Главная > --- > Ман аз бегонагон чӣ нолам …

Ман аз бегонагон чӣ нолам …


14-07-2020, 14:58. Разместил: adminn

Вобаста ба авзои ҷомеа дар дохили кишвар ва берун аз он ҳастанд душманону дасисабозоне, ки пайваста дар нооромгардонидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дасти нопоки худро дароз мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуна ноҷавонмардон бо мақсади паст намудани обрўи давлати навини тоҷикон ва резондани обрўи фарзона фарзандони миллати тоҷик, ки дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор мебошанд ғаразҳои шахсии худро бо ҳар роҳ паҳн менамоянд. Охир ин ҷоҳилон дар ин кишвар таваллуд шудаанд ва аз обу хоки ин диёр ба камол расидаанд вале ба нуфузу пешрафти ин сарзамин аҷдодӣ андешаҳои дуруғин ва иғвогароёнаи худро бар сари ёру бародарону хоҳарони худ мезананд. Мақоли мардуми мо ҳаст, ки «Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, ки бар ман ҳар чи кард он ошно кард».

Воқеан дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ин сарзамини бостонӣ дасти хайри бошандагони ин миллат зиёд аст лекин бародароне, ки як давра сари як дастархон мо якҷо нон мехурдем имрўзҳо чи дар гўшаю канори кишвар ва чи дар беруни кишвар пинҳон шуда ба шахсиятҳое, ки дар ҳақиқат тавонистанд ҷони худро дар хатар гузоранд ва миллатро аз прокандагӣ наҷот бахшанд таҳдид мекунанд ва хусуматҳои шахсии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо менамоянд. Худованд ин нокасонро аз Ватан бенасиб гаронидааст вале онҳо дар ҷустуҷўи айби миллати тоҷик ва шаҳрвандони ватандор ҳастанд. Ба ҷои он, ки нуқсону камбудиҳоро дар кишвари азизамон дар якҷоягӣ бидуни ғараз ҳалу фасл намоем вале эҳсос карда мешавад, ки ин хиёнаткорон кинаю адовати разилонаи худро ошкор карда бар сари миллати тоҷик ҳаргуна падидаҳои номатлубро бор менамоянд. Хиёнаткорон бо роҳбари худ Муҳидин Кабирӣ дар давлатҳои аврупо паногоҳи сиёсӣ талаб намуда баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ талош меварзанд. Дар яке аз навори ҷолиби шабакаҳои иҷтимоӣ падари собиқ роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳидин Кабирӣ ба писараш мегўяд: писарам Муҳидин, ҷону ҷигарам баргард биё ба Тоҷикистон охир ин Пешвои миллати тоҷикони дунё ҳамаро бахшиш намудааст туро низ мебахшад, вале ин писари саркаш ба Тоҷикистон наомад ва ҷанозаи падари худро тариқи телефони мобилӣ хонд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 Мусоева Мунираsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад