Пешгирии зуроварӣ дар оила.
Пешгирии зуроварӣ дар оила.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун яке аз аркони ҷомеа таҳти муҳофизати давлат қарор дорад .
Ҳанўз 19-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» қабул ва мавриди амал қарор гирифта буд.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оиларо ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муаян менамояд. Ҳадаф аз қабули Қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамьияти мебошад .
Танзим ҳуқуқии муносибтҳои вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ин масъала, ташаккули вазьи токатпазирии ҷомеа нисбат ба ин падидаи номатлуб, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зуроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муҳтавои қонуни мазкурро ташкил мекунанд .
Гуфтан ба маврид аст, ки мафҳуми «Зуроварӣ» маънои васеъ дошта, бо инъикоси истифода гардидани қуваи ҷисмонӣ дар муносибатҳои оилавӣ маҳдуд намешавад. Яъне, зуроварӣ хамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ шаклҳои гуногуни худро доро аст, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ метавонад ба зиндагии орому осуда халал ворид намуда, сабаби пошхурии оила ва ятиму бесаробон мондани тифле гардад.
Мутаассифона , рўз то рўз камшудани самароноки чораи мазкур аён мегардад.
Хатто у сули «Хона ба хона», ки аз ҷониби масъулин амаль мегардад, аксар вақт ба девори ҷаҳолат ва фаҳмишҳои нодурусти оилаҳои ҷавон таъсири ақидаҳои ифротӣ ва ғалати динии хусуру хуштоман ва наздикону хешовандон ру ба ру мешаванд.
Хусуру хуштоман фаромуш мекунанд, ки онҳо канизи хонавода не, балки ба узвияти оилаи худ як нафари дигарро қабул карданд, ки ҳамчун инсон ҳуқуқи озодиҳои худро дорад. Ҳаминмавр, модди 32-и Кодекси оила Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои баробар доштани зану шавҳарро дар оила муқарар намуда, интихоб озоди шуғл, касб, намуди фаъолят , икоматгоҳ ва маҳали буду бошро кафолат додааст. Инчунин тибқи банди 3-и моддаи мазкур аъзои оила вазифадоранд, ки муносибалҳои худро дар оил дар асоси эҳтирому кўмаки якдигаро ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба неку ахолӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.
Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамьият ҳимоя мекунад. Вале фишанги асоси ҷиҳати ҳалли мушкилот дар дасти зану шавҳари ҷавон аст .
Агар ин ду нафар ба василаи кор гирифтан аз аҳли солим бо ҳамдигар дар ҳалли масъалаи зиндагӣ ҳамақида ва ҳаммаслақ шаванд, имконияти аз байн бурдани хушунати дар оилаҳо ба маротиб зиёд мешавад.
Дар сурати баръакс дар самти амали намудани муқаррароти қонунҳои амаликунанда ва санадҳои ҳуқуқи, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди оила. ҳамчун рукни ҷомеа монеаҳо пайдо шуда ,дар назди, ҷомеа суолҳои бепосух боқӣ хоҳад монд.
Директори муассисаи таълимии №5 н.Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru