Главная > --- > ТЕРОР ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

ТЕРОР ВА ХАТАРИ ОН ДАР ҶОМЕА


8-05-2020, 09:45. Разместил: adminn

Терор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарин муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модериизатсияи ашёи моҷарогароӣва муқовиматҳои иҷтимоӣқавӣменамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё ки даст ба истифодаи зурии канораю ғайриқонунӣмезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне, ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣфақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав буда, ҳануз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣбарои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Ҳатто дар андешаҳои муҳақиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофонтеррор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «Террор» дар маънои расмиаш истифода намегардад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣрасидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба этиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гунгуни дунёро бовар кунониданӣмешаванд, ки сиёсати давлатдорӣбар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣяке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуниҷомеашиносӣмавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Ин раванди номатлуб ҷомеа башарриро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣтамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳама ҷонибан ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зиддии он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субекти дигаре бо масъалаҳои мухталифитерроризм ва шаклҳои дигари экстремизм сиёсӣалоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзишие ин падидаи номатлуби иҷтимоӣравонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣва терроризми сиёсӣ пешсаф аст.

Қурбони терроризми дар ин ё он минтақа ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣчунин аст: «Ин содир намудани амалҳои мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Директори муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №1: Латифов Ҳ.И

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад