| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Мусулмони асил ба ягон намуди Ҳизб ниёз ва эҳтиёҷ надорад. Бисёр мушоҳида кардем, ки мусулмонҳо барои даъват ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона чи роҳҳоро истифода намбурданд. Аммо дар асл маълум гадид, ки душманони ашадии дин ва ислом худи онҳо мебошанд.Мардумро ба ҳизб ва ҷиҳод даъват намуда, онҳоро зери маломат қарор медиҳанд ва худ пайи ба даст овардани мансаб ва ё маблаҳои молӣ мебошанд. Барои мардуме, ки ба дин ва Худои худ саҷда мегузорад, чи ҳоҷати ҳизбу ҳаракат ва дигар амалҳои ноҷавонмардонаи ғайридиннӣ мебошад. Ин озодие, ки мардуми имрузаи тоҷик дорад, падару бобоёни мо орзуи ўро чанҳо аср интизори мекашиданд. Ёд дорам ҳолатҳоеро, ки як нафар навбатдорӣ мекард ва дигарон намоз мехонданд. Барои намоз хонандан ва тоат кардан мусулмонро ҷавобгар ва ё ҷазо медоданд. Имрузҳо бошад, чӣ ? . Мусулмон кадом ҳолате дар куҷое набошад бемалол намозашро адо карда, ҳатто метавонад чи қадаре хоҳад намоз хондан гирад. Ё фарқияти дигарреро байни масҷидҳо мушоҳида кардан айни мудаъо аст. Дар ноҳияи Муъминобод ҳамаги 4 масҷиди ҷомеъи амал мекардад, ки дар ҳар кадоми онҳо на камтар аз 15 то 50 нафариро барои гузоштани намоз меғунҷониданд. Ҳоло бошад, чи агар дар ноҳия 55 адад муассисаи таълимӣ амал кунад, теъдоди масҷидҳои ҷомеъи аз ин шумора хеле зиёдтар мебошад. Ба ҳамаи ин неъмату озодӣ нодидагирӣ набояд кард.
Хоҷаев Валӣ сокини ноҳияи Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru