Главная > --- > Мақсади нопоки ифротгароён

Мақсади нопоки ифротгароён


12-03-2020, 15:57. Разместил: adminn

Сабаби дигар ва боз ҳам ҷиддитари чунин гаравиш ба ин ботлоқ дар ҷомеаҳои башарӣ гӯё бартарӣ доштану бартарӣ ёфтани ҷаҳонбинӣ ва мафкураи диниву мазҳабӣ аст ва аз назари гаравандагон гӯё танг кардани давлат ва ҳукумат аз ҷойгоҳи дину оини мазҳабӣ ононро ба ин роҳ оварда ва онҳо гӯё дар роҳи дифои ҳақ ва ҳақиқати мазҳабӣ ҷуз рӯйоварӣ ба ин зуҳурот дигар чора надоштаанд.

Бо ин роҳ нафарони гараванда ба амали ифротгарӣ бидуни донишу фаҳмиши амиқи дунёдорӣ ва бо такя ба қазоватҳои норосту носолим ба раванди ҷорӣ ҷиҳод мекунанд ва ин гуна ҷиҳод варзиданро омили аслии пойдор кардани дину оин ба шумор меоранд, дар ин роҳ шаҳид шуданро амри муҳими расидану пайвастан ба даргоҳи ҳақ мешуморанд.

Аз ин ҷиҳат, решаҳои пайдоиши ин зуҳурот дар нобаробарии сатҳи саводу фаҳмиши ҷомеаҳои мухталиф дар масоили мубрами дину оин ва дунявият қарор дорад. Аз назари равоншиносӣ ҳам метавон ба ин натиҷа расид, ки майлу хоҳиши беинтиҳо ва ҳарчи бештари расидан ба аҳдофи мафкураи ҷаҳонватанӣ ё сарварии кулли ҷаҳон будану фармондеҳи мутлақи ҷаҳон будан бархе давлатҳоро усулан водошта, ки ба густариши мактабу ниҳодҳои хосаи ифротгароӣ замина фароҳам созанд ва ба ин ниҳодҳо қувваи фаровонеро ҷалб намоянд. Аз ин нуқтаи назар, набудани қобилияти дарки худкомагии давлатҳои худхоҳу худҷӯ аз ҷониби афроди ҷалбшуда сабаби аслии афзоиши ифротгароӣ гардида, онҳо зери таъсири ин худкомагӣ қарор гирифтаанд. Барои ин гуна равандагон тафовут надорад, ки «террористон ба давлати миллӣ ва миллат бовар надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд». Онҳо инро ҳам намедонанд, ки «террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд». Ин аст, ки равияи мазкур дар асри имрӯз чун хатари ҷиддии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуда, чашми диққату эътибор додану дӯхтани ниҳодҳои байналмилалӣ ва дохиликишварӣ ба ин амали номатлуб ва ҳаллу фасли он низ аз ҳамин хатари ногувор сарчашма мегирад.

Аслу ҷавҳари асосии ифротгароӣ дар шароити имрӯз пойбанди мафкуравии ниҳодҳои бегона шудани аҳолии кишварҳои мухталиф дар шаклу навъҳои гуногун аст ва худ аз худ дар амри ифротгароӣ арзишҳои мазҳабии бегона ҷойгоҳи хос ба даст овардааст. Ифротравон ҳаргиз фаҳмидан намехоҳанд, ки пуштибонӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динии як кишвар моҳиятан пуштибонии мафкураи он кишвар ва, ба ин васила, ноором кардани фазои ороми ҷомеаи дигар маҳсуб мешавад. Ин амр, барҳақ, ба муҳити солими ҷомеа халал ворид карда, ба системаи фикру ғояи миллии он кишвар зарбаи сахт мерасонад. Аммо, мутаассифона, нафароне, ки ба чунин зуҳурот дилбастагӣ пайдо мекунанд, на донишу биниш ва фаҳмиши амиқ доранд, на аз асосҳои улуми дунявӣ бохабаранд, на ба роҳу равиши пешрафтҳои миллии кишвари худ заррае сидқу садоқат доранд. Ба инҳо арзишҳои ватандорӣ ва миллатпарастӣ бегонаанд. Беватанӣ ва беватан будан аслу мағзи равандагии ин тоифаи ҷангҷӯ ва хатаровар мебошад, ки бояд аз беху бун чунин андешаро сар зад.

Ба лойоби таассубу ҷаҳолати динӣ ва доми тазвири қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини ислом гирифтор шудани афроди ноогоҳ ва Худоҷӯйи дар асл Худобехабар боис гардидааст, ки аз дини мубини Ислом ва аҳдофи сиёсии он нохудогоҳона ба кор гирифта шавад. Ин амр ба ҷоҳиливу ваҳшонияти ин тоифа ишорат карда, бозгӯи он аст, ки онон бино ба бедонишӣ ва халалдору коста будани бардошти сиёсӣ аз фаҳмиши аслии сарсабзиву барозандагӣ ва сарзиндагӣ дар ҷомеа дар канор монданд, онҳо аз фарти бебаҳрагӣ аз фарҳанги башарӣ ва миллӣ ба махлуқи ношуд ва нокардагор табдил ёфтаанд, бе ҳиссу равнақ ва шармандаворона дар ҷомеаи озоди дунявӣ бидуни мақом ва мартабаи шахсиву ҷамъиятӣ боқӣ мондаанд. Ин гуна ифротварзон дигар ба бақои ҳастиашон набояд бовару эътимод дошта бошанд, инҳо ҳаққи комили нафас кашидан бо Ватан, Кишвар ва ҳамзистӣ бо фарзандони содиқи он надоранд, инҳо маҳкум ба заволанд, ки аз фарти нодонӣ, бехабарӣ ва нокоршоямӣ дар пешбурди Ватан, аз сабаби ноилоҷӣ ва худро ҳақир пиндоштан дар Ватан маълумоти андак оид ба дини Ислом ба даст оварда,талош варзиданӣ шудаанд, ки лоақал бо истифода аз номи дин мақоми иҷтимоиашонро беҳтар созанд. Ин тоифа дар дарки ростини равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри мо ноқобиланд. Онҳо дарк накардаанд, ки абарқудратҳо ҷомеаи башариро байни худ тақсим карданианд ва дар ин роҳ аз қувваи бедонишон суд меҷӯянд, пайравони мутаассибу ҷоҳилро чун василаи татбиқи аҳдофи нопок ба кор мегиранд ва танҳо ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расиданианд.

Аз ин ҷиҳат, пайдоиш ва густариши зуҳуроти ифроту ифротгароӣ дар замони мо рукни ҳадафмандонаи сиёсати нопоки абарқудратон дар робита ба олами ислом аст. Дар ҷое, ки дониши динӣ ва пазириши дини Ислом андаке қафо монда бошад, бозори ифротандешӣ ва қаллобӣ дар авҷ хоҳад буд. Ҷое, ки мусулмони ноогоҳ ҳаст, оташи низоъ ҳамеша дар ҷӯш ва пойбарҷост. Чаро ин гуна афрод андеша надоранд, ки ҳамин ноогоҳии маҳз дар ҷомеаи мо яке аз сабабҳои аслии харобиовар дар ҷанги қавмӣ гардида буд?

Ин гуна афрод бо кӯмаки хӯҷаинон ва навкарони хориҷӣ хоҳонанд, ки ҳаёти ба назарашон ҳамвор, рӯзгоре мутафовит аз рӯзгори дигарон, ҳаёте пуросоиш ва пурайшу тараб бо онҳо бошад, аммо бехабар аз он ки бо чунин фаҳмиш расидан ба «биҳишт»-и мутлақ ғайриимкон аст. Инҳо намедонанд, ки даст ёфтан ба ин гуна рӯзгор бо сарсупурдагӣ, дилдодагӣ ва садоқати бемисл ба Ватан, ранҷу заҳмат барои Ватан ва кам шудану ғам хӯрдан ба Ватан имконпазир аст. Инҳо қобили дарк нестанд, ки бо ин шеваи ифротандешиву ифротгарӣ ҳаёти аҳли ҷомеа ва худу наздикон дар хатар хоҳад буд. Аз сабаби он ки зуҳуроти ифроту ифротгарӣ ба тоҷикон нав ва ҷараёни воридшуда ё ба истилоҳ «оварда» аст, ҳаллу фасли ин амр дар ҷомеаи мо мушкиле фаровон дорад.

Ин шеваи андешаи равандагони норости зиндагӣ – ифротгарон боиси падид омадани силсилаи фоҷиаҳои ҳангуфт ва гӯшношунид дар ҷомеаи имрӯз гардида ва таваҷҷӯҳи бевосита ва ҳарчи бештари ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба ин амали нангину фоҷиабор ва эълон кардани мубориза ба зидди ифротгароӣ низ баста ба ин масъалаи ҳаётан муҳиму мубрам дорад. Ҳукумати Тоҷикистон хеле хуб ва равшану усулӣ дарк кардааст, ки мубориза бар ин амали нохушоянди ҷомеаи башарӣ ва решакан кардани он бо ҳама мушкилоти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониаш барои аз ноамнӣ баровардани кишварҳои дунё ва ҳаллу фасли силсилаи муаммоҳои зарурӣ муосидат хоҳад кард. Ин кӯшишу ибтикор мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб афзуда, симои воқеии онро дар пеши чашми ҷомеаҳои мутамаддини башарӣ баланд хоҳад бардошт.

 

Директори муассисаи таҳслот асосии № 43 – ноҳияи Мӯъминобод НаимовМ

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад