Главная > --- > Тоҷикистон Ваҳдат муборак бод

Тоҷикистон Ваҳдат муборак бод


23-07-2020, 15:44. Разместил: adminn

Дар кишвари мо тоҷикон ҳаррӯз ҷашни Ваҳдат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Роҳу биноҳои нави замонавӣ сохта шудаистодаанд. Рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии ҳалқ рӯ ба инкишоф ниҳодаанд. Мардум дар сулҳу субот ва амнияти комил қарор доранд. Модари тоҷик танҳо ашки шодӣ мерезад. Кӯдакону наврасон дар фазои осоиштагӣ илмҳои замони худро аз бар менамоянд. Равобити байни давлатҳо кушода аст. Миллат тоҷик арзишҳои миллии худро ҳифз менамояд ва ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги тамадунофари худро ба ҷаҳониён муарифӣ менамояд. Миллати тоҷик дигар ниёз ба фарҳанги бегона надорад.

Нотавонбинон ва ҳасудон аз ин дастовардҳои беназири миллати тоҷик ба хашму ғазаб омада санги маломат мезананд. Ду дидаашон кур шудааст то бубинанд ин ҳама дастовардҳоро. Хашму ғазаб ва адовати худро бо суханҳои ноҷо ва беасос тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фош месозанд. Ин ҳама буҳтону хусумат ба дардашон даво аст вале намедонанд, ки дур аз Ватан мемиранду дар ёди Ватан обу адо мешаванд. Охир ин миллат душманони худро мешиносад ва медонад, ки хиёнаткор дар ҳар ду дунё хору залил аст.

Миллати ҷафокашидаи тоҷик аз таърихи худ сабақ мегирад ва намегузорад ин кишвари биҳиштосоро нокасон ва курнамакон соҳибӣ намоянд. Ин кишвари соҳибистиқлол дорои муқадасҳои миллӣ мебошад ва пайваста дар талоши ҳифзу нигаҳдории мероси аҷдодон аст. Тоҷикистон туй дорад дар ҳар хонадон. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳама имкониятҳоро баҳри зиндагии шоиста муҳаё сохтааст. Танҳо мо сокинони ин кишварро зарур аст, ки баҳри беҳбудии зиндагии шоиста аз имконятҳои ҷойдошта истифода барем. Моро мебояд ба суханони ноҷою ҳақоратомези хиёнаткорони миллат гӯш нандозем ва паи ободкорию созандагӣ бошем то ки як мулки обод ба наслҳои оянда боқӣ гузорем.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 Сайфулоев Қ

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад