Главная > Наклиёт ва хочагии рох > Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи деҳоти Чилдухтарон
Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи деҳоти Чилдухтарон15-09-2015, 19:17. Разместил: adminn |
|
Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи деҳоти Чилдухтарон Боздиди Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур дар ҳамроҳӣ бо Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 Маҷидзода Ҷурахон Зоир аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи деҳоти Чилдухтарон баргузор гардид. Раиси ноҳия Амиршозода Т, Т ва Вакили мардумӣ дар Парлумони кишвар Маҷидзода Ҷ. З аз рафти корҳои сохтмони изҳори қаноатмандӣ намуда ба сохтмончиён саломатию барори кор орзу намуданд. Ҳамчунин бо дастури раиси ноҳия сохтмончиён ҳар рӯз бо хӯроки гарм дар ҷои кор таъмин карда мешаванд. Менеҷери госпитали ноҳия ва Кумаки аввалияи тиббии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки аз вазъи саломатии сохтмончиён бохабар бошанд. Аз Дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод иттилоъ дода шуд silvenpsp.rusferurezki.ru Вернуться назад |