Главная > --- > ДАШНОМУ КАБОХАТ ХОСИ ЖУРНАЛИСТ НЕСТ

ДАШНОМУ КАБОХАТ ХОСИ ЖУРНАЛИСТ НЕСТ


13-03-2019, 09:02. Разместил: adminn
                                         
 
    Дар аввали солхои 90-ум ба майдони журналистикаи точик аз бодхои бозсозихои горбачёви суйистифода карда, як гурух бо ном "журналистоне” кадам ниходанд, ки максадашон зеру забар кардани Точикистони азиз буд. Хам дар радиою телевизион, хам дар рузномахо лофи демократисозию чомеасозии навин мезаданд. Аз гапхои кучаги, разолату кабохат ру наметофтанд. Яке аз онхо Мирзои Салимпур буд, ки барои варсокхонихояш, давлати гунаи Ирун сохтанаш, душмансозияш думро хода карда бо хочагонаш фирории ин мулки чангзада гашт. Дар фано гаштани 155 хазор нафар, дидани 9 миллиард доллар зарари иктисоди дар чанги шахрванди аз "корномахои” бузурги хамин рузноманигорони косалеси ТЭТ ХНИ, аз кабили М.Салимпур буд ва хаст. Пас у хам масъул аст имруз дар назди конун, чомеа, миллати точик чавоб гуяд, тавба кунад, аз кардахо пушаймони орад. Хеч аз ёдам намеравад, ки ин лоуболак бо чи шеваи нофорами ируни харф мезаду мелакид. Ва хамон шева, гуфтор, амал, кабохаташ имруз низ аз чисму вучуду забонаш берун нарафтааст. Дар солхои чанги шахрванди низ ин Салимпурхо, ки имруз баъзеяш аз кардахои разилонаашон мухри хомуши зада, бо руи дигару забони дигар васфи ин сарзамин, дастовардхо, Пешвои миллат мекунанд, ки ба осиёби нахзатихои террорист оби кам нарехта буданд.
    Имруз М.Салимпур аз хорич истода боз бо хамон шеваи пур аз кинаю адоваташ, разолаташ, кабохаташ ба кавли худаш ба ин диёр, ин мардум борони тухмату лаънат, дашном мефиристад. Маводи уро "Ба номардихои мардон ман чи гуям?” Изхороти сардабири "Ахбор”-ро мехонию ба холи ин чомеасозону давлатхохони булачаб хайрон мемони. Чи хеле, ки худаш икрор мешавад мард бояд дар хама холат мард бошад. Аммо хеч ба майнаи сараш барнамехурад, ки як бор ин тоифаи гумрох, манфиатчуй, дасисабоз бо номардиашон кариб, ки Точикистонро ба нести баранд. Вале аз ин хама ибрат нагирифта маколи халкии "Хар равад Макаю Мадина,Ояд хамон хари кадимина”-ро шиори хеш карор додаанд. Гох  ба матбуоти озод дандон гиз мекунаду гох ба макомотхои кудрати мечаспад. Киро бовариаш меояд, ки бо он лофу газофи сомонаи "Ахбораш” у пайсае аз хочагонаш нагирад? Мо хеч гох  он навиштахои манфиатхохонаи  рузномахои "Адолат”, "Начот” ва гайраю гайрухуро аз ёд набаровардаем.
    Хамин кадараш равшан аст, ки ту барин Салимпурхо холо хам аз хуну шамшеру мунрези,ба доровезихо, фиребу найрангхо, тухматхо сер нашудаед. Хеле бад ва шармовар аст, ки имруз хамаро монда пешаи дигаре ихтиёр кардаед, фолбиниро. Гузоред, то мардуми чангзадаи точик ба созандагию бунёдкори дар зери сулху осоиштаги пеш равад, диёри ту баринхо валангор кардаю сухтаро ба хости худаш ободу зебо намоянд. Аз фолбинию касду ситезачуи, ноодамгари, кинагири, фахшу суханфуруши дури чуед! Ба кавли хочагони ируниат: удамгариро гум макен!
 
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                            Нурулло Хасанов  silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад