Главная > --- > Террорро маҳкум мекунем!

Террорро маҳкум мекунем!


13-07-2021, 14:50. Разместил: admin

Терроризм амали нангинест,ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷонҳои ширини худро аз даст медиҳанд. Террористон ба миллату дину мазҳаб мансуб набуда,онҳо амалҳоеро пиёда мекунанд,ки иборат аз куштору сӯхтор,инфиҷор ва даҳшатфиканист.Шурои Амнияти Созмони Милалӣ Муттаҳид бо сароҳат хотирнишон кардааст,ки дар панҷ соли охир аз амалҳои террористӣ ба наздики сесад ҳазор одамон ҷароҳат бардошта,хисороти воридгашта аз амалҳои террористӣ ба як миллиард доллар баробар аст.

Шинос намудани насли наврас бо симои ҳақиқии террористон ва мафҳуми «террор» вазифаи мактабу ҷомеа маҳбус меёбад.Шогирдони мактаб бояд донанд,ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллатҳои дунёанд.

Амалҳое,ки онҳо иҷро мекунанд аз доираи ахлоқу одоби инсонӣ берун буда,ҷомеаи ҷаҳонӣонро маҳкум менамояд. Террористон аксари вақт худро «ҳомӣ»-и ислом муаррифӣ мекунанд,ки ин фикри бофтаю дуруғин буда,дини мубини ислом террор ва амалҳои террористиро маҳкум карда,онро амалҳои шайтонӣ медонанд. Тундравони исломӣ дар нуқоти доғи дунё худкушҳоро «тарбия» карда,он роҳгумзадаҳои фиребхӯрда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,серодам,пойгоҳҳои роҳи оҳан ва ғайра амалҳои интиҳориро иҷро карда ,даҳхо ва садҳо нафарро ба қатл мерасонанд.Имрӯз дар назди мактаб вазифа меистад,ки хонандагон симои ҳақиқии чунин неруҳои аҳриманиро донанду шиносанд.Донанд,ки дар ҷаҳон гурӯҳҳо ва чеҳраҳои манфур бо фанду фиреб ва таблиғоти хасмона ҷавононро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунанд.

Ваъдаҳои онҳо дурӯғи маҳз буда, мақсадашон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу кундзеҳн афзоиш додани сафи гурӯҳои террористӣ мебошад.

Терроризм чун рӯйдоди хавфноку басо зараровари замони муосир ,ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунанд,ҳамсафари доимии одамон гаштааст.Ҳамлаҳои террористӣ хисороти зиёди ҷони оварда ,ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологи, инчунин хисороти молию маънавиро дар пай дошта, барқарории он аксар вақт барои одамон имконнопазир мегардад. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ба гуруҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл ками мекунад. Терроризм , ки баъзан ба он либоси сиёсӣ мепӯшонанд, ин натиҷаи сиёсатҳои бемаъни аст,ки гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан, аз террор истифода кардани мешаванд. Қурбонии терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва рабте надошта бошад гардад.


«Террорро маҳкум мекунем!»

Омӯзгори фанҳои ҷомеашиносии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Рустам Раҳимови ноҳияи Муъминобод

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад