Ин раванди номатлуб ва хатарзо ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон сабабҳо ва роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи онҳоро омӯхта истодаанд. Зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид, зӯроварӣ, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, моддию маънавӣ, бенизомӣ, ҳамчунин вайрон кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, барангезиши низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.
Маҳз барои муқовимат намудан ва барои несту нобуд сохтани ин падидаи номатлуби ҷомеа бояд бетараф набошем ва дар якҷоягӣ амал намоем!
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ инсонҳоро ба ҷаҳолат, гумроҳӣ ва оқибат ба нестӣ бурда мерасонанд. Дар ин самт алалхусус ҷавонон ҳушёр бошанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ шомил нагарданд ва ҳаёти худу наздикони хешро зери хатар нагузоранд. Барои расидан ба саодати зиндагӣ инсонро танҳо илму дониш бурда мерасонад. Инсони донишманду хирадмандро фиреб кардан ва ба роҳи гумроҳиву ҷаҳолат бурдан кори саҳл нест. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо бояду шояд соҳибилм бошанд то ба доми чунин гурӯҳҳо наафтанд. БОЯД ФАРОМӮШ НАСОЗЕМ, КИ ИН ДУ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ, ЯЪНЕ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДУШМАНИ БАШАРИЯТ ҲАСТАНД!
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|