Главная > --- > БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


24-06-2022, 12:52. Разместил: admin
БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба таҷлили 25-уми солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар як қатор ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин иқдом имрӯз аз ҷониби кормандон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯчаи И. Сомонӣ» дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати тозаю озода кардани атрофи муассиса ва пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳашари дастаҷаъмона гузаронида шуд. Дар рафти он аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоӣ атрофии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия аз алафу буттаҳои бегона тоза карда шуда, сабзавот ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Ёдовар мешавем, ки чунин корҳои ободонӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ идома дорад.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад