Главная > --- > ДАЪВОҲОИ КУҲНАИ ТЭТ ҲНИ ДАР ҚОЛАБИ КУМИТАИ НАВИ НАҲЗАТӢ

ДАЪВОҲОИ КУҲНАИ ТЭТ ҲНИ ДАР ҚОЛАБИ КУМИТАИ НАВИ НАҲЗАТӢ


10-10-2018, 14:32. Разместил: adminn
Дар яке аз сомонаҳои наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ Кумитаи нав таъсис ёфта, наҷоти зиндониёнро бар уҳда гирифтааст. Ҳамон зиндониёне, ки дар содир кардани  ҷиноятҳои террористӣ, табаддулоти ҳарбӣ, иқтисодӣ-коррупсионӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва одамрабоӣ  даст доранд ва тибқи адолати судӣ, ки талаботи кулли ҷомеаҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта аст, адои ҷазо менамоянд.Таваҷҷуҳ фармоед: ТТЭ ҲНИ, ки худро наҷот дода наметавонад, акнун наҷоти дигаронро ба зимма гирифта, дар ин самт барномаҳои навро дар симои Кумитаи шаҳрвандӣ рӯйи даст мегирад (албатта, бо кумак ва мусоидати хоҷагони хориҷӣ). Ба даъвиҳои масъулини Кумитаи нав хостем чанд назари худро баён намоем:
     1.Аҷаб корҳое дар дунё сурат мебанданд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи наҳзатиёни фирорӣ тааллуқ мегирад. Ҳама корҳо, мисли ин ки анҷом ёфтаанд ва навбат ба таъсиси созмони нав – «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» расид. Бубинед, Кумитаи нав ҳам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таҷассум мекунад ва гӯиё ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсӣ? Ҳа, фаҳмо, зиндониёне, ки танҳо ба тими наҳзат тааллуқ мегиранд. Дигар зиндониён, аслан ба дарди наҳзат ва доираҳои ба он наздик намехӯранд. Ин аст, ки Кумитаи нав талабот ва муқтазиёти худро дар доираи зиндониёни наҳзатӣ, ки бар асари ҷиноятҳои террористӣ паси панҷара қарор гирифтаанд, маҳдуд мекунад. Дигар ин ки муҷриёни Кумитаи навтаъсис ҳам ба наҳзат ва афкори наҳзатӣ иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лиҳоз, ҳар чӣ дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доираҳои наҳзат иртиботдошта тааллуқ мегирад.
     2. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, аз ҷониби доираҳои махсуси хориҷӣ сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ мешавад, тайи фаъолияти семоҳа дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои сохтаи иѓвоангезона дар баъзе кишварҳо саҳм гирифтааст. Ба доираи фаъолияти Кумита таваҷҷуҳ мекунем: пикету флешмоб ва тазоҳуроти ба истилоҳ, густарда алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро феҳрист ва ҷинояткорони террористро реклама менамояд, аз созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои молию пулӣ ва пуштибонии сиёсӣ металабад ва саранҷом дар Аврупо паёми бегуноҳӣ пахш месозад. Гузашта аз ин, Кумита маҷаллае таҳти унвони «Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ» таъсис дода, барои он ки худ ва ҳаммаслакони террористашонро дар хориҷ реклама кунад, исми онҳоро феҳраствор зикр карда, ба ин восита бегуноҳии наҳзатро собит кардан мехоҳад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумитаи мазкур гуноҳҳои  набударо бо туҳмату буҳтон бар гардани Ҳукумати Ҷумҳурӣ зада, холи сиёсӣ мегиранд. Дар ҳоле ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мадании аврупоӣ ба ин навъ кумитаҳо ва созмонҳо, ки шуморашон ҳар рӯз ба садҳою ҳазорҳо мерасад, аслан эътибор намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки бо ташкили чунин кумитаҳо ва созмонҳои гуногун шумори муътаризони муҳоҷир намеафзояд, баръакс, ҳисоби анбӯҳи нафароне, ки алайҳи ба ном оппозитсияи тоҷик мешӯранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо «лаззати» паноҳ бурдан ба наҳзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парҳез мекунанд.
   3. Бубинед, ки масъулини Кумитаи нав рӯзи 16 сентябрро ба унвони Рӯзи зиндониёни сиёсӣ пазируфтаанд. Чаро? Чунки дар ин рӯз наҳзатиёни ҷинояткороне, ки дар табаддулоти Абдуҳалим Назарзода  даст доштанд, ба ҳабс гирифта шуданд ва Кумитаи мазкур  аз фурсат истифода бурда, ба онҳо мартабаи «зиндониёни сиёсӣ»-ро туҳфа мекунад. Паҳн кардани брошюра ва дигар маводи таблиѓӣ баёнгари он аст, ки масъулини Кумита аз як обишхӯр об мехӯранд ва обишхӯри онҳо -- ТТЭ ҲНИ мебошад. Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурӯҳ дар доираи хостҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ бароварда мешаванд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, террорист унвон мешаванд, дар баробари қонун ҷавоб гуфтаанду халос.
      4. Ба даъво ва дархостҳои ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди 13 талаб рақамгузорӣ шудаанд, посухи иҷмолии рақамӣ ироа медорем:
    1) зиндониёне, ки Кумитаи наҳзатӣ дар назар дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ, дигарандеш нестанд ва тафаккури бастаи таассубӣ ва хурофотӣ доранд. Сониян, кирдори онҳо дар ҷараёни мурофиаи ҷиноятӣ мавриди баррасии ҷиддии ихтисосӣ-ҳуқуқӣ қарор гирифта, бар асоси ҳалномаи суд ва таркиби ҷиноёте, ки муртакиб гардидаанд, равонаи зиндон шуданд. Ба ин маъно, ҳар нафари террористро, ки Кумита ба унвони «зиндониёни сиёсӣ» муаррифӣ мекунад, дар асоси қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ зиндонӣ шудаанд. Дурӯѓи дигари Кумита рӯйи фишорҳои набуда ва дурустараш, бофташуда тамаркуз мекунад. Барои бозпурсӣ даъват кардан ва гузаронидани суҳбатҳои ихтисосӣ ва тарбиявӣ аз кай боз фишор номида шудааст. Бо модари Маҳмуд Файзраҳмон ва бародари Ҷанатуллоҳи Комил, ки ҳар ду персонали мутаассиби наҳзатӣ мебошанд, суҳбат кардан фишор аст? Магар мақомоти марбутаи давлатӣ ҳуқуқи бо шаҳрвандони худ суҳбат кардан ва фаҳмонидани ҷузъиёту куллиёти ҳаракатҳои номатлуб, тундгаро ва таассубомези наздикону пайвандони ба ном «дигарандешон»-ро надоранд? Дар тамоми давлатҳои дунявӣ ва демократӣ ин тарзу усули кор мавриди истифода қарор мегирад. Агар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо наздикону пайвандони террористоне, ки ба хориҷ паноҳ бурда, барои ноором сохтани авзоъ талош меварзанд, суҳбатҳои ихтисосӣ нагузаронанд ва ба онҳо воқеиятҳоро ошкор насозанд, пас, чӣ кор кунанд?! Охир, вазифаашон ҳамин аст, бигзоред, ба вазифаашон амал намоянд. Магар дар Аврупо хешону пайвандони террористон ва ҷинояткорон ба мақомот даъват намегарданд ва бо онҳо суҳбат намекунанд? Мекунанд, вале наҳзат ва наҳзатмаобон бо шумули Кумита ин тарзи кори мақомоти қудратии аврупоиро нодида мегиранд, зеро ки ба манфиаташон нест;
     2) Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти қудратӣ пеши роҳи кадоме аз пайвандони ҷинояткорони наҳзатиро гирифтааст? Аз ҷониби дигар, баъзан барои эҳтиёт мақомоти марбута имкони хуруҷи бастагони ҷинояткорони наҳзатиро муваққатан маҳдуд мекунанд, чаро ки радду бадали бевоситаи онҳо ихтилофотро дар муҳитҳои иҷтимоӣ  ба вуҷуд меоварад ва эътирозоти мардумиро дар пай дорад (аз ҷониби қишрҳои иҷтимоӣ суолоте ба ин мазмун пеш меоянд, ки чаро пайвандону бастагони ҷинояткорон бидуни монеа ба хориҷ иҷозаи сафар доранд? Аз ин рӯ, даъвиҳои Кумитаи наҳзатӣ дар ин замина ҷуз ҳангома чизи дигаре буда наметавонад;
    3) таҳрифи воқеиятро бубинед, ки чӣ сон аз ҷониби масъулини Кумита матраҳ мегарданд. Он чи ки наҳзатиён ва масъулини Кумита ба унвони мадрак ёд мекунанд, на мадрак, балки воҳимаесту бас. Кадом нуқтаи тиббӣ ба тифлону кӯдакони ба ном фаъолони сиёсӣ кумак накардааст? Масъаларо мушаххас кардан лозим аст, ин гуна дуруѓгӯиҳо ба кор намераванд. Ҳар нафар бидуни далел гуфта метавонад, ки ба фарзандонаш кумаки аввалияи тиббӣ расонида нашудааст. Ин навъ иддаоҳоро ҳар кас карда метавонад, бинобар ин, аз дасисабозӣ канор бояд рафт. Ҳазорон табобатгоҳ, беморхона, ташхисгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва амсоли инҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъоланд, ки ба мизоҷон хидмат мерасонанд;
   4) латукӯб, нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва мавридҳои вафоти зиндониёни ба ном сиёсӣ масъалаест, ки наҳзат ҳамарӯза ба он мечаспад ва муҳимтар аз ҳама, онро ҳангома ва сенсатсия мекунад. Мо шоҳиди онем, ки чандин комиссияҳои созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дидан намуданд ва дар ин замина гузоришот пешниҳод карданд. Чаро ба  гузоришот ва изҳори назароти масъулини созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ намешавад? Ҷавоб як аст: Чунки ин навъ гузоришҳо ба дарди наҳзат ва Кумитаҳои наҳзатӣ намехӯранд;
     5) ҳеҷ мамнӯияте дар истифода аз Интернет ва корбарии шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намешавад, ба ҷуз чанд мавриди истисноӣ, ки бар асари ноҷуриҳои техникӣ-фанӣ рӯйи кор омадаанд. Ин ҷойи нигаронӣ надорад ва ҳалшаванда аст. Аммо ин навъ ноҷуриҳои фанӣ-техникиро ба сифати найранги сиёсӣ истифода бурдан дар фаъолияти чандинсолаи наҳзатӣ зиёд мушоҳида мекунем;
    6) имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳафтаномаю рӯзномаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва илмӣ-маданӣ дар доираи қавонини ҷорӣ фаъолият мекунанд ва ҳеҷ кадом мақомоте пеши роҳи интишори онҳоро нагирифтааст. Озодандешӣ ва дигарандешӣ дар ҷумҳурӣ баъзан аз ҷониби гурӯҳҳои табаҳкори наҳзатӣ, ки дар қолаби рӯҳонияти муҳофизакори дохилӣ арзи ҳастӣ мекунанд, мавриди интиқоди муѓризона қарор мегирад. Аммо мақомоти марбутаи давлатӣ саъю талош меварзад, ки роҳи гуногунандешӣ ва муҳимтар аз ин, озодандешӣ ҳамвор шавад ва демократия ва гуманизми воқеӣ дар тамоми баданаҳои иҷтимоӣ татбиқ гардад;
    7) дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои бастагони ба ном мухолифон гумоне беш нест ва дар ин замина тавтеасозӣ танҳо ба манфиати Кумита ва ҳаводори наҳзатӣ мебошаду хайр;
   8) Иқдоми мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ (дар асл ҷинояткорон) бофтаю пардохтаи ҳамин Кумита аст ва, албатта, мусодираи амволи ҷинояткор як бахши муҳимми татбиқи ҷазо дар низоми ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, агар амволи ҷинояткорони наҳзатӣ мусодира шуда бошад, ҳатман он дар асоси ҳалнома ва таъйиноти макомоти судӣ сурат гирифтааст;
    9) Эҳсон Одинаев чӣ шахсияти матраҳ аст, ки Ҳукумат ва мақомоти дахлдори давлатӣ иттилоотро дар бораи ӯ пинҳон кунанд? Эҳсонҳои ҷинояткор дар хориҷ зиёданд ва вазифаи сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти амнияти давлатӣ ҷустуҷӯ, пайгирӣ ва ба ихтиёри адолати судӣ супурдани ҷинояткорон мебошад;
    10) Дар донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷурми дидгоҳи сиёсӣ ва озодандешӣ нафаре муттаҳам нашудааст. Албатта, донишҷӯёне, ки ақидаҳои ифротии динӣ-мазҳабӣ доранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ муҷозот мешаванд. Озодандешии донишҷӯён дар муассисоти таҳсилоти олии касбӣ истиқбол мегардад ва аз ҷониби мақомоти марбута ҷиҳати таҳкиму тақвият ёфтани ҷараёни озодандешӣ тадбирҳои судманд андешида ва роҳандозӣ мешаванд. Аммо дигарандешии динӣ-мазҳабӣ, ки бар мабнои ақоиди пӯсидаи мазҳабӣ созмон ёфтааст, дарди сари на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мегардад. Ин падидаи шум (ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ)-ро дар охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми асри бист хеле хуб мушоҳида кардем ва натиҷаи манфиашро ҳам бо чашми сар дидем, ки дар вусъати он нақши наҳзат калидӣ буд;
    11) аз кадом озору азияти фарзандону пайвандони ба ном мухолифони сиёсӣ сухан меравад, намефаҳмам?! Дигар ин ки дар донишгоҳҳо донишу маърифат ва рафтору кирдори донишҷӯ мадди назари маъмурият ва ҳайати омӯзгорӣ-профессории муассисоти таҳсилоти олии касбӣ қарор мегиранд. Ба хешу ақрабо ва ҷузъиёти сиёсии хонаводаи донишҷӯ, аслан таваҷҷуҳ намешавад. Инро наҳзат ва кумитасозони наҳзатӣ хуб медонанд, вале барояшон дар ҳар самте ҳатман ҳангомае лозим аст;
    12) парвандаҳое, ки аз ҷониби мақомоти марбута, аз ҷумла прокуратура сурат мегиранд, дурӯѓин нестанд. Баръакс, ҳар як парвандае, ки нисбат ба нафарони алоҳида ва ё гурӯҳҳои ҷиноӣ боз мегарданд, бо дарназардошти таркиби ҷиноёт ва ваҷҳу далоили ҷиноӣ ба истеҳсолоти ҳуқуқӣ равона мегардад. Аз ин рӯ, бидуни далел нисбат ба нафаре парванда боз намешавад ва нафароне, ки манзури Кумитаанд, дар асоси далелҳои шайъӣ пушти панҷара қарор гирифтаанд ва парвандаҳои онон, ба ҳеҷ ваҷҳ, сиёсӣ нестанд;
   13) албатта, масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нисбат ба кӯдакон ва бастагони дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, ҳатман ба истеъфо фиристода мешаванд, агар силсилаи амалҳоеро, ки ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ирсол доштааст, анҷом дода бошанд. Ҳол он ки мақомоте дар пайи ин иддао муқассир нест. Он чиро, ки наҳзатиён солҳост дар ин замина тариқи расонаҳои ҷамъию гурӯҳи ироа мекунанд, ҷуз ҳадсу гумон чизи дигаре нест ва ҳадсу гумон, чуноне ки медонем, дар протседураи ҳуқуқӣ далел буда наметавонад.
    Дар маҷмӯъ, иддаоҳои иқтизошудаи Кумитаи нав даъвиҳои  пӯсидаеро мемонанд, ки ба худи наҳзат дахл доранд. Он рӯйхати дусаднафараи зиндониёнеро, ки наҳзатиҳо тартиб дода, иѓвогарона муҳри «сиёсӣ»-аш задаанд, дар асл, ҷинояткороне ҳастанд, ки ҳар кадом мувофиқи ҷинояти содирнамудаашон имрӯз муҳлати ҷазояшонро паси сар мекунанд. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар сентябри соли 2015, баъзеҳо бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд. Аммо гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ мебошад. Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардаанд ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Дигар наҳзатиҳо ҳарчанд ҳангома бардоранд ҳам фоида надорад. Зеро бо «сиёсӣ» хондани террористону ҷинояткорон онҳо якбора дигар намешаванд.     
ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ба тавтеаю дасиса ва иѓвогарӣ машѓул шуда, созмону ташкила ва кумитаҳои барзиёд ташкил карда, худро реклама мекунад ва як навъ нуфуз доштанашро дар Аврупо ба намоиш мегузорад. Аммо наҳзат, чи бо ҳузури Кабирӣ ва чи бидуни ҳузури Кабирӣ дар муҳити тоҷикистонӣ ва ҳам аврупоӣ, ки мардумонаш бар мабнои ақлу дониши дунявӣ зиндагӣ мекунанд, маъруфият пайдо намекунад, зеро ки роҳи иштибоҳӣ ва террористгунаро интихоб кардаанд ва инро дар ояндаи наздик хоҳем дид.
Зикриё Акрамӣ, доктори илмҳои таърих, профессор
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад