Главная > --- > ТЕРОР ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕАИ ИМРУЗ

ТЕРОР ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕАИ ИМРУЗ


24-05-2021, 15:24. Разместил: admin

Терор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарин муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модериизатсияи ашёи моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё ки даст ба истифодаи зурии канораю ғайриқонунӣмезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне, ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав буда, ҳануз аззамонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣбарои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Ҳатто дар андешаҳои муҳақиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «Террор» дар маънои расмиаш истифода намегардад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба этиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гунгуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Латифов Ҳ.И

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад