Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Хабарҳои охирин
Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. Имрӯз 13-ҳуми ноябри соли 2017 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умум...
Бо мақсади омузиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишори зуроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, фаҳмонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оилв” , “Дар бораи танзиму анъана...
Табрикоти раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур бахшида ба 23 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи ноҳия Меҳмонони арҷманд, Ҳамдиёрони азиз! 6-уми ноябр ба қабули Конститутсия-санади танзим-кунандаи ҳуқуқу озодиҳои халқ...
Эҳдо ба Асосогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам, То насозам пок агар ман ашкҳои модарам. То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам, То...
Мизи мудавар дар мавзӯи “Ҳуқуқҳи худро меомузем” дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи Бахши кор бо занон ва оила дар доираи нақшаи кори дар деҳаи дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи мизи мудаварро дар мавзӯи “Ҳуқ...
Рӯзи Президент Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИГАҲБОНАТ ХУДО БОДО Салом! ...
» » Соҳаи маориф,Таҳлили вазъи умумӣ

Соҳаи маориф,Таҳлили вазъи умумӣ

0
Илова: adminn, 7-05-2015, 22:38 | Дида шуд: 259
Соҳаи маориф,Таҳлили вазъи умумӣ

Соҳаи маориф,Таҳлили вазъи умумӣ


Соҳаи маориф ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа барои ноил гардидани як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Таъминоти маълумоти баландсифат омили муҳими расидан ба рушди устувор ва одилона аст. Идоракунии системаи маориф дар сатҳи маҳаллӣ бо мақсади сабукгардонии таъмини дастрасии маълумоти хушсифат равона гардида ва айни замон ҷиҳати ноил гардидан ба баробарии гендерии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба ислоҳоти бунёдӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамзамон гузаштан ба системаи нави маблағгузории соҳа, яъне маблағгузории сари касӣ бо мақсади таъминоти нисбатан самарабахши истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ташкил кардани шароит барои устувории фаъолияти муассисахои таълимоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар дабистон равона карда шудааст. Мушкилотҳои ҷойдошта, аз қабили нокифоягии китобҳои дарсӣ ва маводи методии замонавӣ вазъи соҳаи маорифро боз ҳам мушкилтар гардонида, барои рушди он монеа пеш меоранд. Сифати таълим, дараҷаи дониш ва маҳорати хонандагону донишҷӯён ба талаботи имрӯза ҷовобгуй нест. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва ба тақозои кунунӣ мутобиқ намудани шароити таҳсил ва сифати дониши хонандагон корҳои зиёдеро пиёда намудан зарур аст. Барномаи рушди ноҳия метавонад дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ҷиҳати инкишофӣ минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшад.
Фаъолияти асоси барои ҳалли тамоми вазифаҳои БРН дар соҳаи маориф аз инҳо иборатанд: а) барқарорсозии инфраструктураи мактабӣ, бо оби поки ошомиданӣ, гармӣ ва ҳоҷатхонаҳои алоҳида барои писарон ва духтарон; б) таъмини талабаҳои ҳамаи мактабҳо ба китобҳои дарсӣ; в) сохтани мактабҳои нав; г) натиҷагирии маблағгузории меъёрии (сарикасӣ) мактабҳо; д) ҷалби ҷомеа волидайн, омӯзгорон, талабагон ва намоядагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба идоракунии мактабҳо, ташкили таълими босифат ва таъмини фаъолияти хуби онҳо.
Бахши маорифи ноҳияи Мӯъминобод аз 55 мактаби таҳсилоти умумӣ иборат мебошад, ки аз ин 8- тоаш мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 19-тоаш мактаби таҳсилоти асосӣ, 25 – тоаш мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 - тоаш гимназияи давлатӣ ва 1 – тоаш интернати ятимону бепарасторон мебошад.

Аз тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъми-нобод гузаронидааст маълум гардид, ки қариб ҳамаи пурсишшудагон дар маҳал-лаҳои аҳолинишин худ сукунатдошта имконияти ба таълим фаро гирифтани кӯдакони худро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ доранд (96%) ва танҳо 4 дар сади онҳо ҷавоби манфӣ доданд (ниг. ба диаграммаи №1) .
Пурсиш нишон дод, ки дар 94 % деҳаҳои калон мактабҳои таълимоти 11 сола, 2,1 % то 9 сола ва дар 1,4 %-и маҳаллаҳои аҳолинишин мактабҳои ибтидоӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин 83 дар саддӣ пурсишшудагони маҳаллаҳои аҳолинишинӣ мактабҳои 11 сола надошта посух доданд, ки нақлиёт барои кашонидани хонандагон таъмин карда намешавад.
Тадқиқот нишон дод, ки 12 дар саддӣ духтарони синну соли то мактабӣ бо сабҳои мухталиф ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта намешаванд. 52 дар саддӣ пурсишшудагон кӯдакони худро барои равон намудан ба курсҳои миёнамӯҳлати таълимӣ хоҳиш дошта ва 48 дар саддӣ онҳо ин хоҳишро надоранд. Ҳамзамон қисми зиёди пурсишшудагон хоҳиши равона намудани кӯдакони худро ба курсҳои омӯзишии компютерӣ (24,2 % мардон ва 17 % занон), ҳисоби муҳосибӣ (6,2 % мардон ва 5,4 % занон), забони хориҷӣ (14,8 % мардон ва 11,2 % занон) ва техникӣ (14,4 % мардон ва 13,4 % занон) доранд.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Маориф
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.