Главная > --- > Бори каҷ ба манзил намерасад

Бори каҷ ба манзил намерасад


6-08-2020, 16:03. Разместил: adminn

Дар филми Хиёнат чеҳраҳои манфуру душманони миллати тоҷик зери танқид гирифта шуданд. Баръало ошкор кардани хиёнаткорон ба манфияти рӯзгори миллати тамадунофари тоҷикон мебошад, чунки ин миллати бунёдгару созанда аз таҷрибаи талхи таърихи солҳои 90 – уми асри гузашта хеле хуб огоҳ ҳастанд, ки ин миллати ҷафокашида дигар тобу тавони дурӯѓи нафарони мухолифонии кишвари азизамон Тоҷикистонро надоранд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ душманону хиёнаткорон бо шакли даъват ва хусумати шахсӣ ру ба майдони сиёсат оварда буданд. Ҳатто зимоми давлатро ба роҳбарӣ гирифта буданд, худро бунёдгари давлати навини Тоҷикистони исломӣ эълон намуда буданд. Ба биноҳои ҳукуматӣ даромада мақсадҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Дар атрофи шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ мактабҳоро баста буданд. Нагузоштанд духтарони наврас ба таълим фаро гирифта шаванд. Мегуфтанд, ки духтар хонда чӣ мешавад. Вале бори каҷ ба манзил намерасад.

Имрӯзҳо ба шакли дигари даъват ва хусумати шахсӣ ба мардуми миллати сулҳпарвари тоҷик ва ба фарзона фарзандони аҳолии Тоҷикистон сару садоҳо баланд карда мехоҳанд ба сарҷамъии ин миллати осуда халал ворид созанд. Охир ин миллат чигуна худро ба вартаи ҳалокат меандозад ва арзишҳои миллии худро сарфи суханҳои пучи хиёнаткорон менамоянд. Хиёнаткорон ва душманони ашади миллат аз ҳамагуна васоитҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ мисли рӯбоҳи ҳилагар худро ба нақш дароварда бо эҳсоси мамардум бозӣ мукунанд.

Дар Тоҷикистон вазишгпрон, муҳандисон, омӯзгорон, табибон ва олимон ба муваффақиятҳо расидаанд. Ин мухолифони мисли кару кӯр аз беҳтарин ормонҳои ин миллати бунёдгар чизеро огоҳ нестанд. Зери бо маслиҳатҳои хоҷагони хориҷии худ умри ширини худро бар бод медиҳанд. Намедонанд, ки бори каҷ ба манзил намерасад.

Шариф Сафар:

Корманди соҳаи маорифи ноҳияи Муминобод

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад