Имрузҳо дар тамоми кишварҳо, хосса кишварҳои исломӣ, гуруҳҳои манфиатҳох ва иртиҷоӣ кушишҳо ба харҷ медиҳанд, ки то фазои сиёси халалдор бошанд. Яъне вазъм ҷаҳони муосир бисёр хассосу печида аст. Гиромидошти мазҳаби ҳанафи, шахсиятҳои барҷаста ва маъруфи олами ислом нашри китобҳои дини тадбирҳое буданд, ки мардум ба мақсади дини ислом дуруст сарфаҳм равад. Пайдо шудани гуруҳҳои иҷтимои ва ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ дар миёни пайравони дини мубини ислом як ҳодисаи номатлуб, инчунин ғайри қобили қабул аз нигоҳи таълимоти ин дин ба ҳисоб меравад.
Тафаккури ифротгароӣ асосан дар натиҷаи ғалат фаҳмидани таълимоти дини пайдо мешавад. Агар онҳо моҳияти динро дуруст дарк намоянд, таълимоти он метавонад, пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро бигирад. Ифротчиён мехоҳанд, ки ба ҳар роҳе, ки набошад сафи пайравони худро зиёд намоянд.
Ҳадафи онҳо фиреб додан ва ба таври (динй) сунъй эхсосоти динии пайравони дини ислом, фиребхурдаҳоро ба дами худ кашанд.
Бояд гуфт,ки дар муқобили чунин фиребкориҳо бояд як қисми руҳонии таҳсилкардаву хушёр мубориза барад, макру найранги ифротиёнро фош созад ва ба ин роҳи ҳамдиёрони худро аз афтодан ба фитна ҳифз намояд.
Хушбахтона, мардуми тоҷик хуб медонанд, ки дини мубини ислом муқобили инсонхои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғypyppo маҳкум менамояд.
Бинобар ин, сокинони кишварро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиамонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан андеша намоянд зеро ба ҳадафҳояшон танҳо инсонҳои таҳаммулпазир мерасанд. Аз ин ру, ба андешаи мо яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомил нашавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳи ва ҳуввияти баланди миллӣ тарбия намудан ва кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.
Директори муассиса №18: Шарифова Ҷ
silvenpsp.rusferurezki.ru