Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳоои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терраризм мебошад. Аз оғози ба дастовардани истиҷлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим амнияти мнтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.
Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 мебошад. Имрӯзҳо доир барр афзун ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд, ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Маънои аслии "экстремизм ”, "терроризм” чист ва чӣ гуна намоён мешавад?
Экстремизм аз калимаи франсузии "extremizm” гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, ва як маънои дигараш аз ҳад гӯзаштан аст.
Экстремизм ва тероризм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Калимаи "терроризм” аз калимаи лотинии "terror” гирифта шуда,маънояш "тарс ва ваҳм ” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва терористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд,зеро ки бо ҷавонон бо зудбоварӣ ва сосонӣ онҳо пайрави менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Борои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди диннии шахсон таъсир расонида , шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳмчун узви созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарои)” аз 8-уми декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро ба зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян мекунад. Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор, бо тамоми азму идораи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгири намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.
Директори муассисаи №44 Мусоева М
silvenpsp.rusferurezki.ru