ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ҲНИ ДОҒИ ХУДРО ДАР ҶОМЕА ГУЗОШТ
Илова кард: adminn14-11-2019, 16:57---

Сарнавишти ислом баъди хилофати чорёрон дучори равия ва мазҳабҳои гуногуни ифротгаро гардид, ки дар тулии давраҳои гуногуни таърихӣ ҳазорҳо одамони солимақли бегуноҳро ба доми худ фурӯ бурд. Душманони дохилӣ ва берунӣ одамони бузурги замонро ба мақсади аз байн бурдан ба гурӯҳи ифротгароён шомил медонистанд.

Дар охирҳои асри 20 дар Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон бо пайдо шудани равияи «Наҳзати ислом» оромии ҷомеа оҳиста оҳиста аз байн рафтан гирифт. Намояндагони асосии ин равия дар замони Шуравӣ (СССР) боздошт шуда. тарафдоронашон ба ҳар сӯ пароканда шуданд. Бо барҳам хӯрдани Ҳукумати Шуравӣ ин гурӯҳ аз нав ба по хест ва муқобили ҳукумати қонунии кишвар муборизаро оғоз кард. Душманони дохилӣ ва берунӣ аз ин вазъият сӯйистифода карда оташи ҷангро миёни ин ду қувва афзун менамуданд. Дар натиҷа муноқишаҳои миллии дохили кишвар сар шуд. Тоҷикистонро хатари нестшавӣ фаро гирифта буд. Қувваҳои беруна ҳарчи метавонистанд вазъиятро ноором карда корро ба манфиати худ анҷом диҳанд. Муқобили ҳукумати қонунӣ «наҳзатиён» тарҳрезӣ шуда, аз тарафи душманони миллати тоҷик дастгирӣ меёфтанд. Вазъият ниҳоят ноором ва муташаниҷ гардид. Зарур омад, ки сесияи навбатӣ даъват шаваду чораҳои халос ёфтан аз ин вазъиятро бинанд. Оқибати сесияи 16-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ даъват шуду абармарди шуҷои таърих ба сари қудрат омад. Вазъият ҳанӯз ноором буд, ашхосе миёни силоҳбадастони ду ҷониб буданд, ки аз рӯи кинаю адуват ва ҳасудиву бадбинӣ баъзе одамони бегуноҳро нобуд мекарданд. Саъю кӯшиши Ҷаноби Олӣ ҳарчи тезтар сари роҳи ин муноқишаҳои дохилиро гирифтан буд, ба ҳамин хотир роҳи сулҳу ваҳдати миллиро пеша кард. Ин абармарди ҷасуру далер ҷони худро дареғ надошта, дар чандин гуфтушунидҳо бо мухолифин, ки дар мавқеи хатарнок баргузор мегардид, иштирок кард, то мардуми кишварро аз вазияти ногувор наҷот диҳад. Ниҳоят бо талошҳои сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 созишномаи Ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Онҳо имконият пайдо намуданд, то ҳизби худро ба тариқи қонунӣ дар мамлакат таъсис диҳанд. Наҳзатиён сафи худро ба ҳар восита меафзуданд.

Ин давраи таърихӣ қурбонии «мағзҳо»-ро ба амал овард, ки аксарияти олимони бузурги соҳаи илмро аз байн бурданд. Фирори «мағзҳо» низ дар Ҷумҳурӣ афзуд. Аз ин вазъияти ногувор баъзе олимону донишмандон, мутахассисони соҳаҳои гуногун хориҷ аз кишвар рафтанд. Ҳисси ҷоҳталабӣ ва мансабпарастӣ афзуд. Тамоми тоифа кӯшиш менамуд, ки мансаберо ишғол намоянд. Онҳо ба хотири ба мақсад ноил шудан тамоми имкониятҳоро истифода мебурданд. Баъзе одамони бегуноҳи давр, тарафдорони аслии ҳукумати қонуниро ба гирдоби дарёи тӯҳмат гирифтор мекарданд ва доғи «наҳзати ислом»-ро ба гардани онҳо мезаданд. Ҳамин буд, ки ин доғ дили чандин одамони поквиҷдони ҷамъият, тарафдорони ҳукумати қонуниро ҳунӯз реш-реш мекунад.

Имрӯз баъди Истиқлолияти давлатӣ ношукрон ва нотавонбинони миллати тоҷик, носипосони кӯрнамаки давлату миллат ҳанӯз теша ба решаи худ мезананд, ҳанӯз ба хотири мансабе одамони содиқи Ватанро бо ҳар баҳона ва восита бадном месозанду шаъну эътибори эшонро паст мезананд. Чаро ин гуна касон аз таърихи на чандон дури миллати хеш огаҳ нестанду ибрат намегиранд? Нусратулло Махсуму Шириншоҳи Шоҳтемур, Нақибхон Туғралу дигар ватандӯстони ҳақиқии миллати тоҷик дар замони Шуравӣ қурбони ҳамин тӯҳматҳои душманони дохилгашта буданд. Баъди Истиқлолияти давлатӣ кушта шудани як қатор олимону донишмандон, афсарону роҳбарони қудратии тоҷик чун Муҳаммадҷон Осимӣ, профессор Исҳоқӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев ва дигарон дасти ҳамин дасисабозони наҳзатӣ буданд, ки ба хотири мансабе ба миллати худ хиёнат намуданд.

Ин сатрҳои боло, ки шамае аз таърихи гузаштаи тоҷик буд ва борҳо ба таври муфассал дар матбуоти даврӣ, асарҳои шоирону нависандагон баён шудаанд, моро водор месозад, ки ҳушё ва зиракиро асло аз даст надиҳем ва ин камбудиҳои таърих бори дигар такрор нашаванд.

 

 

Абдусамад Қурбонов,

омӯзгор аз МТМУ-и №49

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте