Главная > Молия > Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )


15-05-2015, 22:33. Разместил: adminn
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )
М А Ъ Л У М О Т Н О М А

*АЗИЗОВ ҚОДИР МАҶИДОВИЧ

*аз 16 майи соли 2013 дар мансаби сардори Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод кор мекунад

*Соли таваллуд 10 феврали соли 1962 *Ҷойи таваллуд ноҳияи Муъминобод

*Миллат тоҷик *Маълумот олӣ

*Соли 1991 омӯзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, соли 2013 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ѓоибона) хатм кардааст

*Ихтисос молия ва иқтисод

*Унвони илмӣ надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ.

Вакили халқ ҳаст ё не ҳа

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

*Вазъи оилавӣ оиладор

*Суроѓа ноҳияи Муъминобод, деҳаи Момандиён

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1984-1986- Дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар хизмати ҳарбӣ
Солҳои 1986-1994- Муҳосиб-хазиначи Ҷамоати деҳоти Кулчашма, ноҳияи Муъминобод
Солҳои 1994-2008- Сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кулчашма, ноҳияи Муъминобод
Солҳои 2008-2014- Сардори шуъбаи хазинадори Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод
Аз майи соли 2013 Сардори Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод
то ҳоло-


Тақсимоти
Маблағҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )

Фаъолияти бонкҳо.

Дар инкишофи соҳибкорони хурду миёна фаъолияти бонкҳо мавқеи хосаро ишғол менамояд. Айни ҳол дар ноҳия филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», Бонки давлатии амонатгузорӣ, Амонатбонк, ҶСП «Тоҷпромбонк» фаъолият доранд.
Дар баробари ин ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба монанди ташкилоти хурди қарздиҳи аввалин Финка, Ҳумо ва ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оксус» фаъолият доранд, ки ба амалиётҳои бонки машғуланд. Фаъолияти бонкҳои ноҳия ба талаботи дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 мутобиқ гардонида шуда, баҳри амалӣ намудани Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар ҳамаи бонкҳои ноҳия нуқтаи ивази асъор фаъолият менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ноҳия бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат медиҳанд.
Барои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бахшу шӯъбаҳои бонкҳои дар давоми соли 2010 ба маблағи 5 млн сомонӣ ва дар давоми соли 2011 ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ва соли 2012 бошад 8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ дар ин давра ба маблағи 11,7 млн. сомонӣ қарз дода шудааст. Ин қарзҳо барои истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, овардани маҳсулоти ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва роҳкирои муҳоҷирони меҳнатӣ дода шудааст. Инчунин хизмати бонкҳои мазкур дар кори ба аҳолӣ бо пули нақди асъори хориҷи бозпас додани маблағҳои ғайринақдии аз мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол дода шуда қобили қайд аст ва дар 11 моҳи соли 2012 ба маблағи 6 млн. доллари ИМА ва 22 миллион рубли Федератсияи Руссия ба сокинони ноҳия дода шудааст. Ҳарчанд ҳаҷми умумии қарзҳои бонкӣ ба мизоҷон солҳои охир афзудааст, лекин фоизи онҳо хеле баланд буда, ҳамчунин мӯҳлати баргардонидани онҳо кӯтоҳ аст. Ин бошад барои таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ имконият намедиҳад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ элементи аввалин дараҷаи дигаргунсозиҳои давраи гузориш ва иқтисодиёти бозоргонӣ буда барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо, мӯътадилсозии молиявӣ бо ҷойҳои нави кори таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмоли равона шудааст.
Ҳамзамон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия дар соли 2013-6312 ҳазор сомонӣ, соли 2014-6532 ҳазор сомонӣ ва соли 2015-7120 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ чашмдошт гардидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2013-2015» аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ (ҳаз сомонӣ )


silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад