Таъминоти муассисаҳо бо компютер. Шаклҳои нави идоракунӣ.
То имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии марказу деҳот 346 адад компютер, 48 адад принтер мавҷуд аст, ки он барои таълимӣ хонандагон нокифоя аст. Дар асоси Барномаи компютер-кунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омода карда шудааст, ки дар солҳои 2008-2015, 20 нафар хонандаи синфҳое, ки аз фанни технологияи информатсионӣ таълим мегиранд бо 1 адад компютер бояд таъмин карда шаванд. Вале таъмини мактабҳо бо компютер маблағи калонро талаб менамояд, ки барои ҳалли ин мушкилот ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ зарур аст. Мушкилоти дигари асосӣ дар он аст, ки аксарияти мактабҳои марказ ва деҳот дар фасли тирамоҳу зимистон бо печҳои аловӣ гарм карда мешаванд. Солҳои пеш қисме аз мактабҳо бо системаҳои гармидиҳии буғӣ гарм карда мешуданд, вале онҳо бо сабаби солҳои зиёд истифода нашудан дар шароити кунунӣ аз кор баромадаанд. Ҳамзамон аз сабаби набудани маблағ барои сохтмони мактаб то имрӯз мактабҳо дар хонаҳои шахсӣ фаъолият мекунанд, ки ба ин дохил мешавад мактаби таҳсилоти ибтидоии № 24 деҳаи Хирготарош филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 19 дар деҳаи Ғуломобод ва филиали № 18 дар деҳаи Хуҷаи Нур.
Шаклҳои нави идоракунӣ.
Тибқи қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004 таҳти № 441 “Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мӯъминобод” аз 1 январи соли 2008 дар ноҳия 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронида шуданд. Буҷети мактабҳо дар асоси меъёрҳо барои як хонанда ва мактаб ташаккул дода мешавад. Дар хазинадории Раёсати молияи ноҳия барои маблағгузории ҳамаи муассисаҳои таълимӣ суратҳисобҳои алоҳида кушода шудааст. Баҳри татбиқ намудани ислоҳоти соҳаи маориф, мақсаднок ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ, назорат ба рафти иҷрои ислоҳот аз рӯи дастурамали хароҷот ба як хонанда аз ҷониби Лоиҳаи омӯзиши босифати USAID таи ин солҳо чандин чорабиниҳо гузаронида шуд. Лоиҳа аз моҳи апрели соли 2008 сар карда бевосита ба шӯъбаи маориф, раёсати молия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаштан ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) кӯмаку дастгирии техникӣ намуда, мутахассисон ва муҳосибони ин муассисаҳоро бо маводҳои корӣ (қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Вазоратҳои маорифу молия, низомномаи баҳисобгирии муҳоси-бавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва бо дигар маводҳои зарурӣ) таъмин менамояд. Аз ҷумла дар ин муддат барои муҳосибони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Баҳисобгирии муҳосибавии амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ва барои директорони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Менеҷменти молиявӣ” семинар-тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд, ки он барои баланд бардоштани дараҷаи донишу малакаи директорон ва муҳосибон мусоидат намуд. Аз соли 2007 дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (ташкилоти ҷамъиятӣ) фаъолият менамоянд, ки ин вазъи таълиму тарбияро беҳтар намуда, имкониятҳои ин муассисаҳоро васеъ мекунад. Маблағҳо аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони алоҳида ва корхонаю ташкилотҳои хайрхоҳ тавассути ин ташкилотҳо ба мактаб ворид карда мешаванд, онҳо инчунин ба дуруст ва мақсаднок сарф карда шудани ин маблағҳо мунтазам назорат менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сол аз сол маблағгузории ба соҳаи маориф зиёд шудаистодааст,ки ин барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи муассисаҳои таълимӣ, харидории мизу курсӣ, таъмири ҷорӣ, хароҷотҳои вобаста ба фаъолияти хоҷагидорӣ, баланд бардоштани такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳо мусоидат мекунад. Ба 55 муассисаи таълимӣ тӯли солҳои 2009-2011 ба андозаи 20800,9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст (аз ҷумла, соли 2009 6346,6 ҳазор сомонӣ; соли 2010, 7324,6 ҳазор сомонӣ ва соли 2011, 7129,2 ҳазор сомонӣ). Иҷроиши буҷет ба ҳисоби миёна дар ин се соли охир 102 %-ро ташкил медиҳад.
Диаграммаи иҷроиши буҷет.
Гарчанде, ки маблағгузории солҳои охир тамоюли афзоишро дошта бошад ҳам, мутаассифона барои пурра бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдоштаи афзалиятноки соҳа нокифоя аст. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ муассисаҳои таълимӣ бояд фақат ба маблағҳои буҷети давлатӣ умед набаста, балки ба маблағгузории бисёртабакавӣ гузаранд, яъне аз ҳисоби ташкил кардани таълими иловагии пулакӣ, гузаронидани курсҳо барои дохилшавандагон ба мактабҳои олӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташкил ва рушди инфрасохтор аз ҳисоби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хусусие, ки буҷети муассисаҳои таълимиро ғанӣ мегардонанд. Ҷиҳати самаранок ташкил намудани ислоҳоти маориф дар доираи Барномаи рушди ноҳия тадбирҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст: а). Маблағҳои истифоданашуда дар соли буҷетӣ ба худи ин муассисаҳо баргардонида шаванд; б). Ҳаҷми маблағгузории мактабҳо вобаста ба талаботҳои стандарти давлатӣ муайян карда шавад; в) Ҳангоми таҳия ва ҳимояи буҷет намояндагони муассисаи таълими (аз буҷет маблағгирандаро) ба ҳайати гурӯҳи корӣ шомил карда шавад.
Мушкилотҳои мавҷудаи соҳаи маорифи ноҳияро ба таври зайл шарҳ додан мумкин аст:
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|