Главная > --- > Роҳи пурранҷ, ки поёнаш кашфи хазинаи пурганҷи мақсуд гардид

Роҳи пурранҷ, ки поёнаш кашфи хазинаи пурганҷи мақсуд гардид


28-01-2021, 15:28. Разместил: admin

Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ки ин роҳи мубҳам бо ҳузури паёмрасони сулҳу саодат ва раҳнамояндаи ваҳдати миллат дар кутоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, минбари ҳақиқии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ормонҳои миллати тоҷик ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ ба дуриҳои дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми ситораи раҳнамояндаи миллат дар он айёми тирашаб аз омадани субҳи мубораки миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон Сомониёни ориёнасл муждагонии босаодат расонед. Иҷрои рисолати бузурге, ки сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу ваҳдат аҳд гирифтанд, дар фосилаи панҷ сол умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид. Бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои андӯхта аз гузаштан аз айми шикастанҳо ба бастану сохтанҳо Тоҷикистонро новобаста аз кӯчак будани марзу масоҳат ва камбуди шумораи аҳолӣ ба унвони як кишвар, давлат, миллат ва қаламрави бузурги мунъакискунандаи як тамаддуни бузурги дорои собиқаи тӯлонии таърихӣ муаррифӣ дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2002 буд, ки дар китоби арзишманди худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо ишорат ба ҷойгоҳи ҷуғрофии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ хеле ҷолиб таъкид намуда буданд, ки: «Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи курраи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили паҳнои Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам- Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд».

Дар баробари ин, инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд”.

Таваҷҷӯҳи амиқ бар ин ду суханронӣ ва зимнан дигар баромаду гуфтор ва навиштаҳои Пешвои миллат барои мо ин нуктаро равшан месозад, ки муҳимтарин роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аз сӯи роҳбари давлат ба таври мушаххас баён гардидаанд ва танҳо вазифаи муқаддас ва ҷонии ҳар яки мост, ки дар амри расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои амалӣ андешем. Аз муҳтаво ва мундариҷаи суханрониҳо ин матлаб ҳувайдост, ки дар меҳвари маҷмӯи фаъолият ва рисолатҳои ҷомеаи имрӯз барои муқовимати бо ин зуҳурот тарбияи дурусти насли наврас ва такмили низоми ташаккули маънавии ҷомеа ба шумор меравад, зеро ба таъкиди Пешвои миллат омили аслии зуҳури ин падидаҳои ногувор пеш аз ҳама ба камсаводӣ, коҳиши маърифати ҷавонон вобаста аст, ки онҳоро ба гирдоби чунин ғаразу амалҳои ногувору нангин мекашонад.

Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони дорои нерӯи баланди ақлонӣ ва зеҳнӣ ҳаргиз қурбони ақидаҳои ифротӣ намегарданд ва бо маърифату дониши хеш ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муқовимат карда метавонанд. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи роҳҳои босамар ва ҳавасмандкунандаи марбут ба ташаккули нерӯи зеҳнӣ ва ақлонии ҷавонон имрӯз аз вазифаҳои бузургу рисолати созандаи муассисаҳои таҳсилот новобаста ба зинаҳои он маҳсуб меёбад. Иқдом дар роҳи ташаккулу такмили чунин тадбирҳо ва тақвияти корҳои тарбиявӣ бегумон роҳи равшану нурониро дар рӯёрӯи ҷавонони азизи мо боз мекунад, то онҳо бо дониши олӣ, хиради воло ва заковати баланд дар муқовимат бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб карор дошта бошанду ин вабои асри имрӯз марҳила ба марҳила вуҷуди ҷавонони дигари гирифтори онро тарк намояд.

Директоримуассисаитаълимии № 15:МуҳиддиновЗуриддинsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад