Главная > --- > Ватанфурӯш паймону иттиҳод дорад?

Ватанфурӯш паймону иттиҳод дорад?


7-12-2020, 13:24. Разместил: admin

Мо мардумони кишвари осуда аз кори ин хиёнаткорони ватанфурӯши Ҳизби наҳзати ислом, Анҷумани Озодандешон, Ҷумбиши Ислоҳот ва Рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёнаи (эътилоф) иттиҳодкунанда ҳайронем! Инҳо барои кадом ягонагӣ, иттиҳод, мувофиқат ва дӯстӣ дар зери ҳимояи аҷнабиёни хориҷиашон аз миллату давлати худ иттиҳод мехоста бошанд?! Ин бадкирдорон кадом истиқлолиятро мегуфта бошанд? Магар ин аҷнабиённамедонанд, ки мо аллакай 29-умин солгарди Истиқлолияти давлати ҷоноҷонамонро ҷашн гирифта истодаем ва иншуоллоҳу таъоло садсолаҳои дигар ҷашнаш хоҳем гирифт. Онҳо боз чи гуна истиқлолият сохтанӣ бошанд? Истиқлолияти хунин? Бас аст ин бегонапарастӣ ва хиёнатҳо. Агар дар асл ватани озоду обод хоста бошед биёед якҷоя муттаҳид шавем ва ин Ватани ҷоноҷонамонро ободон кунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш тамоми мардуми шарифи боору номуси тоҷикро ба меҳнати ҳалоли шабонарӯзӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ доштан, бурдбориву шукуфоиҳо, тараққии илми муосиру глобалӣ, пешра-виҳои саноатӣ, энергетикӣ, озуқавории худӣ, рушди соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд.

Инчунин, дар ҳар як суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз вазъи ноороми олам сухан оѓоз менамояд ва таъкидаш ҳам гаштаву баргашта дар хусуси роҳҳои дур шудан аз бегонапарастиҳову гуруҳҳои ифротӣ мебошад. Барои мо ватандорони асил бояд ин гуфтаҳои Пешвои муаззамамон ҳам фарзу ҳам воҷиб бошад. Мо бояд баҳри ин ваҳдату истоқлолият, ки имрӯз насибамон гардидааст, заҳмат намоем ва онро устувортару мустаҳкамтар гардонем.

Дар давраҳои пеш ҳам мисли ҳодисаҳои имрӯзаи рӯи олам дар натиҷаи зиддиятҳои мазҳабию қабилавӣ ҷои ҳукумати мутамарказро гуруҳҳои бо ҳам зид (мисли давлатҳои ҳозираи Шарқи наздик, Давлати исломӣ, гуруҳҳои шиагоро, салафия, ифроткориҳои гуруҳҳои гуногун) гирифтанд, ки олиҳимматии ҷавонмардона аз байн рафт. Аз раҳму шафқат, анъанаву одати мардум дигар нишоне ҳам намонд, эътибори динҳову мазҳаб ва шахсони обрӯманди қаблӣ коҳид. Дар чунин шароит дар ҷомеа аксаран гурӯҳҳои мухталифе пайдо мешаванд, ки роҳи ҳалли гуногун ва баъзан мухолифи ҳамдигарро масоили давлат пешниҳод менамоянд, ки ба ҳалли мушкилот чандон натиҷа шуда наметавонад.Аз ин рӯ ҳукамо мегуфтанд, ки дар ин маврид инсонҳо бояд хайрхоҳӣ якдигар бошанд, дар атрофии як кас ҷамъ шаванд ва ҳамаро хоҳару бародари якдигар донанд. Аз ин рӯ мо мардуми оддии ин Ватан ба ин гуруҳҳои ҷудоиандоз гуфтанием, ки биёед муттаҳид шавед, ва ин Ваҳдату Истиқлолияти азизро пойдортару мустаҳкамтар гардонед ва дар зери ливои ин ватан осуда зиндагӣ намоем. Оё шомо доноёни вайронкори вазифаву мартабаталаб намебинед ин ҳодисаҳои вайронкоронаи аҷнабиёни пурқудратро, ки ҳоли мардуму давлатҳоро ба кадом варта овардаанд.

     Олимҷон Табаров silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад