Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ҷомеаи имрӯза дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, амният, адолату якдигарфаҳмӣ зиндагии шоистаеро паси сар карда омада истодааст. Бесабаб нест, ки аксари бузургони адабпажӯҳиш зиндагии шоистаро дар амният, оромии мамлакат ва сулҳу субот ихтисос кардаанд. Маҳз, сулҳу субот, амният, якдигарфаҳмиву ягонагӣ буд, ки имрӯз кишвари азизи мо бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфта истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки оила ва ҷомеа аз давраҳои қадим ба машварату маслиҳат ва панду насиҳати бузургсолону пешвоён ниёз доштанд. Гузаштагони мо кӯшиш менамуданд, ки ҳар як кори ба нақша гирифтаи худро тавассути маслиҳат ва машварати волидайн ё одамони бузургсол ба сомон расонанд, то ки дар амали онҳо нуқсе вуҷуд надошта бошад. Ин амали неки онҳо буд, ки мо меросбарону ворисон анъанаи неки онҳоро то ба имрӯз дар зиндагӣ ва рӯзгори хеш мавриди истифода қарор дода истодаем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешво дар ҳар як гузоришу паёмҳо, на танҳо доир ба сиёсати кишвар сухан мекунанд, балки насли наврас ва ҷавонони мамлакатро бо панду насиҳати падарона барои ободии кишвар, амният, сулҳу субот ва гулгулшукуфии он саҳмгузор буданро хотиррасон менамоянд. Мақсади панду насиҳати Сарвари мамлакат ба насли ҷавон аз он иборат аст, ки онҳо истиқлолияти кишвар, ободии ватан, сарсабзии шаҳру деҳот, хуррамии мардуми диёрро дарк карда тавонанд. Ҳамешагӣ онҳо рушди мамлакати имрӯзаро бо дигар мамлакатҳо қиёс намоянд ва то нерӯ дар бадан доранд ба Ватани хеш саҳмгузор бошанд. Албатта саҳмгузории онҳо ин хониши баланд, фарҳанги шоиста, хулқу атвори писандида ва арҷгузорӣ ба обу хоки диёр маҳсуб меёбад.
Дар китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» омадааст: «Сарвари давлат шаҳри Душанберо симои давлату давлатдорӣ ва тимсоли фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии миллат номида, аҳли пойтахтро ба тозаву озода нигоҳ доштани он ва истифодаи дилсӯзона аз чунин мактабҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки аҳли пойтахт дар таҳсили илм, бо одобу ахлоқ, либоспӯшии зебои миллӣ ва ҳисси ифтихор аз давлату давлатдории худ бояд барои дигарон аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошад»
Дар ҳақиқат, таъкидҳои болоии Пешвои миллат оид ба давлату давлатдорӣ, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, ба макотиб муносибати нек намудан, ахлоқи неку одоби шоиста доштан, аҳамияти махсус додан ба либоспӯшӣ, ифтихор кардан аз миллату давлати хеш ва намунаи ибрати дигарон будан амри зарурӣ буда, бояд мо ба пиёда сохтан ва амалӣ гаштани афкори болоӣ камари ҳиммат бандем. Бояд қайд кард, ки имрӯз ҷаҳон кишвари азизи моро на танҳо бо зебогиҳои табиати фараҳафзои кишвар, балки бо фарҳангу маданият ва одобу ахлоқи шоистаи таҳсин мешиносад ва эҳтиром менамояд. Панду андарз ва насиҳатҳои Пешвои миллат буд, ки ҷомеаи кишвар рӯ ба рушду инкишоф ниҳода истодааст ва ин болоравиҳо маҳз бо эҳтимом ва талошҳои Сарвари мамлакат амалӣ гардида истодааст.
Яке аз омилҳои асосии тамаддунофаронаи Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ такя ба таърихи ниёгон ва фарҳанги бойи халқи тоҷик тавонист ҳамватанонро дар ягонагиву ваҳдат муттаҳид намояд ва ин якдилӣ аз панду насиҳати ҳамарӯзаи Пешвои миллат ба вуҷуд омадааст.
Дар китоби «Президент» (3) натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлӯи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёдкориву созандагӣ, амнияти кишвар ва сулҳу субот, тарѓиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносию миллӣ ва омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва ҳамчунин дар самти ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлати Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон инъикос ёфтаанд мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Директори муассисаи таълимии № 12 Самадова Гулрухсор
silvenpsp.rusferurezki.ru