Главная > --- > Ваҳдати ягона.

Ваҳдати ягона.


21-12-2020, 13:43. Разместил: admin

Роҳ ба сӯи ваҳдат аз дарёфти ҳамоҳангии ин ду ҳадаф оғоз меёбад. Роҳи хидмат ба одамони дигарро пеш гирифта, мо ба таври табиӣ характери худро ба сӯи некӣ инкишоф медиҳем. Ба дигарон мадад расонида, мо барои беҳбудии олии худ, кишвар, тамоми инсоният зиндагӣ карда, дар айни замонмо метавонем худро ҳамчун шахсият пурра ошкор намоем, он имкониятҳои нодири эҷодиеро, ки ҳар яки мо дорем, таҷассум созем. Барои ба ин ҳамоҳангӣ муваффақ шудан, ба ин ҳадди ваҳдати ботинӣ расидан ба ғайр аз такомули рӯҳиву маънавӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад, то ки мафҳумҳое чун покӣ, виҷдон, некӣ, муҳаббат ба таври табииӣ ба олами ботинии мо ворид гарданд.” Чунин анъанаро мо аз гузаштагони бофарҳангу бузургамон дида ва омӯхтаем.

Маълум шуд, ки барои хушбахтӣваҳдат аз ҳама асосист, зеро ваҳдат сарчашмаи ҳаёт аст ва беон ҳама давлату сарвату тавоноиву зӯрӣ вуҷуд дошта наметавонад. Барои он киваҳдатпадидояд, аввалмуҳаббатзарураст.Дар ҳаёти инсон ба фикри хоми бандақонун ё низомиягонае нест, ки ба сари худ тавонадҳаёти одамротаѓйирдиҳад, ба ҷудоиҳовуихтилофҳохотимабахшад.

Тадриҷан қуввату бузургии ваҳдату муҳаббати ҳақиқиро дарёфта, онро бо оҳистагӣ дар ҳаёт, муносибат бо одамон ҷорӣ намуда, мо метавонем дар рӯҳамон ба ҳамоҳангии ҳақиқӣ бирасем, эҳсоси шодиву фароѓат, қадру қимати ҳаёти худро дарёбем, тавонем ба ҳалли ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ ҷиддан наздик шавем. Он гоҳ дигарон ба мо пайравӣ мекунанд ва ин муҳаббат сарчашмаи ҳаёти ҳамаи маву Шумо мегардад ва душманиву бадбинӣ ва ҷангу ҷидолҳо аз байн мераванд.

Ҳама мардумони олам ба фикри банда барои як мақсад ба дунё меоянд, барои ваҳдату ягонагӣ. Муҳаббат ба оила, муҳаббат ба дӯстон, ҳатто муҳаббат ба ҳайвонот ин арзишҳоеанд, ки барои инсонҳо аз ҳама муҳиманд. Агар ҳамин тавр фикр кунем одаме нест, ки ба ваҳдат майл надоша бошад.Аз ин мебарояд, ки ҳамаи динҳо аз исломи азизи мо сар карда то дини насрониву яҳудӣ, буддову конфусӣ, ҳиндуиву зардуштӣ сикҳву синтоизмиро як чиз аслан ба худ мекашад, ки ин ҳам бошад Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи тамоми ҷаҳон аст. Фақат як гурӯҳ диндорони разили дунёталаби хуруфотпарасти ҷоҳилу нодон ва шояд ягон гурӯҳи пуриқтидорон намехоҳанд, ки Ваҳдати ягона ѓолиб бошад. Мо мардумони оддие, ки тарафдорони дини асил ва ваҳдати ягонаем, агар муттаҳид бошем ваҳдату сулҳи мо ѓолиб хоҳад баромад.

Ана аз ҳамин бармеояд, ки ҳеҷ инсоне наметавонад ба сари худ, тавассути худ ва танҳо барои худ зиндагӣ кунад, вале ҳаёти ҳар шахс ҳиссаи муайяне дар ҳаёти умумии инсоният аст.

Аз ин рӯ касе аз мо ҳақ надорем, ки нисбат ба халқи худ ҳақношинос бошем, хиёнат он тараф истад. Таърих гувоҳ аст, ки касе ба миллати худ ҳақношиносӣ карда бошад, ҳатмӣ ба фалокати азиме гирифтор шудааст. Барои ин моро зарур аст, ки халқу миллати худро дӯст дорем ва дар баробари ин ба дину суннату фарҳангҳои дигар миллатҳо низ арҷ гузорем ва онҳоро омӯзему аз бар кунем. Чунин аст роҳ ба сӯи ваҳдати ягона. Ҳар гоҳ ки мо аз ваҳдати миллатҳои гуногуни олам сухан меронем, бегумон масъалаи ватандӯстиву ватанпарварӣ пеши рӯ меояд.

Ватандӯстии хақиқиро чун муҳаббат ба кишвари худ, эҳтироми ҳами миллату халқиятҳое, ки дар он зиндагӣ мекунанд, донистани суннату анъанаҳои халқи худ, хидмати фидокорона баҳри беҳбуди мамлакати худ муайян кардан мумкин аст. Ана ҳамин тариқ, ватандӯст – касест, ки дар ҳар шароит манфиати кишвари худро аз манфиятхои шахсии худ болотар медонад.

Аз ин рӯ банда ҳамаи ҳамватанони азизамро ба сӯи ягонагӣ, ватандӯстӣ, якпорчагии кишвари азизамон даъват мекунам

Маҳз, ана ҳамин муҳаббати аслӣ ва авфу бахшоишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари тоҷикон ҳукмрон гардид. Муҳаббату ваҳдат аст, ки шахс бахшида метавонад, ваҳдат аст, ки шахс авф карда метавона. Танҳо Пешвои муаззами кишвари азизи мо тавонист, ки ба воситаи муҳаббати худододаш бахшад, авф намояд, ҷамъ оварад, ҷой диҳад, ҳамнишини худ гардонад ва ба ин восита миллати парокандаро ҷамъ оварад, ба оламиён муаррифӣ кунад.

Мо тоҷикон бо муҳаббату ваҳдониятамон имрӯз ҳам ба ин вабои аср, (коронавируси КОВИД 19) ки оламро ба ларза андохтааст, мубориза мебарем ва албатта бо иродатмандиву тавоноӣ ва бовариамон ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар зиндагӣ менамоем. Тамоми қонуну қоидаҳои дар пешамон гузоштаро бовиҷдонона ба ҷо меорем ва баҳри зиндагии шоиста ба пеш меравем Барои зиндагии шоиста ба пеш, тоҷики тоҷдор!

Зинда бод Ваҳдатумуҳаббатихалқҳо!

 

Олимҷон Табаров – Сокининоҳияи Муъминобод<

silvenpsp.rusferurezki.ru


Вернуться назад