Главная > --- > Ваҳдати ягона.

Ваҳдати ягона.


23-06-2021, 14:49. Разместил: admin

Ба фикри хоми банда барои ба ваҳдати ягонаи асливу асосӣ расидан барои тамоми мардум танҳо муҳаббат лозим аст. Танҳоваҳдату муҳаббат ҳамоҳангӣ байни хоҳишҳои худу хоҳишҳои одамони дигарро ба вуҷд оварда метавонаду халос. Хоҳиши худу дигаронро баробар қонеъ гардонидан, ѓамхорӣ ба якдигар, пуштибониву мадади ҳамдигар аст. Роҳи мо ба сӯи ваҳдат аз дастёбии ваҳдат ба худи мо, ҳамчун шахсияти мукаммал шурӯъ мешавад. Барои ба ваҳдати аслӣ ноил шудан, барои мо ду ҳадафи асосӣ лозим мешавад, гуфтаанд, фозилонамон: "яке барои пешбурди ҳаёту инкишофи шахсиятамон равона шудааст, дувуми ба хидмати одамони дигар алоқаманд буда, баҳри беҳбудии аҳволи дигарон аст. Роҳ ба сӯи ваҳдат аз дарёфти ҳамоҳангии ин ду ҳадаф оғоз меёбад. Роҳи хидмат ба одамони дигарро пеш гирифта, мо ба таври табиӣ характери худро ба сӯи некӣ инкишоф медиҳем. Ба дигарон мадад расонида, мо барои беҳбудии олии худ, кишвар, тамоми инсоният зиндагӣ карда, дар айни замон мо метавонем худро ҳамчун шахсият пурра ошкор намоем, он имкониятҳои нодири эҷодиеро, ки ҳар яки мо дорем, таҷассум созем. Барои ба ин ҳамоҳангӣ муваффақ шудан, ба ин ҳадди ваҳдати ботинӣ расидан ба ғайр аз такомули рӯҳиву маънавӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад, то ки мафҳумҳое чун покӣ, виҷдон, некӣ, муҳаббат ба таври табииӣ ба олами ботинии мо ворид гарданд.” Чунин анъанаро мо аз гузаштагони бофарҳангу бузургамон дида ва омӯхтаем.

Маълум шуд, ки барои хушбахтӣваҳдат аз ҳама асосист, зеро ваҳдат сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он ҳама давлату сарвату тавоноиву зӯрӣ вуҷуд дошта наметавонад. Барои он киваҳдатпадидояд, аввалмуҳаббатзарураст.Дар ҳаёти инсон ба фикри хоми бандақонун ё низомиягонае нест, ки ба сари худ тавонадҳаёти одамротаѓйирдиҳад, ба ҷудоиҳовуихтилофҳохотимабахшад.

Тадриҷан қуввату бузургии ваҳдату муҳаббати ҳақиқиро дарёфта, онро бо оҳистагӣ дар ҳаёт, муносибат бо одамон ҷорӣ намуда, мо метавонем дар рӯҳамон ба ҳамоҳангии ҳақиқӣ бирасем, эҳсоси шодиву фароѓат, қадру қимати ҳаёти худро дарёбем, тавонем ба ҳалли ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ ҷиддан наздик шавем. Он гоҳ дигарон ба мо пайравӣ мекунанд ва ин муҳаббат сарчашмаи ҳаёти ҳамаи маву Шумо мегардад ва душманиву бадбинӣ ва ҷангу ҷидолҳо аз байн мераванд.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад