Дар ҷаҳони имрӯза бо одамоне дучор мешавем, ки онҳо ба ашхоси нопок ва бедил монанданд. Дил дар нафаси синаи инсон беҳтарин узв аст. Агар он набошад дигар узвҳо бекораанд. Дил барои шинохи одаму олам аст.
Одамӣ баҳри кори хайр ба дунё омадааст. Имрӯзҳо мебинем, ки бедилон ҳар кори сиёҳеро карда, аз он ифтихор мекунанд. Мегӯянд, ки:
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст. <
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Миллатеро қавмеро ҷанг андохтан бадтарин кор аст. Имрӯз мешунавем алфози "Ту мусалмон”, "Ту кофир”, "Ту шиа?, сунӣ?” ва ҳоказо…
Ҳамин аст, ки хун мерезанду худро одам меҳисобанд. Терроризму экстремизм номҳои бадеанд, ки ба кас шуниданаш нофорам аст.
Мо шогирдонро аз ин мафҳумот огоз кунему онҳоро дар рӯҳияи инсондустӣ тарбияи дуруст намоем. Нагузорем, ки касе фиреби ин гуна нафарони бадхоҳу ифротгарро хӯрда, шомили ҳар гуна гуруҳҳои ҷангҷуй гардад. Зеро инсон беҳтарин махлуқи Худованд аст, ки барои инсон дунёро офарид. Мо бояд ин дунёи ба хотири худи мо бунёд шударо ободу зебо гардонем. Ба эҳтиром ва қадри инсон дар сулҳу субот ва оромӣ бирасем.
Маёзор мӯреро, ки донакш аст,
Ки ҷони ширин бар вай хуш аст.
Эй одамон мо бояд ба қадри ҳам расем, ҳамдигарро дӯст дорем ва дар ободонию сарсабзии Ватан кӯшем.
Мирзокарим Наимов,
директори МТМУ №43.