Главная > --- > Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ

Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ


1-12-2020, 13:46. Разместил: admin

Инсони комил будан дар зиндагӣ на ба ҳар кас муяссар мегардад. Барои он талошу заҳмат ва меҳнати хеле зиёде кардан лозим аст. Барои инсони комил шудан ба душвориҳои зиёди зиндагӣ рӯ ба рӯ шудан лозим аст: шабзиндадорӣ, ҷӯстуҷӯ, пастиву баландиҳо, зиддиятҳои инсонҳои нокомил, дур шудан аз лаззатҳои зиндагӣ ва ғайра. Барои ин пеш аз ҳама тарбияи дурустро дар оила, мактаб, ҷамъият гирифтан лозим аст. Тарбияи дуруст ҳам худ ба худ ба даст намеояд, то инсон худаш аз оила сар карда ба он бо шууронаю боақлона назар накунад онро ба даст оварада наметавонад. Яъне тарбияи дуруст ҳам хоси худи инсон аст. Мо худ бояд ба воситаи чизе, ё касе онро аз худ намоем, ба шарте, ки аз модар бадниҳоду бадгуҳар ба дунё наомада бошем. Агар чунин бошад, инсони комил шуданамон ғайри имкон аст, зеро ..

Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад.

Дигар ин ки барои инсони комил шудан тани солим ва ақли комил лозим аст. Мебояд, ки кас аз синни хурдӣ ба саломатии ҷисму рӯҳи худ аҳамияти зиёде бидиҳад. Барои саломат будан ба инсон албатта лозим аст, ки бинӯшад, бихӯрад, аз гармову сармо худро эмин бидорад ва ғайра. Барои ин албатта бо табиат созгорӣ пайдо кардан шарти асосӣ мебошад. Ана акнун барои инҳоро дарк кардан ва эҳтиёткор будан барои инсон чизи аз ҳама асоси рӯҳи солим ва ақлу илми комил доштан шарту зарур аст, вагарна ҳама корамон беҳуда аст. Агар ақл комил бошад, илму дониш, кичизи аз ҳама асосӣ мебошанд ба даст оварданашон осон аст. Фақат ба воситаи дониш мо метавонем, ки тамоми олами атроф, мавҷудот, коинот ва роҳи зиндагии шоистаро аз худ намоем. Барои ҳамин ба ҳар як инсони комил лозим аст, ки аз рӯзи нахустини таваллуд ба кӯдак илму доиш диҳад, то ӯ дар оянда зиндагии шоистаро аз худ намояд. Чи тавре ки дар китоби "Авесто” омадааст:

Тани солиму рӯҳи солим

Кори солимро анҷом медиҳад.

Кору рафтори солим бошад бидуни илми асил ба вуҷуд омада наметавонад, зеро ба фикри мани камфаҳм илм дар баробари ақл чизи дарккунандаи ашёҳои олам аст. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд: "Худо оламро мувофиқи мантиқу қонун офарид ва бинобар ин олам шинохташаванда аст, бо мадади илм инсон метавонад қонунҳоеро, ки оламро идора мекунанд, бишносад.” Ҳамин аст, ки аксари олимони бузурги мо ба таълимоти пайғамбари гиромии ислом "Ба дониш рӯй оваред, ҳатто агар дар Чин бошад” такя намуда, ба василаи он оламро кашф карданд ва таъкид намуданд, ки "илм ин роҳи шинохти олами табиӣ ва қонунҳои идоракунандаи он мебошад.” Чи тавре ки аз хондаҳоямон медонем дар тули таърихи инсоният илмҳои гуногун пайдо шуда инкишоф ёфтаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни оламро мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар натиҷа илмҳои табиатшиносӣ: физика, кимиё, биология, геология, анатомия, ва ғайра пайдо шуданд, ки барои зиндагии шоистаи мардум роли бузурге бозиданд. Ин буд, ки Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020..2040 ро бистсолаи Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуд, ки айни муддаост.

Азхудкунии илм инсонро ба ақидарониҳои ягона ҳидоят менамояд. "Агар инсон ба ақидаҳои худ бовар дошта бошад, оину суннатҳои дигар ба ӯ таҳдид намекунанд, баръакс, ҷаҳонбинии вайро бой хоҳанд кард”, мегӯянд олимон. Таърих чандин маротиба вайрониҳову ободиҳои оламро ба мо нишон додааст, ки дар ҳама ҳолат инсонҳо бо ақлу илми комил ба он ғолиб баромадаанд.

Дар ҷое хонда будам, ки гӯё дар Чини қадим ҳодисаҳои пурошуб ба вуқӯъ омаданд, ки аксари сулолаҳои бузурги ҳукумрон аз байн рафтанд.Ҷои ҳукумати мутамарказро сарлашкарони ба ҳам зид ва ашрофи ҷӯёи сарват гирифтанд. Олиҳимматии ҷавонмардона аз байн рафт, чандин деҳкадаҳо бо сокинонашон ба хок яксон гаштанд. Аз раҳму шафқат, анъанаву одати мардум нишоне намонд, эътибори олимон ва давлатмандон коҳид. Низоми гузашта хароб шуд, одамон наздикони худро фаромӯш намуда, аз паи маниатҳои худ шуданд. Обрӯи падару модарон коҳиш ёфт, ҷавонон суннатҳои ниёгонро дур андохтанд. Аз ин рӯ мардум ба Конфусий рӯй оварданд. Ӯ доимо мегуфт, ки аввалан "Бигзор ҳоким ҳоким бошаду хидматгор хидматгор. Бигзор падар падар бошаду фарзанд фарзанд.” Хукумати хуб бояд ба эҷоди чунин ҷомеае равона шавад, ки дар он ҳар калима ҳамон маъноеро диҳад, ки он дорад. Ҳоким бояд ҳоким бошад ва дорои ҳамаи сифатҳои неку наҷибе бошад, ки дар калимаи "ҳоким” дар назар дошта мешавад. Дар баробари ин Конфусий ба шогирдон тарбия медод: "Дар хона падару модарро ҳурмат кун. Берун аз хона калонсолонро эҳтиром намо. Ростгӯ бош, одамонро дӯст дор, некиро аз худ кун. Агар вақт ёфтӣ танҳо ва танҳо биомӯз.” Ӯ ҳамаро талқин менамуд, ки илму дониш биомӯзанд, зеро илм сарчашмаи ҳама некӯиҳост. Конфусий муаллим буд аз ин рӯ мегуфт: "Агар гузаштаро омӯхта инсон иқтидори дарки имрӯзаро дошта бошад, он вақт метавонад муаллим бошад.”

Конфусий мехост расму русум ва суннатҳои гузаштаи мардум зиндаву ҷовидонӣ бошанд, бо такмилашон, зеро ин суннатҳо барои муайян кардани муносибати байни одамон ёрӣ мерасонанд: "Кадомҳоянд вазифаҳои инсонӣ? Меҳрубонии падар, эҳтироми фарзандии писар, олиҳимматии бародари калонӣ, тавозӯъу ҳурмати бародари хурдӣ, рафтори неки шавҳар, итоаткории зан, хайрхоҳии калонсолону фармонбардории хурдсолон, марҳамати ҳокимону садоқати раъият.” Ӯ таъкид менамуд, ки вайрон намудани ин меъёр, ба бенизоми дар ҷомеъа боис хоҳад шуд. Агар ба расми никоҳ беэътиноӣ шавад, он гоҳ муносибатҳои зану шавҳарӣ мустаҳкам намешванд ва зинову хиёнат авҷ хоҳад гирифт. Агар ба маросими идҳои халқиву ҷамъиятӣ беэътиноӣ шавад, миёни калонсолону хӯрдсолон тартибу низом гум мешавад. Агар ба маросими дафн эътибор дода нашавад, эҳсоси эҳтироми фарзандон ба волидон ва аҷдодони гузашта аз байн меравад ва одамон фақат бар бораи худ фикр мекунанд. Агар қоидаҳои дипломатӣ риоя нашаванд, муносибати байни давлатҳо тезутунд гашта, метавонад ба ҷанг бирасад.

Чи хубу зебое гуфтааст, Конфусий. Ҳамаи ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки аз хурдӣ дар омӯзиши илму дониш бошем ва амру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро нисбати китобдӯстиву китобхонӣ сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намоем.

Илм ҷустуҷӯҳои одамонеро инъикос менамояд, ки дорои имкониятҳои зиёди эҷодкорӣ, фаросат, илҳом ва ақл мебошанд. Ана, аз ҳамин ҷиҳат ҳар як тоҷики асил имрӯз бояд барои пешрафти давлати азизамон бо илму ҳунару қудрату тавоноияш хизмат намояд, то барои ояндагон чизҳои некро ба мерос бимонем.

 

Олимҷон Табаров сокини ноҳияи Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад