Главная > Маориф > Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.

Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.


7-05-2015, 22:46. Разместил: adminn
Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.

Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.


Дар ноҳия муассисаи томактабӣ аз январи соли 2010 боғчаи бачагона фаъолият менамояд, ки барои 60 нафар мувофиқ гардонида шудааст. Шумораи кӯдакон дар муассисаҳои мазкур соли 2009 60 нафарро ташкил медод (аз ин 23 нафар духтар), ки ин нишондод нисбати соли 2007 фаъолият надошт. Дар ин муассиса 8 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул буда, аз ин 23 нафар дорои маълумоти олӣ, 4 нафар маълумоти олии нопурра ва 1 нафар маълумоти миёна махсус доранд. Сабаби асосии пурра фаъолият накардани муассиса дар он аст, ки бинои боғча дар таъмир аст.
Аз рӯи маълумоти расмӣ ҳар сол зиёда аз 1842 нафар кӯдакони синну соли томактабӣ ба сафи хонандагон дохил мешаванд, ки аз ин 3.2% онҳо дар муассисаҳои томактабӣ тарбия гирифтаанду халос. Деҳаҳои аҳолии зиёд дошта ба бунёди бинои кӯдакистон ниёз доранд, аммо набудани маблағ барои сохтмони кӯдакистон дар буҷаи маҳаллӣ ба ин имкон намедиҳад.

Маълумоти миёна.


Аз рӯи маълумоти расмӣ дар ноҳия 55 мактаби дар солҳои 2009-2010, 19321 нафар хонандаро мутаҳид намуда, аз ин 10589 нафар дар басти аввал, 8340 нафар дар басти дуввум ва 392 нафар дар басти севвум таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии хонандагон 8975 нафар ё 46,3 %-ро духтарон ташкил медиҳанд. Аз сабаб нарасидаи ҷои талаба ва синфхона дар аксари мактабҳои ноҳия таҳсил дар се баст гузаронида мешавад, ки ин ба сифати хониши онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Шумораи хонандагон аз руи бастҳо дар давраи солҳои 2010-2012 (нафар)


Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.


Таҳлили дар диграмма овардашуда нишон медиҳад, ки шумораи хонандагон дар басти аввал нисбати солҳои 2009- 2010 дар солҳои 2011-2012 афзоиш ёфта, дар басти дуввум ва сеюм мутаносибан 7,4 % ва 10 % коҳиш ёфтааст. Сабаби зиёд шудани хонандагон дар басти аввал ин бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои алоҳида мебошад. Аз рӯи маълумоти расмӣ барои пурра аз байн бардоштани басти сеюм иловатан сохтмони 56 синфхонаи иловагӣ зарур аст.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ноҳия бунёди мактабҳои нав ва сифхонаҳо идома дорад. Дар давоми солҳои 2002-2012 тавассути дастгирии молиявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки рушди Осиё ва фонди котоликӣ 52 мактаб барқарор ва аз таъмир асосӣ бароварда шуданд.

Шумораи хонандагони ноҳияи Мӯъминобод дар давраи солҳои 2009-2012аз рӯи синфҳо


Маълумоти томактабӣ. Маълумоти миёна.


Таҳлил нишон медиҳад, ки шумораи умумии хонандагон дар соли хониши 2011-2012 дар қиёс ба соли хониши 2009-2010 ба андозаи 3,1 фоиз кам шудааст. Сабаби кам шудани хонандагон, дар синфҳои болои, ки аксар вақт онҳо синфи 11-ро идома надода аз мактаб баромада ба муҳоҷират ё дигар корҳои истеҳсолӣ мераванд. Аз ҷумла дар соли хониши 2011-2012 ҳангоми аз синфи 8 ба 9 гузаштан шумораи хонандагон нисбатисоли хониши 2009-2010 ба 161 нафар ва ё 7,7 % коҳиш ёфтааст, ки ин ба фарогирии пурраи хонандагон ва ҷалби бештари хонандагон ба мактаб таъсири манфи мерасонад. Сабаби асосии пурра фаро гирифта нашудани хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 10 дар он аст, ки қисми писарбаччагон аз оилаҳои камбизоат ба муҳоҷирати меҳнатӣ, қисми дигари писару духтарон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзгорӣ, тиббӣ ва инчунин ҳамроҳи падару модарон берун аз ҳудуди ноҳия рафтан ё ба шавҳар баромадани духтарон мебошад. Ҳамчунин касод будани маблағи буҷаи оилавӣ барои таъмин намудани кӯдакон бо сару либос, таҷҳизоти мактабӣ низ сабаби ба мактаб нарафтани онҳо мегардад. Илова бар ин яке аз сабабҳои дигар ин дур будани мактабҳои миёнаи умумӣ аз қишлоқҷойҳо (баъзе қишлоқҳо аз мактаб қариб 1-4 км дур ҷойгиранд), набудани нақлиёт барои кашонидани хонандагон, бад будани ҳолати роҳҳо, набудани купрукҳои хурди одамгузар ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаи маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки 15 фоиз хонандагони синфҳои 11 аз сабаби набудани мактаби таҳсилоти умумӣ маҷбуранд, ки барои хондан ба мактабҳои деҳаҳои ҳамсоя ва ба дигар ҷойҳо раванд. Қариб 11 % мактабҳо дар масофаи 1-2 км ва 45 % мактабҳо дар масофаи 3-4 км аз ҷои зисти хонандагон дур ҷойгир мебошанд.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад