Главная > --- > НОМУСРО ҲАМ ФУРӮХТАНД...

НОМУСРО ҲАМ ФУРӮХТАНД...


22-09-2018, 07:56. Разместил: adminn
Имрӯзҳо бо як мушоҳида метавон дид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботу амният умр басар мебаранд ва ба созандагию бунёдкорӣ машғуланд. Тоҷикистони азизи мо имрӯз дорои мардуми ватандӯст, худогоҳ, сарбаланд ва бонангу номус, роҳбари созанда, бунёдкору хирадманд, Пешвои муаззам,  парчам, нишон, марз ва пули миллӣ мебошад.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба умматон ду чизро таъкид мекарданд: -тани сиҳат ва сулҳу амониро. Тани сиҳат ва сулҳу амонӣ беҳтарин неъмати Парвардигор аст. Мо бояд ба қадри ин неъматҳо, ки Худованд ба мо ато кардааст, бирасем.
Мутаассифона, чанд хоину ватанбезоре низ ҳастанд, ки ҳаргиз пешрафту тараққиёти кишвари моро чашми дидан надоранд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ барои исботи ин гуфтаҳо мисол шуда метавонанд. Кабириву пирону муридони ӯ буданд, ки сабабгори бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри ХХ гардиданд, мардумро ба хоку хун оғушта намуданд ва чунин амалҳои ноҷавонмардонаро то ҳол идома медиҳанд.
То ҳол Кабирӣ ва пайравонаш барои амалӣ намудани орзуву ғаразҳои соҳиб шудан ба мансабу мақомҳои баланд дар Тоҷикистон аз дин ва мазҳаб рӯирост суиистифода мекунанд. Бо ба даст овардани маблағҳои хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд вазъи имрӯзаи кишварамонро ноором намоянд. Дар Аврупо барои нооромии вазъ ба макр, ҳила ва фитнаҷӯи машғуланд. Аз номи халқи тоҷик сухан мегӯянд. Ҳол он ки мардуми Тоҷикистон аз Кабирию ҳаммаслаконаш безор ҳастанд ва кӣ будани ин чеҳраҳоро медонанд. Чанде қабл чеҳраи касифи ин ҳизби ба ном исломӣ баъди баромади ду муассису саркардаи ТЭТ ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Айёмиддин ба ҷомеа боз ҳам равшантар гардид. Маълум шуд, ки Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ аз ҷониби хоҷагони хориҷаи ба масал "гандумнамои ҷавфурӯш”мабалғгузорӣ мешудаанд. Номбурдаҳо ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуданд. Аз он маблағҳо М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш соҳиби хона, заводу фабрикаҳо ва мошинҳои боҳашамат гардиданд.
Табадулоти Ҳоҷӣ Ҳалим бо гурӯҳаш исбот намуд, ки маблағгузор ва гунаҳгори асосӣ дар ин амалҳои номатлуб Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ мебошанд. Маълум гардид, ки ҳанӯз ТЭТ ҲНИ ба халқу миллат ва мазҳаб хиёнат мекунад.
Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ба сулҳу ваҳдат ва амнияти кишварамон хатар эҷод мекунад. Онҳо ба василаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо ва маводҳои бардурӯғу иғвогаронаро паҳн менамоянд. Мехоҳанд ҷавонону афроди ноогоҳро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд.
Имрӯзҳо Кабирӣ ва пайравони ӯ дар хориҷи кишвар барои расидан ба ҳадафҳои зишти худ аз гуфтани ҳар гуна туҳмат ва таҳқири беасоси ҳукумати қонунӣ ва шахсиятҳои арзандаи Тоҷикистон рӯй намегардонанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон шаҳди сулҳу ваҳдат ва амнияти миллиро чашидаанд. Миллати тоҷикро дигар ба ҳарфҳои пучу беасос фиреб карда намешавад. Халқи тоҷик фаҳмид, ки ин "шахсиятҳо" чӣ мехоҳанд ва барои расидан ба ғаразҳои шахсии худ ҳатто шаъну шараф ва номуси худро мефурӯшанд.
А. Имомов
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад