Главная > Наклиёт ва хочагии рох > Нақлиёт ва роҳҳо.

Нақлиёт ва роҳҳо.


8-05-2015, 15:44. Разместил: adminn
Нақлиёт ва роҳҳо.


Нақлиёт ва роҳҳо.

Алоқаҳои дохилӣ ва берунии нақлиётию иқтисодӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ амалӣ гардонида мешаванд. Барои ноҳияи Мӯъминобод рушди робита бо шаҳри Душанбе ба воситаи роҳҳои автомобилгарди Мӯъминобод-Кӯлоб-Душанбе ва ба маркази вилоят бо роҳҳои Мӯъминобод-Қурғтонтеппа, ки барои баровардани маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ба нақшаҳои истеҳсолӣ ва коркард имконият медихад, муҳим мебошад. Дар хизматрасонӣ нақлиёти ноҳия нақши муҳимро шабакаи роҳҳои маҳаллӣ мебозанд, ки талаботро дар кашонидани борҳои корхонаҳо ва хоҷагиҳои алоҳида ба иҷро мерасонанд ва роҳҳои пайвастшаванда ба шабакаи ассосии роҳҳо ба шумор мераванд. Айни ҳол соҳаи нақлиёт истифодаи умум ва боркашони ноҳия аз ҷониби соҳибкорон пурра амалӣ мешавад. Дар соҳаи нақлиёти автомобили ноҳия зиёда аз 26 нафар соҳикборони инфиродӣ фаъолият доранд, ки аз ин 10 нафар ба боркашонӣ, 7 нафар ба воситаи микроавтобусҳо ва 9 нафар бо нақлиёти сабукрав ба мусофирон хизмат мекунанд, ки талаботи ноҳияро дар ин самт пурра таъмин намекунад.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2012 дар ноҳия 1764 адад воситаи нақлиётҳои автомобили давлатӣ ва шахсӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2010 ба 641 адад зиёд мебошад.
Дар ноҳия терминали мусофиркашонии ҷамъияти саҳомии «Сафар-Музаффар» фаъолият менамояд, ки дар он 11 нафар кору фаъолият менамояд. Мақсади асосии ташкили ин терминал ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмини пешниҳоди хизматрасонии хушсифат дар самти мусофиркашонӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба ин намуди хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар соли 2011 ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар қиёс ба соли 2009 мутаносибан 10,2 ва 15 фоиз афзоиш ёфтааст.

Нақлиёт ва роҳҳо.


Инчунин тибқи нақшаи дурнамо афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ то соли 2015 (дар муқоиса бо иҷроиши соли 2011) мутаносибан 4,5 ва 14,6 фоиз дар назар дошта шудааст. Дар ноҳия Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард амал мекунад. Муассисаи мазкур тобеи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар он 38 коргарон фаъолият менамоянд. Корхона дорои 12 адад техникаҳои роҳсозӣ, нақлиёт ва таҷҳизотҳо мебошад. Аз шумораи умумии техникаҳо 10 ададаш коршоям аст, ки сабаби асосии ин набудани қисмҳои эхтиёти мебошад. Дар мувозинаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мӯъминобод ба 1.01.2012 ҳамагӣ 169.4 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз ин 72.1 км мумфарш карда шудааст. Роҳҳои истифодаи аҳамияти ҷумхуриявӣ дошта 26 км ва роҳҳои аҳамияти маҳаллии 143.4 километрро ташкил медиҳанд. Солҳои охир бинобар набудани маблағи зарури дар аксарияти роҳҳо солҳои дароз (зиёда аз 25 сол) таъмири ҷорӣ ва асосӣ гузаронида нашудааст. Дар натиҷаи истифодабарии фаршӣ роҳ хеле фарсуда шудааст, ки онро бо гузаронидани таъмири ҷорӣ барқарор намудан ғайриимкон аст. Дар бисёр роҳҳо фарши роҳ аз сатҳи замин паст аст, ки дар натиҷаи боришот об ҷамъ шуда, фарши роҳ ва паҳлуҳои онро вайрон месозад. Зиёда аз 15 км роҳи аҳамияти ҷумхуриявӣ доштаи ҷамоатҳои деҳоти Деҳибаланд ва маркази ноҳия, 85 км роҳҳои маҳаллӣ аз ҷумла роҳҳои Кулчашма, Ғеш, Момандиён, Марғак, Деҳлоло ва роҳҳои ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ ниёз доранд, ки ҳамаи ин ба бехатарии ҳаракат дар роҳу нақлиёт мушкилоти ҷиддиро пеш меоварад.
Барои пурра бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар давоми солҳои 2013-2015 тақрибан 9123 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.
Инчунин дар ҳудуди ноҳия 19 адад купрӯк ва 26 адад қубурҳои обгузар мавҷуд мебошанд. Аз 19 купрӯкҳо 9 ададашон таъмирталаб ва 5-тои дигар бошад ба азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Илова бар ин аз 7 кӯпруке, ки дар натиҷаи сар задании офати табиии харобгаштаанд, аз сабаби набудани маблағи зарури то ҳол барқарор карда нашудаанд. Ин мушкилотро дар ҷамоати Ш. Шоҳин деҳаҳои Кулдамон, Фурӯзоба, Шаймирӣ, Кулчашма, Ғеш, Момандиён ва миқёси ҷамоати деҳоти Чилдухтарон мушоҳида намудан мумкин аст.
Мушкилотҳои асосии соҳа:

1.Аз офатҳои табиӣ хароб гаштани кӯпрукҳо;
2.Фарсуда гаштани фарши қисми асосии аксарияти роҳҳои ноҳия;
3.Таъмирталаб будани роҳҳои аҳамияти ҷумхуриявӣ дошта;
4.Корношоям шудани воситаҳои техникии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия.
Ҳадафи асосии соҳа ин беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард ва барқарор намудани купрӯкҳои харобгардида мебошад.
Вазифаҳои асосии соҳа:

1.Барқарор намудани купрӯкҳои аз офати табиӣ харобгашта;
2.Аз таъмир баровардани роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дошта; 3.Беҳтар намудани сифати хизматрасонии автомобилӣ.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад