Главная > --- > ФИРЕБУ ИҒВО – УСУЛИ ДЕРИНАИ НАҲЗАТИЁН!

ФИРЕБУ ИҒВО – УСУЛИ ДЕРИНАИ НАҲЗАТИЁН!


21-10-2020, 13:54. Разместил: admin
Аслан ба сиёсат коре надорам, чунки аз он бӯе ҳам намебарам. Вакте ба сиёсат ҳар ношустару, бесавод, дайду, фосиқу гумроҳ кор мегирад, низом гум мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фард касбу кори худро пеша кунад, шуғли худро дуст дорад, такмил диҳад ва аз он баҳра барад. Вақте, ки ҳар як кузафурушу ордфурушу к**фуруш ба сиёсат дахолат мекунанд, он ба як дукони чарчинфуруш табдил меёбад. Шояд мо аз сарсахттарин миллате бошем, ки умре мӯҳтоҷи панду насиҳатем. Ягон миллати пешрафтаи олам ба мисли мо- қавми тоҷику форс абармарду нобиғаҳои оламшумул надошта бошад. Рудакиву Сино, Хайёму Ҳофиз, Фирдавсию Саъди, Соибу Бедил ва ғайраву ва ҳоказо.. Насли имрӯзаи тоҷик (маҳз тоҷик!!!) шеъру қасидаву ғазали 1200-1300 сол пеш навишташудаи ин нобиғаҳоро бе ягон луғату бе ёрии ягон тарҷумон хуб ва ба осонӣ дарк мекунад. Бо гузашти асрҳо ҳатто калимае иваз ва иборае тағйир наёфтааст. Ин аз бузургии забону фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати мо гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол мегирем, давлати абарқудрати Россия. Насли имрӯзаи рус забони ҳадди аққал 2 аср пеши худро на танҳо намефаҳмад, балкӣ бо луғат тарҷима карда наметавонад. Ва ҳазорон чунин мисолҳо овардан мумкин аст.. Бояд қайд намоям, ки хусусияти ҳама ашъори классикони мо панду насиҳатӣ аст. Яъне мо аз қадим муҳтоҷ ба насиҳатем. Ин муқадимаи таърихии ман ба чӣ хотир аст? Биёед ба қалби таърихи қадима, ба садҳо ҳодисаҳои таърихӣ, ба шикасту парокандашавиҳои миллат ғарқ намешавему, ҳодисаҳои нангини начандон пеши худро ба ёд меорем. Аввалҳои соли 1990 мо мардуми меҳнаткаши деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Туркманистони ноҳияи Вахш ба фиребу найранги Хизби наҳзати ислом бовар карда, хурду калон вориди сиёсате, ки аз он буй намебурдем, гардидем. Саркардаҳои ин ҳизби козиб С.А.Нуриву, Ҳимаматзода, Эшони Қиёмиддину Тураҷонзода ва дигарон мардумро чунон гӯл заданд, ки асрҳо фаромуш намешавад. Оқибат қатлу куштор, хонасузӣ, сарсонӣ, саргардонӣ, фирор, беватанӣ, гушнагиву ташнагӣ ва сари хам назди мардуми афғон.. Захмҳои қалбиву равонӣ ва рӯзҳои мудҳиши он солҳои наҳс то ҳол аз пеши назар дур намеравад. Дар ин ҷо беихтиёр шеъри ҷовидонаи устод Рудакӣ ба ёд мерасад: Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рузгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.. Лекин, вой бар ҳоли ману он касоне, ки натавонистем дар қалби фарзандони худ мафҳуми муқаддаси «ҳуббулватан»-ро ҷой кунем, аз роҳи нодуруст рафтаи худ қиссаҳо кунем. Баръакс, ба мисли тоифаи ношукр ва оштинопазир ба насли худ насиҳат додем, ки кори нобарори моро анҷом бидиҳанд. Ба тафаккури онҳо ақидаҳои ғализи ифротгароёнаро ворид кардем. Дар натиҷа онҳо низ ба чоҳи фиреб дарафтоданд, сангари муқовиматро ихтиёр карданд, аз лухтаке ба худ роҳбар тарошиданд ва мехоҳанд боғи давлати худро бо дасти душман решакан намоянд. Ростӣ, ба ҳамаи ин ношукрбандагон дилам месӯзад. Зеро намедонанд, ки чеҳраи наве ки интихоб карда, дар ҳавои фиребу найранг ва «хушлаҳнӣ»-ҳои ӯ маст шудааанд, онҳоро ба коми марг мебарад. Муҳиддин Кабирӣ дар қиёс бо роҳбарони пешинаи хизби наҳзат ба куллӣ фарқ мекунад. Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш мекунад, ки хушмуомила ва баодоб бошад, гӯё «босабру таҳаммулпазир» аст, аммо дар миёни мардуми оддӣ кибру ғурурашро бараъло нишон медиҳад. Аз ҷавонӣ «ҳушёру зирак» буда, вазъиятро ба манфиати худ истифода мебарад. Ба он нигоҳ накарда, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи мухолифини тоҷик қарор дошт, баъди фирори ин гурӯҳ на бо онҳо ба Афғонистону Эрон мегурезад, балки ба Федератсияи Россия паноҳ мебарад. Ба замми ин бо истифода аз маблағҳои ҲНИ дар Академияи дипломатӣ таҳсил мекунад. Ҳарчанд ӯ худро ҳамчун шахсияти дорои андешаву тафаккури исломӣ дар шакли муосир нишон медиҳад, аммо ин гумроҳаконе, ки дар иҳотаи ӯ қарор доранд, пай намебаранд, ки ин рӯҳия як ниқобест барои истифодаи онҳо дар роҳи расидан ба мақсадҳои нафсиву молиявии худ. Кӯшиш мекунад, ки ҷамъшавӣ ва воридшавии маблағҳое, ки аз душманон ба даст меорад, зери назорати бевоситаи худ қарор диҳад. Талош дорад, то дар Аврупо ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби муътадили замонавӣ ва дар доираи арзишҳои демократӣ амалкунанда нишон диҳад. Лекин фаромуш набояд кард, ки ҲНИ ҳамон бародари бузурги «ДОИШ» аст. Новобаста аз он, ки аз кирдорҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиркардаи худ хиҷолат мекашем, бар замми ин фарзандони мо ин хатокориҳои моро такрор карда истодаанд. Аз ин рӯ, дигар хомуш буда наметавонам. Дилам мекафад. Ба хулосае омадам, ки ҳам матлабе менависаму ҳам навори видеоие нашр мекунам. Тақрибан 2-3 рӯз пеш ба ман як нафар дустам занг зада, бо изтироб аз ҳолу аҳволи ман пурсон шуд. Ба шухӣ пурсидам, ки «хоби баде дидаӣ, ки чунин пурсупос карда истодаи?». Гуфт «не, аз изхороти видеоии ҷиянат Давлатов Ҳуҷҷатулло дар шабакаи «Ютуб» хавотир шудам. Ба гуфтаи ӯ, туро гӯё мақомоти амнияти ноҳияи Вахш чунон лату куб кардаанд, ки на гап зада метавонӣ ва на ҷумбида..». Дар ҷавоб хандидаму гуфтам, ки «ман то ҳол идораи амнияти ноҳияро надидаам, бо ягон масъалае муроҷиат ҳам накардаам ва ягон корманди ин макомотро намешиносам. Иншоаллоҳ хубу сиҳату саломатам ва аз ҷои корам баргашта истодаам». Новобаста аз заҳрханда, дилам дар ташвиш афтод ва аз як нафари шиносам хоҳиш намудам, ки ин наворро аз шабакаи «Ютуб» ба ман нишон диҳад. Вақте дидам, ки Ҳуҷҷатулло бо ришу муйлаби давидааш бо шеваи муътадилу сипас бо эҳсосот мегуяд, ки Хукумати ҶТ бо дасти макомоти амният хешовандони маро зери тақибу фишор қарор дода, тағои ман Саидов Абдулғаффорро то ҳадди мурдан задаанд, дилам аз ин бадбахт монд! Майлаш, ба гуфти бобои Файз «дуруғ ки мегӯӣ, як дуруғи заминӣ гӯй, эй аблаҳ!». Дар интиҳо ба хулосае омадам, ки тамоми навору ролику изҳоротҳои ин қавми гумроҳ, ки дар давлатҳои Аврупо ба сиёҳ кардани давлату миллат машғул буда, ҳамаро ба ҷанг даъват карда истодаанд, ДУРУГ, БУҲТОН, ДАСИСА, ИҒВО ва СОХТА аст!!! Ба ин касофатҳо (бародарам маро бубахшад, ки нисбати писараш чунин мегуям), бовар накунед. Ҳуҷатулло, ту фикр намекунӣ ки офтобро бо доман пушида намешавад? Вақте ки ман навори видеоии ҷавобӣ гирифта ба барномаи «Имо»-и ту фиристодам, туи бешарм ба ман посух дода натвонистӣ! Аз ту охирин бор хоҳиш мекунам, ки аз ин роҳат баргард. Агар не, пас туҳмат накун! САИДОВ МУҲАММАДҒАФФОР АБИДОВИЧ, собиқ аъзои Ҳизби наҳзати ислом, сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи н.Вахш,silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад