони душвортарбия ба маҳфилҳои муассисаи тањсилоти иловагӣ ҷалб карда шуда, озмунҳои «Расми беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Бофандаи беҳтарин» дар байни аъзоёни маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагӣ гузаронида шуд. Рўзи 22.01.2018 дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия озмун таҳти унвони «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба соли 2018- « Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд. Дар ин чорабини раиси ноҳия ширкат варзида, ба воситаи телевизиони барномаи якум ба навор гирифта шуд. Дар давраи таътили зимистона дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ бозии «Офарин» ва дар байни хонандагон бозиҳои варзишии шашка, шоҳмот, волейбол, футбол, тениси рўи миз гузаронида шуда, ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Айни ҳол дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохўриҳои волидон ва хонандагон синфҳои 11 оиди супоридани ҳуҷҷатҳо ба Маркази милии тестӣ бо иштироки намояндаи ММТ А.Ятимовва намояндагони шуъбаи маориф бомуваффақият гузаронида шуда истодаанд.

 
МАЪЛУМОТ аз шуъбаи маориф


 

 

 

 

 

 

 

 

 


Фаъолияти   шуъбаи маориф

 

Фаъолияти   шуъбаи маориф

 


 

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи: AustSoymn3 апреля 2019 11:12
India Cialis Generic Propecia Shop Anonymous Viagra Cialis On Line online pharmacy Cheap Discount Warehouse Rogaine Propecia Digoxin Uk Available Balding Propecia Pill
Андешаи: LesEmerie4 июня 2019 16:58
Cialis Quand cialis for sale Macrodantin Purchase Viagra Kaufen Mit Paypal Bezahlen Lasix 80 Mg Kaufen
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: