Беш аз 21 сол мешавад, ки мо дар фазои сулҳу оромӣ ҳаёт ба сар мебарем ва баҳри пешрафту тараққиёти кишвар саъю кӯшиш дорем. Бо фазли Худованд Пешвое дорем, ки ҳама талошҳо ва ҷонфидоиҳояш барои осудаҳолии мардум равона гаштааст.
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят як қатор корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт ва муассисаҳои таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин ҳама аз ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ин мардуми диёри кӯҳистон мебошад.
Дар расонаҳои ахбори омма дарҷ гардидааст, ки ҷавонони бекори Бадахшон барои кор дар неругоҳҳо ва дигар ниҳодҳои кишвар ба кор ҷалб мегарданд, ки ин ҳам яке аз иқдомҳои неки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонони ин минтақа мебошад.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъ дар ин вилояти кӯҳӣ тинҷу ором аст ва мардум ба зиндагии муқарарӣ, бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию ободкорӣ ташвиқу тарғиб карда истодаанд.
Бадахшон, ки як пораи хоки Тоҷикистон аст, бо давлати ҳамсоя Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, аз ин хотир Давлату Ҳукумат нисбат ба ин минтақа тавҷҷуҳи зиёд дорад, то ин ки амнияту субот дар он таъмин бошад ва вазифаи асосии ниҳодҳои қудратӣ низ амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин кардан аст, ки хушбахона айни ҳол бо саъю талошҳои шабонарӯзии кормандони ниҳодҳои қудратӣ вазъ дар ин минтақа ором аст.
Ба ҷавонони бонангу баномуси Бадахшон гуфтаниам, ки бо ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва сазовор гаштан ба дастовардҳои бузурги таърихӣ моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи фазои андешаи динӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии давлат ҷидду ҷаҳд намоем. Биёед ҳамагон муттаҳид шуда, дар ободонии Ватани азиз, таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар муқаддасоти худ бикӯшем. Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон тинҷу ором зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, умед ба фардои дурахшони худ кунад.
silvenpsp.rusferurezki.ru