Главная > --- > Терроризм ифротгароӣ ва экстремизм .

Терроризм ифротгароӣ ва экстремизм .


13-01-2021, 15:21. Разместил: admin

Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайрави ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад , ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад . Ифротгароиро метавон дар навбати худ ба ду равия ҷудо кард

1) Ифротгарии сиёсӣ - зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқи ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро иникосёфта мебошад , ки ба бенизомӣ таѓйири сохти кониститутсионӣ дар мамлакат ва ѓасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он , барангехтани низои нажодӣ , миллӣ , иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад .

Ифротгароии таъқиботи сиёсӣ ҳамчун намуди зуҳуроти сиёсӣ аз тарафи намояндагони ҳокимияти давлатӣ ба шикастани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ , поймолкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеа ва халқҳои дигар , паҳн намудани идеологияи адовати нажодӣ ва миллӣ ба дастгири неруҳои ифротӣ ва режимҳои диктаторӣ равона карда шудааст . Ин тарзи ифротгароӣ дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ дар давраи ҷанги сард ба таври фаъолона зуҳур меёфт .

2)Ифротгароии динӣ – аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст , ки ба зуран тайир додани сохти давлатӣ ё бо роҳи зурӣ ѓасб намудани ҳокимият халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат , бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст .

Ифротгароии диниро тавре шарҳ додан лозим аст , ки зуҳури он ба солҳои 70 - 80 уми асри гузашта рост меояд . Чуноне , ки маълум аст дар мамлакатҳои Шарқ ин гуруҳҳо ба монанди « Толибон » , « Ал-қоида » ва « Ҳизб-ут-таҳрир » ва ѓайра мушоҳида карда мешавад .

Президенти мамлакат пайваста дар Паём ва вохуриҳое , ки бо халқ мегузаронад таъкид менамояд , ки зиракиии сиёсии худро аз даст надиҳед . Аз гуфтаҳои ҷаноби олӣ бармеояд , ки террорист миллат , нажод , ватан надорад .

Вожаи ифротгароӣ аз решаи климаи араби « фард » гирифта шуда ба маъноҳои « аз ҳад гузаштан » , « зиёдаравӣ » истифода мешавад .

Бояд гуфт ,ки экстремизм ( ифротгароӣ ) бо бунёдгароӣ ҳамшарикӣ дошта ин ҳарсе дар якҷоягӣ маҷмуи мушкилоти иҷтимоӣ , фарҳангӣ , иқтисодӣ ва умуман , моддию маънавиро бавуҷуд меорад ва саранҷом боиси ҷангу низоҳҳои бардавоми бемаънӣ ва қатлу кушору озори мардум мегарданд . Читавре , ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ қайд намуданд. Вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд ин фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат баҳисоб меравад .

Дар солҳои сипаришуда мо шоҳиди содир шудани амлҳои мудҳиши терористӣ дар Ироқ , Фаластин , Суцрия ва Либиё гардидем ва қариб рўзе нест ,ки сокинони ин ё он мамлакатҳо қурбони ҷиноятҳои терористӣ нагарданд . Мутасифона баъзе ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ ба ин гуруҳҳо мепайванданд. Сад афсус , ки қатли инсонҳо воситаи фаъолияти ноҷавонмардонаи терористон қарор гирифитааст. Имрўз , ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии пешгирифтаи давлату ҳукумат буда ,рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти ин насл тасавур намудан номункин аст.

Яке аз беҳтарин усулҳои тарбияи фарзанд дар руҳияи ифтихори ватандорӣ , хештаншиносӣ ва худохии миллӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад .

Ҷавонон бояд неруи худро барои бунёди кори созандагӣ сарф намоянд , зеро дар ватани ободу зебо , таҳсил меҳнат ва зиндагии шоиста кардан ифтихор аст . Мо бовари дорем , ки дигар ҳеҷгоҳ мардуми азияткашидаи тоҷик хусусан ҷавонон фирефтаи найрангҳои ташкилотҳои терористӣ , экстремистӣ нашуда барои якпорчагии ва баланд бардоштани обуруи Тоҷикистони азизамон саъю кушиш менамоянд .

 

 

Директори муассиса : Ҳ.Мирзоевsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад