Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Хабарҳои охирин
» » ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ

ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ

0
Илова: adminn, 9-09-2015, 10:09 | Дида шуд: 253
ОБОД  КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ


ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ


Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон.


Муъминобод, як порча аз хоки Хатлони бостон ва Ҷумҳурии азизу муқаддаси Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯ ба инкишофу тараққиёти бемайлон дорад.
Мардуми ноҳия бо дили пур аз меҳру ихлос аз пайи ободию пешрафт, созандагӣ, таъмини барномаҳои давлатӣ кӯшиш дошта, дастовардҳои назарраси қобили қабулу ифтихорро ба даст овардаанд.
Метавон гуфт, ки барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки ба корҳои бунёдкорию созандагӣ даст дошта бошем.
Зеро илми муосир собит сохтааст, ки иқтисодиёти қавӣ рӯзгори мардумро беҳбудӣ ва сабади истеъмолиашро ғанию рангоранг месозад.
Ба ин ният барои инкишофи соҳибкории хурду миёна бо ҳидоятҳои ватанхоҳонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия фазои муносиби рушд муҳайё карда шуд.
Мусаллам аст, ки барои рушди соҳибкорӣ дар маҳал бонкҳо нақши калидӣ ва бориз доранд. Дар ноҳия имрӯз филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Фононбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», Бонки давлатии амонатгузори «Амонатбонк», ташкилотҳои хурди қарздиҳии «Ҳумо», «Финка» ва «Оксус» дар хизмати рушди соҳибкорӣ қарор доранд.
Ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли равон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда ба маблағи 7 миллиону 75 ҳазору 687 сомонӣ қарзҳои хурду миёна дода шудааст, ки ба соҳаи кишоварзӣ 69 фоиз рост омадааст.
Ба соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудани 69 фоизи қарзҳои бонкӣ ба он асос гардид, ки то андозае шӯҳрати пештараи картошкапарвариро дар ноҳия аз нав бо дили пур эҳё намоем.
Мо дар ҳамкорӣ бо мардум эҳёи боғу токзор ва ба бозорӣ ҷаҳонӣ роҳ ёфтани меваҳои хуштамъу лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи муъминободиро ҷустуҷӯ дорем ва ин нияти созандаро низ амалӣ хоҳем кард.
Бо мақсади интиқоли меваи хушку тар ба ноҳияи Ашт, Исфара, Истаравшани вилояти Суғд шартномаи ҳамкорӣ дорем ва ба имрӯз 560 тонна меваи хушк содирот карда шуд. Соҳибистиқлолӣ барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ асосҳои воқеӣ гузошт.
Дар сиёсати идоракунии хеш дар маҳал дар мадди аввал дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо, кумитаҳо, раёсатҳову мақомотҳои марбутаи алоқаманд иҷрои муҳлатноки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, №564 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014-2019»-ро заруру саривақтӣ медонам. Амалисозии ин Нақшаи ҳаётан муҳим натанҳо барои мардуми Муъминобод, балки барои минтақаи Кӯлоб ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон арзишманду манфиатбахш хоҳад буд.
Бо амалишавии Нақша, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо гардида, роҳҳои рафту омад ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ ва зиндагии шоистаи мардум, ки маҳаки сиёсати давлатдории навин аст таъмин мегардад.
Бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамзамон 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ноҳия иҷрои мақсаднок доранд.
Тавассути ин лоиҳаҳо дар маҷмуъ бештар аз 1,8 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда хоҳад шуд.
Дар ин росто метавон гуфт, ки танҳо тавассути лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон 53 адад трактор ва 314 мошин олотҳои кишоварзӣ ба ноҳия ворид карда шудааст, ки манфиати онҳо айёну рушан аст.
Бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ баёнгари ободию пешрафтанҳо буда, ба ҳусни маҳалу диёр ҳусн меафзоянд.
Сохтмони мактабҳо дар деҳаҳои Фурӯзоба, Садбаргоҳ, Момандиён, Шаҳрак, хонаи 32 ҳуҷрадор, варзишгоҳ, қалъаи Муъминобод, барқарорсозии осоишгоҳ, беморхонаи минтақавӣ, осоишгоҳи Чилдухтарон, корхонаи дӯзандагӣ, ҳаммом, филиали «Тоҷиксодиротбонк», кашидани хати оби нӯшокӣ, барқарор ва мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Олимтой, Кулчашма, Шаҳбача, Кӯли Ҳаётбек, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Дашти калон ва Лиҷаки боло ба тариқи ҳашар идома доранд.
Дар самти меъморию сохтмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда айни замон бо маблағҳои мутамарказ дар 12 иншоот корҳои сохтмону васлгарӣ идома дошта, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ меҳмонхона барои 40 ҷой дар маркази ноҳия, 6 нуқтаҳои савдо, 2 коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуда истодаанд.
Бунёди нуқтаҳои маданӣ маърифатӣ, савдо ва фарҳангӣ идомаи босубот доранд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар доираи омодагиҳо ба рӯзи истиқлолият ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 173 миллиону 598 ҳазору 500 сомонӣ баробар карда шуд.
Тавассути мусоид омадани боду ҳаво, ташкили меҳнати босуботу аҳлона, бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар оиди ҳавасмандгардонӣ ва таъмини қарзҳои имтиёзноки бонкии рушди кишоварзӣ тавонистем, ки ҳосили дилхоҳро ба даст биёрем.
Мутобиқ ба ҳисоботҳои рӯз ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ғаллазор 25,5 сентнерӣ ва картошка бошад ба имрӯз 230 сентнериро дар бар мегирад, ки ҳадди ниҳоӣ набуда, ҷамъоварӣ дар ҳарду бахш идома дорад.

Боис ба ифтихору қаноатмандии беҳудуд аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳифаҳои рангини ноҳия саҳифаи наву нотакрор кушодани роҳи деҳоти Чилдухтарон то маркази ноҳия бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Амонулло Саъдуллоев оғоз карда шуд, ки бешак ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаҳои хуфтаи мардуми ин сарзамин буд.
Зеро роҳсозию роҳкушоӣ беҳтарин фазилати инсонӣ буда, ҳазорсолаҳо эҳтиёҷоти мардумро ба ҷо оварда метавонад. Роҳ пайвандгари наслҳову асрҳо буда, мардумро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба мардум пайвандгар аст.
Дар арафаи таҷлили рӯзи Истиқлолият азнавсозии кӯчаҳои шаҳрак оғоз гардида, бо ҷалби маблағҳои мутамарказ ки 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил менамояд, дар ду кӯчаи шаҳраки Муъминобод тахту ҳамворкунии роҳҳо дар масофаи бештар аз 1 км идомаи муваффақона дорад.
Пешопеши ҷашни фархундаи миллӣ 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи саиду фаррухпай дар ноҳия боз 11 адад иншоотҳои нави иҷтимоӣ мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуданд, ки аз ин иншоотҳо 6 адад ба соҳаи маориф, 1 адад ба тандурустӣ ва боқӣ ба дигар хизматрасониҳо нигаронида шуда, дар маҷмуъ 4 миллиону 511 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳанд, ки хеле хуб аст.
Соҳаи саноати ноҳия, ки метавонад, дар оянда боиси ғанигардонии сабади истеъмолӣ бошад рӯ ба инкишофу пешравӣ дорад.
Дар арафаи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Нақшаи генералии маркази ноҳия аз ғамхориҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисодию иҷтимоии аҳолии ноҳия башорат медиҳад.
Бо амалигардонии Нақшаи генералӣ маркази ноҳия симояшро дигар намуда, ободтару замонавӣ мегардад.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Обод кардан суннати деринаи мост. Мо ин ватанро бо дасту дилу нияти пок обод хоҳем кард.


Раиси
ноҳияи Муъминобод
Амиршозода Тоҳирхон
Темур


silvenpsp.rusferurezki.ru
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.