« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Симои Таҳамтан, симои Курӯши Кабир ва симои паҳлавонони гузаштаву имрӯзи халқи тоҷикро маҳз мо дар корнома ва хизматҳои шоистаи фарзанди хирадманду озодандеши миллат, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пурра эҳсос ва дарк менамоем.
Бо гузаштани аввалин қадамҳои роҳбарии худ ба ин шаҳри азизу муқаддас ба ин шаҳри макони умеду орзуҳои тоҷикони тамоми рӯйи дунё баръало ба чашм мерасад, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон бо файзу нусрати соҳибистиқлоли рӯз то рӯз зеботару ҷавонтар мегардад. Маҳз бо талошу заҳматҳои ин марди наҷиб сафи гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои баландошёна, боғҳои замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш, чандин муассисаҳои таълимии замонавӣ ва боғчаҳои кӯдакона дари худро барои аҳолии шаҳр бо карданд.
Рустами Эмомалӣ дар саховатпешагивю дар накӯкорӣ кунун бо авлоди гузаштаамон Ҳотами Той баробар шудааст. Мисоли равшани ин кӯмак ба ятимону бечорагон, бепарасторон ва маъюбон мебошад.
Дар ин мудати кӯтоҳи роҳбарии худ ин ҷавони оқилу донов а пурмасъулият тавонист, ки симои Душанбешаҳрро ба пуррагӣ тағир диҳад.
Бо хиради азалии худ тамоми урфу одат, ананаҳои қадимаи тоҷикона, ва либоспӯшии миллиро дар шаҳр тавонист, ки ҷорӣ намояд. Бо маблағгузориҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳоло дар шаҳр 8-шабакаи телевизионӣ амал мекунад. Ин шабакаҳо метавонанд, ки ҳаёти ҳаррӯзаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён нишон диҳадАз лиҳоз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе рӯ ба афзоиши аст.
Соҳаи варзишро дастаи Истиқлол, ки бо сардории Рустами Эмомалӣ амал мекунад, номи ҷавонони шаҳри Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар шудааст.
Хулоса, Рустами Эмомалӣ симои тоҷикона дошта, ба кори роҳбарӣ ҷиддӣ рафтор менамоянд. Ғамхору ғамгусори халқ аст. Чунин фарзандонро Ватан талабгор аст. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:
« Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст»