Главная > --- > Чи гуна тераризмро аз байн бурд

Чи гуна тераризмро аз байн бурд


8-01-2020, 16:02. Разместил: adminn

Таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳим­тарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мав­ҷуда, дар ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Гирифтани хусусияти сиёсӣ ва глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзӯр намоем.

Аввалан ба сарчашмаҳои онҳо зиён расонида, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намудан зарур аст. Дар акси ҳол талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳони дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ бесамар мебошад.Мамлакатҳои олам дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқо­ну­нии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии якдигар бояд бошад.

Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карда мешавад.

 

 

Нуров Барот: Мту № 16

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад