Главная > --- > БОЗ ЯК ШОХИ ПМТ ШИКАСТ

БОЗ ЯК ШОХИ ПМТ ШИКАСТ


6-05-2020, 15:10. Разместил: adminn

Аз 19 марти соли 2020 Додгоҳи олии Тоҷикистон, сомонаи "Akhbor.com”-ро бо аризаи Юсуф Раҳмон - додситони кулли ҷумҳурӣ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи додситони кулро баррасӣ карда, бо ҳалнома аз 18 феврали соли 2020қонеъкард.

Додситони кул бо ариза муроҷиат карда, хостори манъи сомонаи "Ахбор.ком” ва паҳни маводи он дар қаламрави Тоҷикистон шуд. Аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ карданифаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.comё "Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва "наҳзат.ру” («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.comё "Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии "Ҳизби Наҳзати Ислом”, "Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Мирзои Салимпур, сардабири Ахбор изҳор дошт, ки ин қарор бе огоҳӣ ва даъвати намояндаи ин расона қабул гардида, нақзи озодии матбуот мебошад. Салимпур таъкид намудааст, ки расонааш тарҳи мустақили журналистӣ буда, ба касею гуруҳе хизмат намекунад ва танҳо пойбанди арзишҳои рӯзноманигорист.

 

Хидиров А, омӯзгор

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад