Главная > --- > “Ҳизби наҳзати исломӣ пайравони толибон ҳастанд.”

“Ҳизби наҳзати исломӣ пайравони толибон ҳастанд.”


9-11-2020, 15:26. Разместил: admin

Бо наздик шудани интихобот имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем,ки душманони думбуридаи кишвари азизамон аз қабили Муҳиддин Кабирии наҷас, Муҳаммадиқболи Садриддини палид ва чанде дигарон пешравиву ободиҳои кишварамонро нодида гирифта ба Президенти муҳтарами Ватанамон суханҳои муғризона ва туҳмату буҳтонҳои подарҳаво зада истодаанд. Ин беномусон мардуми азизи моро шарм надошта ба инқилоб кардан даъват намуда истодаанд. Корҳои бади хешро аз қабили қатлу кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ, ки дар соли 1992 то соли 2001 бераҳмона анҷом доданд фаромӯш сохтаанд. Фикр мекунанд ин мардум ва ҷавонони нозанини ин кишвар мисли даврони ҷанги шаҳрвандӣмебошанд, ман ба ин гурӯҳи хиёнаткор посух медиҳам, ки онҳо ҳазорон бор хато кардаанд ин мардум ва ҷавонони баору номуси ин даврон ҳама пайравони Пешвои миллатанд ва барои аксари ҷавонон идеалашон Пешвои миллат аст хусусан барои ман, ки заҳматҳои ин шахсияти таърихиро аз даврони ҷанг то ҳол бо чашми сар дидам ва дида истодаам. Ман дидам ва мушоҳида кардам, ки ин фарди худодод ва далеру ҷасур, ҷавонии хешро барои оромиву ободии ин кишвар фидо кард ва кишвари азизамонро ободу зебо намуд. Шоире дар ин маврид хуб фармудааст:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад.

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе суи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Оре Пешвои Муаззами Миллатамон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҷавонии хешро фидо карданд, то кишвари азизамонро, ки наҳзатиёни толибӣ ба хуну хок кашида буданд ва қариб буд ин Ватан аз дасисаҳои ин палидон аз байн биравад, аз пора шудан ва нобуд гардидан наҷот бахшиданд. Ҳар нафаре, ки заҳматҳои ин фарди накусиришту ғамхори миллатро ба назар намегирад ва ё нодида мегирад ба қавли шоир Бадриддини Ҳилолӣ "Ё одам нест ва ё аз ин олам нест”. Имрӯз рӯзе фаро расидааст,ки мардуми мо бояд аз пештара дида зирактару ҳушёртар шаванд. Яъне ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Муҳиддин Кабирии палид мехоҳад Тоҷикистонро мисли Белорусия ноором кунад. Садҳо бор иштибоҳ кардааст. Дар ҳадис омадааст, ки "Мусалмонро аз як сурохӣ як бор мор мегазад”. Шумо нобакорон ва хиёнаткорон як бор ин мардумро газидед дуюмбора, агар заррае имон ва номус доред ин мардумро нагазед. Инҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон қудрати сиёсиро ба даст оваранд баъд кишварро ба монанди Афғонистони давраи толибӣ бикунанд.

Мехоҳам ин ҷо оид ба толибон аз андешаи Аҳмадшоҳи Масъуд оид ба толибон бо ривояти ҳамсараш Сидиқаи Масъуд мисоле биёрам. Толибон як рӯз аз амир соҳиб хостанд, ки ӯ ба майдони шаҳр биравад. Субҳ вақте ғайри муссалаҳ ва фақат ба ҳамроҳи се нафар озими он ҷо шуд ба ман гуфт: ”Агар ҳукуматро бихоҳанд бо камоли майл ба онҳо вогузор мекунам”. Вақте ки баргашт дар ҳоли изтироб ба назар мерасид гуфт: "онҳо фақат ду шох кам доштанд!”. Ин истилоҳ ба ин маъни аст, ки онҳо он қадар ваҳшӣ ҳастанд, ки барои табдил ба як ҳайвони комил, фақат ба шох эҳтиёҷ доранд. Онҳо раисе (роҳбаре), ки дархури (арзандаи) номашон бошад надоштанд ва суханони таҳқиромезеро бахусус ба занҳо нисбат медоданд ва аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ иттилое надоштанд, ӯ ваҳшатзада барои ман таъриф кард, тасавурашро бикун онҳо ҳатто маро мулло соҳиб номиданд!”.

Баъди овардани ин матлаб қазоват аз Шумост хонандагони закиву хуштабъ. Бояд мо дигарбора фиреби хиёнаткорони ин Ватанро нахурем.

Имрӯз мебояд ҳар як шаҳрванди кишвар барои садоқат ва ҳифзу ободии Ватани азизамон дар атрофи татбиқ намудани ормонҳои миллатсозии Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда ин кишвари биҳиштосои моро боз ҳам ободтар намоянд.

Љамшед Одинаев,

аз шањри Кўлоб,

муаррих

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад