Главная > Молия > Маҷлиси ҷамбасти соли 2017 -и муҳосибони ташкилоту Муассисаҳои буҷетии ноҳия аз 18 январи соли 2018

Маҷлиси ҷамбасти соли 2017 -и муҳосибони ташкилоту Муассисаҳои буҷетии ноҳия аз 18 январи соли 2018


9-02-2018, 18:11. Разместил: adminn

                                            Маҷлиси ҷамбасти соли 2017 -и муҳосибони ташкилоту Муассисаҳои буҷетии ноҳия аз 18 январи соли 2018 

Сардори раёсати молия Азиззода Қ кори маҷлисро оғоз бахшида, оиди мақсади гузаронидани маҷлис гуфта гузашт ва ба иштирокчиёни маҷлис оиди озодона суолу ҷавоб намуданашон доир ба масъалаҳои рузномаи маҷлис таъкид намуда хоҳиш намуд, ки аз маҷлиси имруза манфиате бардошта бошанд.

Сардори Раёсат дар оғози баромадаш Паёми сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017-ро барраси намуда, ба ҳозирин таъкид намуданд, ки ҳар яки мову Шумо вазифадорем, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро омузем ва ҷиҳати амали намудани вазифаҳои дар он зикр гардида нақшаю чорабини таҳия намуда, самту ҳадафҳои Паёми сарвари давлат ба маҷлиси Олии кишвар-ро сармашқи кори худ намуда барои осудагии мардум ва бештар намудани шароити иҷтимоии мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон саҳмгузор бошем, инчунин ба кормандони соҳаи иқтисодии ноҳия таъкид намуданд, ки баҳри мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети, сифатнок иҷро намудани нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2018, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва дарёфт намудани манбаҳои нави андоз, пардохт намудани моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла: музди меҳнат, фонди нафақа, идрорпули, ҷубронпули ва дигар хароҷотҳои комуналли кушиши ҳама ҷониба ба харҷ диҳанд ва ҳадафҳои стратегии дар паёми сарвари давлат барраси гардидаро роҳнамои кору фаъолияти худ созанд.

Аз руи масъалаи якуми рузномаи маҷлис сардори раёсати молия Азиззода Қ суханрони намуда, таъмини иҷроиши буҷети маҳаллии ноҳияро дар соли 2017 ба маълумоти ҳозирин расонид, ки қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳаҷми 104 % ва қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия бошад 99 % таъмингардидааст, сипас дар бораи интизоми меҳнат ва интизоми молияви суханрони намуда, ба муҳосибон таъкид намуд, ки доир ба риоя намудани интизоми меҳнат ва интизоми молияви нисбат ба дигар кормандон намуна бошанд ва таъкид намуд, ки дар кори ҳисобу китоб ҷидди муносибат намуда ба пайдо гардидани қарзи андоз, фонди нафақа ва дигар пардохтҳои ҳатми роҳ надиҳанд, Сардори Раёсат дар бораи пешниҳод намудани ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солонаи муҳосибони ташкилоту муассисаҳо суханрони намуда, ҳисоботҳои ташкилоту муассисаҳоро ғайри қаноатбахш баён намуд, ки кормандони ҳисобу китоб дар ҳамаи соҳа бояд фаъол бошанд ва интизоми хуби молияви, меҳнати дошта бошанд нисбати шахсоне, ки аз уҳдаи кор намебароянд ва нисбати кор хунукназарона муносибат менамоянд таъкид намуд, ки беҳтар мешавад, дигар кормандонро асабони накарда ба коре машғул шаванд, ки аз уҳдааш баромада тавонанд.

Инчунин роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Раҳимзода С зимни баромадаш оиди ҳадафҳои Паёми сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 суханрони намуданд, ҳаминтариқ Сардори нозироти андози ноҳия Ғаниев Ҳотамшо баромад намуда оиди ҳамкории зич намудан бо муҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо мақсади беҳтар гадидани кори ҳисобу китоб ва бо сифат иҷро гардидани нақшаи андозҳои маҳаллии ноҳия ба иштирокдорон маслиҳатҳо доданд.

Ҳамин тариқ сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии Раёсати молия Холов Ҷ аз руи масъалаи якуми рузномаи маҷлис баромад намуда, бобати риоя намудани интизоми меҳнат ва низоми молиявӣ ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо таъкидҳо намуда, инчунин барои дар соли 2018 фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияро оғоз намудан пешниҳод намудани воҳидҳои кори бо музди меҳнати моҳона ва солона, тартиб додани руйхатҳои тарифии омузгорон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷети, бастани шартнома бо кормандони техники ва ёрирасон мувофиқи меъёрҳои тасдиқшуда ва пешниҳод намудани руйхатҳои воҳидҳои кории холиро ба муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия таъкид намуд. Инчунин сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлати Холов Ҷ мувофиқи талаботҳои Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии молу мулк ва воситаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо мақсади таъмин намудани фаъолияти оинномавӣ ба муассисаи таълимӣ бинову иншоот, таҷҳизот ва дигар молу мулки заруриро ба маълумоти муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия расонид.

Ҳамзамон дар маҷлис доир ба тартиб додани руйхати тарифии соҳаи маориф ва тандурусти аз ҷониби Сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлати Холов Ҷ ва иқтисодчии соҳаи тандурустии ноҳия Ҷобиров Қурбонали корҳои амали гузаронида шуд.

Сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳия Мирзобаротов Т дар баромади худ рафти пешниҳод намудани ҳисоботҳои солонаи ташкилоту муассисаҳои ноҳияро мавриди барраси қарор дода, муҳосибони Муассисаи №11 ва Муассисаи №33-ро барои пешниҳод накардани ҳисоботҳояшон мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин Ташкилоту муассисаҳое, ки барои барномаи SGB. net бо компютер таъмин карда шуданд ва дар барнома то санаи 18 январи соли 2018 пайваст нагардиданд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд ва аз ҷониби Сардори раёсати молия Азиззода Қ барои дар кутоҳтарин муҳлат пайваст шудан ба барнома дастур дода шуданд.

Ҳамин тариқ натиҷаи таҳлили мутахассисони шуъбаи назорати дохилӣ ва аудити Раёсати молияи минтақаи Кулоб дар ташкилоту муасссаҳои ноҳия гузаронида шуда буд, мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳия Сафаров И, муҳосиби Гимназияи "Боғи Ҳабиб” Гулов Д, ва муҳосиби Муассисаи №14 Тешаев М нисбати хатогиҳои дар фаъолияти молияви ва иҷроиши харҷномаи ташкилоту массисаҳояшон ошкор гардида, Сардори раёсати молия Азиззода Қ изҳори нигарони намуданд.

Дар охир Сардори Раёсати молия Азиззода Қ ба ҳамаи иштирокчиёни маҷлис дар корҳояшон мувафақиятҳо орзу намуда, дар корҳояшон бурдбориҳо таманно намуд.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад