Абдуллоҳи Раҳнамо
ОЁ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АМАЛӢ ШУДААСТ?
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд
«… бегумон, матну механизмҳои пешбининамудаи ин санади чандзинаӣ шитобу хушбиниву камбуду хомиҳои муайяне низ доштааст, аммо агар на тафсирҳо, балки худи матни имзошудаи Созишномаро асос қарор диҳем, мазмуни он беш аз 90% татбиқи амалӣ худро ёфтааст, ки барои чунин ҳуҷҷату равнадҳои мураккаб нишондиҳандаи хеле баланд аст.»
***
СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АЗ ЧӢ ИБОРАТ БУД ВА ОН ТО КУҶО АМАЛӢ ШУД?
(Пажӯҳиши дақиқи муҳтавоӣ)
***
ВУРУД: ҶАВОБИ ОСОН БА САВОЛИ МУРАККАБ
ВА ПОСУХЕ РӮШАН БА МАСЪАЛАИ ТИРА
Яке аз печидатарин баҳсҳои назарӣ ва амалие, ки дар раванди омӯзиши таърихи сулҳи тоҷикон пайваста матраҳ мегардад, арзёбии сатҳи дар амал татбиқ шудан ё нашудани худи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва муқаррароту талаботи пешбининамудаи он аст. Дар ин боб муҳаққиқони соҳавӣ назарҳои гуногун дошта, доираҳои мухталифи сиёсӣ низ гоҳо талош менамоянд, ки ин масъаларо ба фаҳмиши худ шарҳ бидиҳанд.
Дар як ҷамъбандии мазмуниву методӣ, маҷмуаи дидгоҳу хулосаҳои мавҷуда дар ин мавзуъро метавон ба ду даста ҷудо кард:
Аввал, назарҳои умумии сиёсӣ ё эҳсосӣ, ки асосан муносибати фардӣ ё ҷиноҳии муаллифон бо равандҳои сиёсии гузаштаву имрӯзро баён карда, бештар ҳамчун бахше аз маводи сиёсӣ ва иттилоотӣ ба миён гузошта мешаванд.
Дуввум, хулосаҳои таҳлилию коршиносӣ, ки дар асоси омӯзиши бевоситаи мазмунӣ ва муҳтавоии худи ҳуҷҷатҳо ва ҳодисаҳои раванди сулҳ тадвин гашта, ҳамчун маводи илмию таҳлилӣ барои рӯшан шудани масъала пешкаш мешаванд.
Назару дидгоҳҳои навъи аввал, ки дар фазои сиёсию иттилоотии мо басе фаровонанд, метавонанд ҳамчун мавқеи муаллифон самимӣ, муҳим ва қобили эҳтиром бошанд. Аммо хулосаю таҳлилҳои навъи дуюм, ки дар фазои сиёсию иттилоотии мо басе нодиранд, аҳаммияти махсусан муҳими иттилоотӣ, маърифатӣ ва илмию таърихӣ доранд.
Албатта, гоҳо барои посух ба саволҳо дар бораи сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон танҳо аз тиреза бе берун нигаристан кофист, аммо гоҳо барои рӯшантар шудани мавзуъ ниёз ба чароғу мантиқу санаду илму талошу таҳлил пеш меояд. Ин аст, ки дар остонаи солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон нигоҳе пажӯҳишию муҳтавоӣ ба масъалаи то кадом андоза дар амал татбиқ ёфтани ин санади таърихӣ хеле муҳим мебошад. Зеро додани ҷавоби осон ба ин саволи мураккаб ва ёфтани посухи рӯшан ба ин масъалаи тира на танҳо яке аз заруратҳои фазои сиёсию иттилоотӣ, балки яке аз вазифаҳи муҳити илмию таҳлилии мост.
БАХШИ 1:
НИГОҲЕ БА МОҲИЯТ ВА ТАРКИБИ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
Барои расидан ба хулосаи дуруст дар бораи сатҳи татбиқи амалии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (минбаъд Созишномаи умумӣ), ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик С.А.Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д.Меррем (ҳамчун миёнҷӣ) ба имзо расидааст, бояд аввал тасаввури мухтасаре дар бораи моҳият ва талаботи худи ин ҳуҷҷати таърихӣ дошта бошем. Зеро бар хилофи тасаввури умумӣ, ҳуҷҷати мазкур санади бисёр мураккаби сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар айни замон силсилаи васеи ҳуҷҷатҳо ва зерҳуҷҷатҳои дигари ҳатмиро дар бар мегирад.
Албатта, худи матни Созишномаи умумӣ аз 27.06.1997 ҳамагӣ аз ду саҳифа иборат аст, ки онро мазмунан метавон ба 4 бахш тақсим намуд:
1.Муқаддима, таърихча ва баёни заминаи ба имзо расидани ин ҳуҷҷат;
2.Баршумории санадҳое, ки ҷузъи таркибии ин Созишнома ба ҳисоб меоянд;
3.Тасаввури мухтасари ду ҷониб дар бораи татбиқи сулҳ ва дурнамои рушди кишвар;
4.Муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СКИ ва давлатҳои кафил барои мусоидат дар иҷро шудани бандҳои Созишнома.
Аммо мушкили ин масъала дар он аст, ки матни Созишномаи умумӣ танҳо аз ҳамин иборат набуда, силсилаи ҳуҷҷатҳои муҳимми дигаре, ки дар давраҳои гуногуни Музокироти байни тоҷикон ба имзо расидаанд, расман ҷузъи таркибии он дониста мешаванд. Дар ин бора, аз ҷумла дар «Протокол оид ба принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995 омадааст, ки «Протоколҳо оид ба гурӯҳи зикршудаи проблемаҳо қисми таркибии Созишномаи умумӣ хоҳанд шуд…».
Сипас, «Протокол дар бораи кафолати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ » аз 28-уми майи соли 1997 номгӯи санадҳоеро, ки қисмҳои таркибии Созишнома ба ҳисоб мераванд, муайян мекунад. Дар ниҳоят, дар банди 2-юми худи Созишномаи сулҳ 9 санади муҳимми Музокироти байни тоҷикон, аз ҷумла 7 протоколи муштарак, як созишномаи дуҷониба ва Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ ба таври мушаххас ҳамчун ҷузъи таркибии Созишнома эътироф гашта, ҳамчун замимаҳои он оварда шудаанд. Дар ин рӯйхат, аз ҷумла муҳимтарин санадҳои сулҳи тоҷикон чун «Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ » аз 18 майи соли 1997, «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» аз 8-уми марти соли 1997, «Протокол оид ба масъалаҳои муҳоҷирон» аз 13 январи соли 1997 ва ғайра шомил буданд, ки мазмуну моҳияти асосии раванди сулҳу ҳамоишро ифода мекарданд.
Мушкили боз ҳам печидатари ин масъала дар он аст, ки баъзе аз ин санадҳои зикршуда, ки ҷузъи таркибии Созишнома мебошанд, боз протоколу зерсанадҳои дигареро дар бар мегиранд, ислоҳу такмил мекунанд ва ё аз эътибор соқит менамоянд. Бо ин ҳисоб, вақти омӯзишу муҳокимаи худи Созишномаи умумӣ сухан дар бораи ҳадди ақалл 25 санади хеле ҳассосу мураккаб меравад. Агар онро ҳам дар назар гирем, ки Созишномаи умумӣ (аз тариқи Низомномаи КОМ, ки ҷузъи таркибии Созишнома аст) таҳия ва қабули баъзе санадҳои иловагӣ, аз ҷумла «Санади ҳамдигарбахшӣ», «Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро ба худи КОМ вогузор кардааст ва ин ниҳод дар раванди татбиқи сулҳ боз даҳҳо ҳуҷҷати дигари лозимулиҷро қабул кардааст, масъала ва манзара боз ҳам ҷиддитар мегардад.
Ҳамин тавр, дар таркиби Созишномаи умумии сулҳ ва ҷараёни татбиқи он мо бо панҷ сатҳи ҳуҷҷатҳое рӯбарӯ мешавем, ки бахши таркибии он ба ҳисоб рафта, амалӣ шудан ё нашудани раванди сулҳи тоҷикон ба татбиқи онҳо вобаста будааст:
1.Созишномаи умумӣ (матни асосӣ );
2.Санадҳое, ки дар худи матни Созишномаи умумӣ расман ҷузъи таркибии он эътироф шудаанд;
3.Зерсанадҳое, ки расман ҷузъи санадҳои таркибии Созишномаи умумӣ дониста шудаанд;
4.Санадҳое, ки Комиссияи оштии миллӣ дар асоси талабот ва пешбинии Созишномаи умумӣ қабул кардааст;
5.Санадҳое, ки роҳбарони ду ҷониб дар раванди татбиқи Созишнома барои рафъи монеаҳо ба таври иловагӣ қабул кардаанд.
Аз ин рӯ, мафҳуми «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба маънои як ҳуҷҷати сода набуда, ин санад дар таркиби худ маҷмуаи васеи ҳуҷҷатҳои зикршударо дар бар мегирад. Бинобар ин, масъалаи арзёбии сатҳи табиқи он низ сода набуда, танҳо пас аз омӯхтани сатҳи татбиқи амалии тамоми ин санаду зерсанадҳои таркибӣ метавон дар ин бора назари воқеии коршиносӣ пешниҳод намуд. Ба ибораи дигар, танҳо дар ҳолати пажӯҳишу муқоисаи мазмуну талаботи ин силислаи васеи ҳуҷҷатҳо, ки дар якҷоягӣ Созишномаи умумии сулҳи тоҷиконро ташкил медиҳанд, фард ё коршинос метавонад дар бораи сатҳи амалӣ шудан ё нашудани Созишнома хулосагирӣ намояд. Дар худи санадҳои сулҳ, аз ҷумла дар «Эъломияи Теҳрон» аз 28-уми майи соли 1997 низ маҳз ба «иҷрои яклухти Созишнома» таъкид шудааст, ки ин ибора ба маънои зарурати иҷрои тамоми санаду зерсанадҳои таркибии ин ҳуҷҷат мебошад. Худи мафҳуми «умумӣ» низ дар номи ин созишнома, пеш аз ҳама ба маънои санади фарогири тамоми ҳуҷҷатҳои зикршудаи раванди сулҳ мебошад.
БАХШИ 2:
САТҲИ АМАЛӢ ШУДАНИ СОЗИШНОМАИ УМУМИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АЗ НАЗАРИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲО
Аммо омӯзиши ин мавзуи мураккаб нишон медиҳад, ки барои сода шудани баҳс сатҳи татбиқи амалии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро метавон аз се назар арзёбӣ намуд: аз диди ғоявӣ (1), аз нигоҳи арзишию ормонӣ (2) ва аз диди таркибу моҳият(3). Чунин тақсимбандӣ метавонад манзараи ин мавзуъро то ҳадди имкон рӯшан намояд.
1.Аз диди аввал, яъне ғоявӣ метавон гуфт, ки ғояи аввалия ва ҳадафи асосии ин санад маҳз поён додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон буд. Ҷумлаи нахсустини матни Созишнома маҳз бо ибораҳои «бо мақсади дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам додани оқибати ҷанги шаҳрвандӣ» оғоз шуда, дар бахши сеюми он низ пешбинӣ мешавад, ки ин Созишнома «ба низои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад».
Аз ин нигоҳ, дар масъалаи дар амал татбиқ шудани Созишнома бо мантиқи оддӣ метавон гуфт, ки чун дар натиҷаи имзову татбиқи он ҷанги шаҳрвандаӣ дар ҳақиқат қадам ба қадам қатъ шуда, сулҳу субот дар Тоҷикистон ниҳоятан амалӣ гашт, ғояи асосии Созишномаи сулҳи тоҷикон дар амал татбиқ шуд. Яъне, чун мақсади асосии ғоявии Созишномаи умумӣ худи сулҳ буд, бо фарорасии сулҳу суботу оштӣ ин санади таърихӣ аз назари ғоявӣ амалӣ гаштааст.
2.Аз диди дуюм, яъне арзишию ормонӣ, бояд зикр кард, ки илова бар иқдому талаботу механизмҳои зиёди амалӣ, Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон ба татабиқи як силсила мафҳуму меъёру арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ таъкид дошта, дастёбӣ ба онҳо ё бар пояи онҳо бунёд намудани ҷомеаи ояндаи Тоҷикистонро ҳадаф мегузошт. Ба ин маъно, дар Созишнома як силсила усулу чорчӯбҳои арзишӣ низ ба миён гузошта шуда, ҷонибҳо ба риояту татбиқи он низ вазифадор карда мешуданд.
Ин маҷмуаи арзишу меъёрҳои зикрнамудаи Созишномаи умумии сулҳро метавон ба ду даста тақсим намуд:
1.Арзишҳои миллию ахлоқию маънавӣ
2.Арзишҳои сиёсию иҷтимоиву ҳуқуқӣ
Ба гурӯҳи мафҳуму арзишҳои миллию ахлоқии Созишномаи умумӣ метавон силсилаи мафҳуму меъёрҳое чун «нияти нек», «ҳамдигарбахшӣ», «ҳамдигарфаҳмӣ», «ҳамдастию ҳамкорӣ», «ризоияти миллӣ», истифодаи «воситаҳои мусолиматомези мубориза», «дарки масъулияти бузург», «лаънати халқ», «ғазаби Худо», «аз гузашта ба бадӣ ёд наовардан», «ба хотири таскини дили ятимону бевагон, падару модарон ва ҳамаи онҳое, ки азизонашонро аз даст додаанд», ба хотири «эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон», «дубора зинда бигардондани эҳтиром ва иззату икром дар ҷомеа», «бозгашти бошарафона», «наҷоти халқи азияткашида», «маҳкум кардани терроризм дар ҳар шакле, ки зоҳир мешавад», «садоқат ба манфиатҳои олии халқи тоҷик» ва ғайраро мансуб донист, ки дар санадҳои гуногуни таркибии он омадаанд. Ин забону баён ва ин дастгоҳи арзишию мафҳумӣ на танҳо қатъияту самимият, балки рӯҳияи бисёр тоҷиконаи Созишномаи умумии сулҳро низ нишон медиҳад. Рӯҳияи миллате, ки дар санадҳои расмии сиёсии худ низ бо забони самимии маънавию ахлоқӣ сухан гуфтааст.
Аммо шояд аз ин назар самимитарин ва тоҷикитарин ҳуҷҷати раванди сулҳи тоҷикон «Санади ҳамдигарбахшӣ» бошад, ки дар асоси Созишнома ҳамчун аввалин санади КОМ дар шаҳри Москва аз 10-уми июли соли 1997 қабул шудааст. Тоҷикитарин банди сулҳи тоҷикон низ маҳз дар ҳамин санад омадааст: «Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки пайи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоянд.» Чунин ҷумлаи урфиро дар чунин санади расмии таърихӣ шояд фақат тоҷикон раво доранд.
Дар мавриди саволи асосӣ, яъне сатҳи татбиқи ин арзишҳои Созишнома бояд гуфт, ки андозагирии риоят ва татбиқи арзишҳои инсонӣ дар ҳар сурат кори осон нест. Аммо таҷрибаи амалӣ нишон дод, ки аз сабаби набудани меъёри водоркунандаи ҳуқуқӣ, дар чунин мавридҳо ҳар тараф ё ҳар шахс бо ин арзишҳо амалан дар доираи сатҳи фарҳангу фаҳмиши худ муносибат менамояд. Дар айни замон, дар ин раванди мураккаб ҷонибҳои тоҷик талош карданд, ки ин арзишҳоро дар ҳадди тавон риоят карда, ҳатто пас аз ихтилофҳои ҷиддӣ, ки вақти иҷрои Созишнома борҳо пеш омад, дубора ба ҳамкорӣ баргарданд.
Дар бораи то чи ҳад татбиқ ёфтани мафҳумҳои авфу ҳамдигарбахшӣ дар бахши амалӣ хоҳад омад, аммо дар боби арзишҳои ахлоқию инсонӣ бояд гуфт, ки дар тӯли ҳамкориҳо бисёре аз аъзои ҳайати музокирот, гурӯҳҳои муштарак, КОМ ва зеркомиссия ва зергурӯҳҳои он, намояндагони ҷонибҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра дар ниҳоят дӯсту ошно ва баъзе аз онҳо ҳатто хешу табори ҳамдигар шуданд. Яъне, дар ин раванд арзишҳои миллию тоҷикӣ гоҳо бар арзишу мавқеъҳои сиёсӣ боло гирифтанд. Аз ҷумла, дар бораи дӯстии шахсӣ ва инсонии роҳбарони аввали ду ҷониби Созишномаи сулҳ маълумот, ҳуҷҷут ва наворҳои таърихии зиёде дастрас мебошанд.
Ба гурӯҳи арзишҳои сиёсию иҷтимоиву ҳуқуқии Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳам метавон меъёру арзишу ормонҳое чун «истиқлолият ва озодии кишвар», «инкишофи демократии ҷомеа», «густариши раванди демократии ҷомеаи тоҷик», «гузаронидани интихоботи озод», «ваҳдати миллии ҳамаи тоҷикистониҳо, сарфи назар аз миллият, диди сиёсӣ, эътиқоди динӣ ва мансубияти маҳаллӣ», «эҳтиром ба ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар фард», «фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва иштироки намояндагони онҳо дар сохторҳои ҳокимият», «ба роҳ андохтани муколамаи густурда бо инерӯҳои мухталифи сиёсии кишвар ба хотири истиқрор ва таҳкими созиши шаҳрвандӣ» ва ғайраро дохил кард, ки дар бахшу ҳуҷҷатҳои гуногуни таркибии Созишнома сабт ва таъкид шудаанд.
Аз ин назар, Созишномаи сулҳ ва маҷмуаи санадҳои он бо пешбинӣ ва татбиқи сислсилаи меъёрҳои баланди маънавию сиёсӣ бунёди як ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои васеи сиёсӣ, фикрӣ ва фардии шаҳрвандонро дар назар дошт. Дар умум, ин маҷмуаи арзишҳои маънавию сиёсӣ рӯҳи Созишномаи умумии сулҳи тоҷиконро ташкил медоданд.
Дар бораи сатҳи татбиқи амалии арзишҳои сиёсию ҳуқуқии Созишнома назарҳо гуногунанд. Аммо барои дарки дурусти он вазъият бояд таваҷҷуҳ намоем, ки муддати пешбинишудаи амали Созишнома хеле кӯтоҳ буда, маҳз дар ин марҳила бунёд кардани ҷомеае бо арзишу меъёрҳои зикршуда имконнопазир буд. Аз ин рӯ, тамоми он меъёру арзишу омонҳои сиёсию ҳуқуқие, ки Созишномаи сулҳ пешбинӣ менамуд, дар матни қонунҳои нави қабулшуда ва «Тағиру ислоҳот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи КОМ дар тӯли қариб ду сол таҳия гашт, ворид карда шуданд. Матни ахир амалан матни нави сарқонуни кишвар буд, ки 29-уми сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Ҳамин тавр, аввалан, бо қабули матни нави Конститутсия ва баргузории интихоботи парламентӣ муҳлати амалияи Созишномаи умумии сулҳ ба поён расид. Сониян, дар натиҷаи кори тӯлонии тарафҳо, он арзишҳои демократӣ ва рӯҳияи озоду ҳуқуқпарвари Созишномаи умумии сулҳ ба матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Бинобар ин, агар дар давраҳои баъдӣ дар масъалаи татбиқи амалии баъзе аз арзишҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар ҷомеаи мо нақдҳое ба миён омада бошанд, он дигар на ба сатҳи татбиқи амалии Созишномаи умумии сулҳи соли 1997, балки ба масъалаи чигунагии татбиқи Конститутсияи кишвар марбут аст. Зеро бо қабули Конститутсия дар рӯҳияи демократию ҳуқуқбунёд, Созишномаи умумӣ рисолати таъйиншудаи худро дар самти арзишҳои сиёсӣ ва «инкишофи демократии ҷомеа» иҷро кардааст.
БАХШИ 3:
АРЗЁБИИ САТҲИ АМАЛӢ ШУДАНИ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АЗ НАЗАРИ ТАРКИБӢ ВА МОҲИЯТӢ:
МАСЪАЛАҲОИ НИЗОМӢ ВА ҲУҚУҚӢ
Аз диди сеюм, яъне аз назари таркибиву моҳиятӣ, Созишномаи умумии сулҳ мазмуни ҳамаи санадҳои таркибии худро ифода мекард ва сатҳи татбиқи ҷузъии онро аз сатҳи татбиқи амалии ин санадҳо арзёбӣ намудан мумкин аст. Чун ин санадҳо хеле зиёданд, онҳоро аз рӯи мазмун ва масъалаҳои фарогирифтаашон метавон ба чор даста тақсим намуд: ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин. Бо таваҷҷуҳ ба чунин дастабандии мазмунии масъалаҳои равнади сулҳ, дар Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ, ки ҳамчун санади муштарак дар 21-уми феврали соли 1997 ба имзо расида, ҷузъи Созишномаи умумӣ эътироф шудааст, таркиби худи КОМ низ аз чор зеркомиссия иборат буд: зеркомиссияҳо «оид ба масъалаҳои сиёсӣ», «оид ба масъалаҳои низомӣ», «оид ба масъалаҳои муҳоҷирон» ва «оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ». Бинобар ин, дуруст мебуд, ки ба масъалаи сатҳи аз назари таркибӣ ва моҳиятӣ амалӣ шудани Созишномаи сулҳ маҳз аз рӯи чӣ гуна ҳал ва татбиқ шудани ҳамин чор гурӯҳи масъалаҳо нигарем.
1.Бахши масъалаҳои низомӣ, ки Созишномаи умумӣ пешбинӣ менамуд, яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои раванди сулҳсозӣ ба ҳисоб мерафт. Қисми асосии масъалаҳои низомии Созишнома дар «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» аз 8-уми марти соли 1997 (ш.Москва) ифода ёфта, бахшҳои дигари он ҳамчун бахше аз санадҳои гуногуни раванди сулҳ инъикос гашта буданд.
Аз назари мазмунӣ масъалаҳои низомии раванди сулҳи тоҷикон асосан ду бахшро дар бар мегирифтанд:
-масъалаҳои ҷорӣ ё оперативӣ, ба мисли танзими вазъият дар худи ҷабҳаҳои ҷанг, қатъи амалиёти ҷангӣ ва риояти оташбасҳо, кори зергурӯҳҳои назоратии соҳавӣ, мубодилаи асирон, рафтор ва ҷобаҷоии дастаҳои мусаллаҳи ҷонибҳо дар минтақаҳои мушаххаси низоъ, танзими муносибати афроди мусаллаҳ бо мақомоти маҳаллӣ ва ғайра; (Масалан, ҳуҷҷатҳои муҳимме, ки бо номҳои «Протоколи Хосдеҳ» аз 11 декабри соли 1996 ва «Протоколи Ғарм» аз 16 сентябри соли 1996 машҳуранд, асосан ба чунин масъалаҳо бахшида шудаанд.)
-масъалаҳои усулӣ, ҳамчун реинтегратсия ё ҳамоиши дастаҳои мусаллаҳи мухолифин бо сохторҳои қудратии кишвар, халъи силоҳи размандагони ИНОТ, тартиби барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ислоҳи сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кори комиссияи муштараки аттестатсионӣ, тартиби овардани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ аз Афғонистон, бастани урдугоҳҳо ва марказҳои таълимии онҳо дар он кишвар, вазъияти хидматӣ ва иҷтимоии низомиён дар марҳилаи баъдиҷангӣ ва ғайра.
Барои иҷрои дақиқи ин иқдомҳо дар таркиби Комиссияи оштии миллӣ зеркомиссия оид ба масъалаҳои низомӣ ва ҳамчунин, Комиссияи муштараки марказии аттетсатсионӣ таъсис гашта буданд, ки тибқи Низомномаи КОМ ва «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» бояд дар 4 марҳилаи мушахахс онҳоро дар ҳамоҳангӣ бо роҳбарияти ҷонибҳо амалӣ менамуданд.
Дар бораи арзёбии дақиқи сатҳи татбиқи амалии ин масъалаҳо метавон гуфт, ки бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти бисёр сангину ҳассос дар ин самт, дар умум, аксари кулли онҳо дар раванди сулҳи тоҷикон амалӣ шудаанд. Ба таври мушаххас, дар ин раванд тибқи Созишнома аз ҷумла, қадамҳои муҳимме чун қатъи доимии амалиёти низомӣ дар саросари кишвар(1), озод гаштани асирони ҳарбӣ(2), авфи иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона(3), ҳамоиши дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ(4), халъи силоҳи умумии онҳо(5), расман барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ(6), барҳамдиҳии дастаҳои мусаллаҳу худмуҳофизи маҳаллӣ (7), интиқоли дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ аз Афғонистон ва бастани урдугоҳҳои онҳо( , ислоҳот ё аттестатсияи умумии нерӯҳои низомии кишвар аз сӯи Комиссияи муштараки аттестатсионӣ (9), таъсиси қисми низомии мухолифин дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 460 нафар(10), ҳамроҳ шудани 40 нафар аз размандагони ИНОТ дар горди муҳофизати муштараки КОМ(11), ба таври иҷборӣ халъи силоҳ гаштани дастаҳои мусаллаҳе, ки дар иҷрои Протоколи низомӣ ҳамкорӣ накарданд(12), ба ҳаёти мулкӣ гузаронидани размандагони хоҳишманд(13), дар сурати хоҳиш барқарор кардани кормандони собиқи сохторҳои қудратӣ ба хидмати соҳавӣ (14), бо маълумоти ҳарбӣ таъмин намудани хоҳишмандон аз ҳисоби размандагони ИНОТ(15) ва ғайра дар амал анҷом шудаанд.
Яъне, бахши «масъалаҳои низомӣ »-и Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон маҳз аз ҳамин масъалаҳо иборат буд ва бо амалӣ шудани аксари мутлақи онҳо метавон гуфт, ки талаботи Созишнома дар ин самт қариб ба пуррагӣ амалӣ шудааст. Албатта, дар раванди татбиқи ин чораҳо мураккабу ҳассос мушкилоти ҷиддӣ низ пеш омаданд, аммо бо дастёбӣ ба тавофуқҳои иловагӣ, ҷонибҳо ин масъалаҳоро дар ниҳоят ҳал намуданд.
Дар ин самт дар солҳои гуногун баъзе ҳолатҳои истисноие чун боздошту зиндонӣ шудани баъзе аз размандагони собиқи ИНОТ, амалиётҳои низомии ниҳодҳои қудратӣ зидди баъзе аз дастаҳои мусаллаҳи онҳо, кушта шудани баъзе аз онҳо дар ин задухӯрдҳо ва ғайра низ пеш омадааст, ки баъзе мунаққидон онро ҳамчун ҳолатҳои нақз гаштан ё ҳал нашудани масъалаҳои низомии сулҳ зикр мекунанд. Бале, ҷойи шубҳа нест, ки аз назари мазмуниву мантиқӣ чунин ҳодисаҳо хилофи рӯҳия ва мафҳуми сулҳ мебошанд ва чи хуб буд, агар онҳо умуман намебуданд. Вале барои додани баҳои воқеӣ ба онҳо бояд ҳар як ҳодиса ба таври мушаххас барарсӣ шавад.
Ҷиҳати рӯшантар шудани заминаи ин гуна ҳодисаҳои ногувор дар раванди татбиқи Созишномаи умумӣ аз назари худи матну мазмуни санадҳои сулҳ зарур аст, ки ба чанд нуктаи комилан мушаххас диққат намоем:
1.Банди 4-уми бахши 1-уми «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ», ки аз 8-уми марти соли 1997 ба имзо расонидааст, ба таври дақиқ пешбинӣ намудааст, ки «Дастаҳои мусаллаҳе, ки дар иҷрои нукоти ин Протокол ҳамкорӣ намекунанд, ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд ва ба таври иҷборӣ халъи силоҳ мегарданд.» Ин банди Созишнома, ки имзои роҳбарияти ИНОТ низ зери он истодааст, анҷоми амалиётҳои машҳуре зидди дастаҳои мушаххаси ИНОТ-ро дар давраи баъдӣ на ҳамчун амали хилофи Созишномаи сулҳ, балки ҳамчун «бахше аз раванди сулҳ» маънидод менамуд. Яъне, худи Созишномаи сулҳ ба таври сареҳ пешбинӣ ва талаб мекард, ки чунин ин гурӯҳҳо ба таври иҷборӣ халъи силоҳ карда шаванд.
2.Банди 4-уми «Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ҷаласаи аввали КОМ дар ш.Москва аз 10.07.1997 қабул гашта, сипас аз тарфи парламенти кишвар ҳукми қонунӣ гирифтааст, муайян мекунад, ки «Аз ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсоне, ки бо моддаҳои 63, 74, 76, 96, 104, 105, 121, 240, 240қ.1, 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, айбдор карда шудаанд, озод намешаванд.» Ин банди қонуни авф, ки роҳбарони мухолифин низ онро ба имзо расониданд, имкон фароҳам оварда буд, ки он бахш аз размандагони ИНОТ, ки бо ҳамин моддаҳо гунаҳгор дониста шуда будан, амалан шомили авф нашаванд.
Албатта, таҷриба нишон дод, ки дар он замон беҳтар мебуд, то авф ҳолати мутлақ ва бидуни ҳеҷ гуна истисно гирад. Аммо аз пеш омадани ҳар ду ҳолат роҳбарияти ИНОТ пурра огоҳ буда, ба он имзо гузошта буданд. Бинобар ин, беҳтар аст, ки ин ҳолатҳои истисноӣ на «намунаи татбиқ нашудани бандҳои Созишномаи умумии сулҳ», балки намунаи ҷой доштани баъзе нуқсону камтаҷрибагиҳо дар таҳияи ин ҳуҷҷатҳо дониста шаванд. Зеро ин ҳолатҳои зикршуда амалан худи матну муқаррароти масъалаҳои низомии Созишномаро нақз намекунанд.
3.Нақди дигаре, ки ба сатҳи иҷрои масъалҳои низомӣ гирифта мешавад, дар он марҳила то охир нарасидани ислоҳоти сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар Созишномаи умумии сулҳ, хоса «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» пешбинӣ мешуд.
Бале, гарчӣ Комиссияи муштараки марказии аттетсатсионӣ дар ин самт корҳои бисёр зиёд ва печидаро амалӣ намуд, аммо дар он муддати кӯтоҳ ва вазъияти ҳассос татбиқи комили ин ислоҳоти мураккаб басе мушкил буд. Ин ислоҳоти зарурӣ дар давраҳои баъдӣ аз сӯи худи ҳукумати кишвар ба тадриҷ амалӣ карда шуд.
Аммо, дар айни замон, дар раванди татбиқи масъалаҳои низомии Созишномаи сулҳи тоҷикон чораҳои иловагие чун авфи номбаноми размандагони ИНОТ (аз 14 майи соли 1999, ки ҳудуди 5500 нафарро тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи КОМ дар бар мегирифт), кушодани ҷузъу томҳои иловагӣ барои ҷобаҷоии размандагони ИНОТ, додани унвонҳои миёна ва олии ҳарбӣ ба фармондеҳони низомии ИНОТ ва ғайра анҷом шуданд, ки ҳамоиши низомии ду ҷонибро устувортар намуданд. Яке аз аломатҳои комёбӣ ва устувории ин ҳамоиш дар он буд, ки баъзе аз фармондеҳон ва размандагони ИНОТ на танҳо дар давраи гузариш, балки солҳо, балки даҳсолаҳои дигар дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон кор карда, ба мансабу унвонҳои баландтарини ҳарбӣ расиданд. Баъзе аз онҳо аз ин вазифаҳои баланд ба нафақа рафта, баъзеи дигар то имрӯз, яъне бо гузашти 25 сол, ҳануз дар сохторҳои қудратии кишвар фаъолият доранд. Ҳазорон нафар аз размандагони дигар, ки ба ҳаёти мулкӣ гузаштаанд, имрӯз ба ҳаёти осоиштаи худ машғуланд. (Рӯйхати онҳоро назди коршиносон рӯшан аст.)
Аммо баъзе ҳодисаҳои ногуворе чун воқеаҳои минтақаи Рашт дар солҳо 2009 ва 2011 ё воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки бо иштироки баъзе аз размандагони собиқи ИНОТ ҳудуди 15-17 сол пас аз татбиқи Созишномаи умумии сулҳ сурат гирифтаанд, дигар бевосита ба масъалаи татбиқи масъалаҳои низомии ин Созишнома рабт надоранд.
Ҳамин тавр, мушкилтарин бахши Созишномаи умумии сулҳ, яъне бахши масъалаҳои низомӣ то ҳадди мумкин амалӣ карда шудааст. Татбиқи ин бахш ва хусусан, ҳамоиши нерӯҳои мусаллаҳи ду ҷониб яке аз мураккабтарин ва нодиртарин бахшҳои таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҳисоб меояд.
2.Дастаи дуюми масъалаҳои сулҳи тоҷиконро, ки дар Созишномаи сулҳ омадаанд, «масъалаҳои ҳуқуқӣ» ташкил медоданд. Гарчӣ дар бастаи ҳуҷҷатҳои сулҳ бо ин унвон протокол ё санади ҷудогонае мавҷуд набуд, аммо масъалаҳои ҳуқукӣ дар як силсила протокол ва созишномаҳои дуҷониба ба таври пароканда, вале мушаххас оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар боби 3-юми худи Низомномаи КОМ, ки ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ҷузъи таркибии Созишномаи умумӣ эътироф шудааст, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии зерин ҳамчун вазифаҳои ин ниҳод зикр шудаанд:
-танзими пешниҳодҳо барои ворид крадани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умум;
-(якҷо бо Президент) ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ ;
-таҳия ва ба тасдиқи Парламент ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ …;
-ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар бораи вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ ….
Тибқи Низомномаи КОМ барои татбиқи амалии ин масъалаҳо дар таркиби ин ниҳод «зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ» таъсис ёфта буд, ки хусусан дар ислоҳи қонунгузории кишвар ва таҳияи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузошт.
Дар бораи сатҳи иҷрои амалии ҳар яке аз бандҳои зикршуда ба таври муфассал гуфтан мумкин аст, зеро маълумоти зарурӣ ва матни таҳияшуда ва қабулшудаи қонунҳои навин дастрасанд. Аммо ба таври умумӣ, метавон гуфт, ки дар ин самт аксари бандҳои ҳуқуқии зикршуда қадам ба қадам иҷро гаштанд ва шакли наву ислоҳшудаи қонунҳои мазкури соҳавӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Матну мазмуни ин қонунҳои муштаракан таҳияшуда нишон медиҳанд, ки дар ин раванд сухан на танҳо дар бораи ислоҳу таҳрири онҳо, балки дар бораи пешниҳоди меъёру механизм ва моделу сохторҳои нави ҳуқуқию сиёсӣ меравад. Намунаи он танзими ҳуқуқии таъсису фаъолияти парламенти касбӣ, танзими меъёрҳои интихоботи бисёрҳизбӣ, қоидаҳои нави фаъолияту муборизаҳои ҳизбӣ, сохтори нави ҳокимияти судӣ ва ғайра мебошанд, ки барои низоми сиёсию идории Тоҷикистон падидаҳои нав буданд. Аммо шакке нест, ки муҳимтарин дастоварди сулҳи тоҷикон дар ин самт моҳи сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар буд.
Албатта, дар раванди татбиқи чунин масъалаҳои мураккаби ҳуқуқии сулҳи тоҷикон мушкилоту монеаҳои ҷиддии гуногун низ пеш омада буданд. Аз ҷумла, қабули қонуни дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент дар моҳи майи соли 1999, ки бар хилофи Созишномаи сулҳ, шакли аввали он бе мувофиқа бо КОМ қабул шуда, фаъолияти баъзе ҳизбҳои узви ИНОТ-ро номумкин месохт, боиси пеш омадани буҳрони ҷиддии ҳуқуқию сиёсӣ гашт. Танҳо бо дахолати шахсии Президенти кишвар ва таъсиси комиссияи чорҷонибаи муросо ин масъала ҳалли худро пайдо кард. Ё дар масъалаи ҳамчун ифодагари низоми давлатдорӣ дар Конститутсияи кишвар ҳифз шудан ё нашудани мафҳуми «дунявӣ» намояндагони ҷонибҳо дар КОМ беш аз 30 ҷаласа баҳсу мунозира намуда буданд, ки он моҳҳо тӯл кашида буд.
Ба ибораи дигар, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, ки соли 1999 қабул шуданд, дар асл матни нави сарқонунеро ба вуҷуд оварда буданд, ки аксари арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, арзишӣ ва ормонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳро дар бар мегирифт. Тавре зикр рафта буд, дар рафти таҳияи ин тағйиру иловаҳо худи рӯҳи Созишномаи сулҳ ва худи фазои ризоияти миллӣ ба Конститутсияи кишвар интиқол дода шуд. Бо қабули матни нави Конститутся ва баргузории интихоботи нави парламентӣ, давраи гузариш амалан ба поён расида, он рӯҳи демократию ҳуқуқбунёд ва он меъёрҳои ҳуқуқии ормонии Созишномаи сулҳ бояд минбаъд дар татбиқи Конститутсия кишвар ифода меёфт.
Ҳамин тавр, масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи сулҳи тоҷикон амалан татбиқ шуда, ин санад рисолати худро дар самти масъалаҳои ҳуқуқӣ асосан ба анҷом расонид. Аммо масъалаи дар давраҳои баъдӣ то чӣ дараҷа риоят ва иҷро шудани ин қонунҳои беҳтарин ва аз ҷумла, Конститутсияи кишвар дигар ҷузъи баҳси Созишномаи сулҳ набуда, ба фарҳанги сиёсию ҳуқуқии ҷомеа вобаста мебошад.
БАХШИ 4:
АРЗЁБИИ САТҲИ АМАЛӢ ШУДАНИ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН АЗ НАЗАРИ ТАРКИБӢ ВА МОҲИЯТӢ:
МАСЪАЛАҲОИ СИЁСӢ ВА МУҲОҶИРОН
3.Қисмати дигар ва бисёр ҳассоси раванди сулҳ ва татбиқи Созишномаи умумӣ аз маҷмуаи «масъалаҳои сиёсӣ » иборат буд. Онҳо низ дар аксари ҳуҷҷатҳои сулҳ ба таври ҷузъию мушахахс омадаанд, аммо ҳуҷҷати ҷудогонае бо номи «Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ» аз 18-уми майи соли 1997 (ш.Бишкек) онҳоро ба таври муфассал баёну танзим намудааст. «Ёддошти Бишкек» аз 18 майи соли 1997 низ ин Протоколро дар сатҳи олии сиёсии сиёсӣ мазмунан тақвият мекунад.
Барои дақиқан тасаввур шудани моҳияти «масъалаҳои сиёсӣ»-и раванд ва Созишномаи сулҳи тоҷикон, бояд зикр кард, ки дар «Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ» зери ин мафҳум, пеш аз ҳама масъалаҳои зерин дар назар дошта шудаанд (мазмунан):
1.Қабули Санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонуни авф аз тарафи Президент ва КОМ;
2.Ташкили Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо шомил шудани 25 фоиз намояндагони ИНОТ ба ҳайати он ва баргузории интихоботи парламентӣ аз тарафи ин комиссия;
3.Ислоҳи ҳайати ҳукумат бо роҳи ба сохторҳои он тибқи саҳмия ворид намудани намояндагони ИНОТ;
4.Пас аз анҷоми марҳилаи дуюми Протоколи низомӣ, бартараф шудани манъ ва маҳдудият нисбати ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори умумии ИНОТ.
«Изҳороти муштарак»-и ҷонибҳо аз 19-уми январи соли 1997 (ш.Теҳрон) низ зери мафҳуми «масъалаҳои сиёсӣ»-и раванди сулҳ маҳз ҳамин чор масъаларо баршумурдааст.
Дар ин маврид низ барои татбиқи амалии ин масъалаҳо дар таркиби КОМ зеркомиссия оид ба масъалҳои сиёсӣ ташкил шуда буд, ки дар давраи муайяншуда кори бисёр зиёдеро анҷом дод. Бо вуҷуди ин, татбиқи ин бандҳои ҳассос бештар дар ихтиёр ва салоҳияти худи роҳбарони олии ҷонибҳо буданд.
Чун таваҷҷуҳ ба сатҳ ва шеваи амалӣ шудани масъалҳои сиёсии зикршуда хеле баланд аст, беҳтар аст, ки дар бораи ҳар яке аз онҳо ба таври алоҳида ва мушаххас хулосагирӣ намоем:
Дар масъалаи аввал, яъне қабули Санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонуни авф, мувофиқи Созишномаи умумӣ, КОМ ҳанӯз дар аввалин ҷаласаи худ дар ш.Москва аз 10.07.1997, яъне пеш аз ба Тоҷикистон омадани аъзои комиссия аз тарафи ИНОТ, «Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар 6 банд қабул карда, тибқи қарори №001-и худ онро тасдиқ ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намуд.
Ҳуҷҷати нодири раванди сулҳи тоҷикон, яъне «Санади ҳамдигарбахшӣ» низ аз тарафи ҷонибҳо таҳия гашта, дар ҳамин ҷаласаи якуми КОМ бо ҳамон қарори №001 тасдиқ гашт. Ин санад силсилаи даъвату эъломҳои маънавию ахлоқӣ ва маҷмуаи меъёрҳои сиёсию ҳуқуқиро дар бораи накӯҳиши ҷанги бародаркушӣ, бахшидани ҳамдигар, ба ёд наовардани амалҳои гузашта, нафрини интиқомгирандагон ва умуман, танзими ахлоқии рафтору муносибати ҷонибҳо дар оянда бар мегирифт.
Дар рафти татбиқи амалии ин ду санади ҳассос низ душвориҳои ҷиддӣ ҷой доштанд, зеро авф ва ҳамдигарбахшӣ мафҳуму ҳолатҳои бисёр амиқи ҳуқуқӣ, маънавӣ ва равонӣ буда, танҳо бо қабули қарор ё қонун фавран амалӣ шуда наметавонистанд. Бинобар ин, аз як сӯ татбиқу риояти воқеии онҳо хеле мушкил буда, аз тарафи дигар, накӯҳиши ҳамдигар барои иҷро нашудани онҳо хеле осон буд. Хусусан, меъёрҳои «Санади ҳамдигарбахшӣ», ки андозагирии ҳуқуқию амалии онҳо мушкил ва гоҳо имконнопазир буд, боиси тафсирҳои зиёд мегаштанд ва ҳар ҳолати ихтилофу нофаҳмиро «бар хилофи санади ҳамдигарбахшӣ» шарҳ додан имкон дошт. Чунин кӯшишҳо ҳатто то имрӯз мушоҳида мешаванд.
Бинобар ин, барои дар радаҳои миёна ва поинии «ҷонибҳо» ба тафаккур, воқеият ва фарҳанги ҳамагонӣ табдил гаштани ҳамдигарбахшӣ замони хеле бештар аз «давраи гузариш» лозим омад. Аммо муҳимтар ин буд, ки дар худи давраи татбиқи Созишнома роҳбарони раванд монеаҳоро қадам ба қадам бартараф намуда, пас аз ҳар нофаҳмӣ боз ба арзишҳои ин санадҳо бозгашта, ҳолати ҳуқуқию сиёсии авф ва ҳамдиграбахширо асосан таъмин карданд. Илова бар ин, дар тӯли татбиқи онҳо барои рафъи монеаҳо санадҳои иловагии авфу ҳамкориҳоӣ ба имзо расиданд, ки раванди умумии татбиқи Созишномаро ҳифз намуданд.
Масъалаи сиёсии дуюм ё ташкилу фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хеле мушаххастар буда, ба сабаби кам будани худи шумораи аъзои ин комиссия, саҳмияи 25%-ии ИНОТ дар таркиби он дар амал ҳамагӣ аз як нафар иборат шуд. Албатта, фаъолияту салоҳияти ӯ дар раванди ташкилу баргузории интихоботҳо ва назорати натиҷагириҳои онҳо чандон муассир набуд.
Дар натиҷа, мувофиқи муқаррароти Созишнома, Комиссияи интихоботии муштарак бо таносуби аъзои 75/25 интихоботи аввалини парламенти касбиро дар соли 2000 аз назари фаннӣ ва ташкилӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳои нави муштаракан таҳияшуда баргузор намуд. Аммо таҷриба нишон дод, ки дар он давра ҳам дастгоҳи интихоботии кишвар дар баргузории интихобот бо қоидаҳои нав (бо шакли омехта, рӯйхати ҳизбӣ, барои парламенти касбӣ ва ғ.) чандон таҷриба надошт ва ҳам худи гурӯҳҳои оппозитсияи собиқ, ки дар остонаи интихобот расмият ёфта буданд, ҳануз таркибу имкониятҳои худро пурра барқарор накарда, барои иштирок дар як интихоботи васеи саросарӣ омода набуданд. Ин ҳолат ба фазои аввалин интихоботи марҳилаи сулҳ таъсири манфиии худро гузошт.
Аммо аз назари ҳуқуқию сиёсӣ ва баҳси иҷри Созишномаи сулҳ ин нукта муҳим буд, ки худи интихобот бо қоидаҳои комилан нави муайяннамудаи КОМ (тибқи қонунҳои муштарак ва матни нави Конститутсия, ки ҷонибҳо якҷоя таҳия намуда буданд) доир гашта, роҳбарияти ИНОТ ва ҳамаи ҳизбу ҳаркатҳои иштироккунанда баргузорӣ ва натиҷаҳои онро расман эътироф карданд. Дар айни замон, гарчӣ Созишнома муҳлати салоҳияти намояндаи ИНОТ дар КМИР-ро то баргузории интихоботи парламентӣ муайян карда буд, ӯ дар ҳайати комиссияи интихоботии кишвар солҳои зиёд, ҳатто пас аз интихоботҳои баъдии парламентӣ низ фаъолият дошт. Аз ин рӯ, масъалаи сиёсии дуюм низ тибқи Созишнома дар маҷмуъ амалӣ гаштааст.
Масъалаи сиёсии сеюм, ки иҷозат дода шудан ба фаъолияти ҳизбу гурӯҳҳои узви ИНОТ ва ВАО-и онҳо буд, низ дар амал пурра татбиқ шуд. Зеро пас аз анҷоми марҳилаи дуюми Протоколи низомӣ ва расман барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, бо Қарори дахлдори Суди Олии ҶТ мамнуъияти фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии узви ИНОТ ва ВАО-и онҳо бардошта шуд. Ин ҳизбҳо фавран анҷуманҳои барқарории худро ташкил карда, ба бозсозии сохторҳо худ ва омодагӣ ба интихоботҳои президентию парламентии дарпешбудаи он давра машғул шуданд.
Дар ин мавзуъ низ баҳсҳои ҷиддиву мушаххасе дар масъалаҳои тӯл кашидани муҳлати иҷозати фаъолияти ҳизбҳои таркиби ИНОТ, ки ба иҷрои марҳилаи дуюми Протоколи низомӣ вобаста карда шуда буд. иҷозати фаъолияти ҳизбҳои сиёсии «дорои характери динӣ» дар сатҳи Конститутсия ва Қонуни ҶТ «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ» ва ғ. ба миён омада буд, аммо аз назари раванди таърихӣ муҳим ин буд, ки масъалаи фаъолияти дубораи онҳо дар ниҳоят ҳаллли комили худро ёфт. Аз ҷумла, дар моддаи 28-уми Конститутсияи кишвар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии «дорои характери динӣ» пешбинӣ шуд, ки ин асл то соли 2017, яъне 20 сол пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ, ҳифз ва амалӣ гашта буд. Инчунин, маҳз барои ҳалли ҳамин баҳс дар сатҳи қонунгузорӣ, соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нави ҳизбҳои сиёсиро дубора ба парламент баргардонда буд, то вакилон дар ҳамкорӣ бо КОМ варианти якҷояи иҷозатдиҳандаро таҳия намоянд.
Дар ин масъала низ бояд гуфт, ки аз назари сиёсӣ ва мантиқӣ, пас аз даҳсолаҳо манъ шудани фаъолияти баъзе аз ин гурӯҳҳо сабабҳои мушаххас ва комилан дигари худро дошта, ба мавзуи баҳси ин бахш, яъне татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи сулҳ муносибат надорад. Зеро муқаррароти ин Созишнома дар мавриди гурӯҳҳои узви ИНОТ дар ҳаҷми пешбинишуда дар матни худи Созишномаи умумӣ ва дар замони амали он татбиқ шудааст.
Аммо масъалаи чорум ё ҳассостарин «масъалаи сиёсӣ»-и раванди сулҳи тоҷикон масъалаи ислоҳоти ҳайати ҳукумат бо роҳи ба сохтоsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|