ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия
Илова кард: adminn9-02-2018, 11:22Шиноснома

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия 

Г У З О Р И Ш И  раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаи ахбори омма оид ба натиҷаҳои ҷамбастӣ тарақиёти иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017 ва вазифаҳо барои  нимсолаи якуми соли 2018

аз 9 феврали соли 2018, ш.Муъминобод

Муҳтарам аҳли нишаст!

Соли 2017, ки барои натиҷабардорӣ аз он дар нишаст ҷамъ омадем, бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукуҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии қабули Парчами давлатӣ ва «Соли ҷавонон» барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ боқӣ монд.

Соли 2017 ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ, бунёду барқарорсозии боғҳои наву кўҳна, ҳифзи муҳити зист, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, ободонии деҳаҳо, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактабҳо, муассисаҳои табобатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кўчаҳо ва ба шаҳраки зебову замонавӣ табдил додани шаҳраки Муъминобод аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

Мехоҳам диққати Шумо ҳозирини арҷмандро, ки бо ироаи Паём соли 2017-Соли ҷавонон эълон гардид ҷалб созам.

Дар ин сол мутобиқ ба нақшаи тарҳрезишуда дар доманатеппаҳои мавзеи Чилдухтарон дар масоҳати 2 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардида, 10 адад иншоотҳои варзишию солимгардонӣ сохта шуда, барои истифода пешниҳод карда шуд.

Дастаи футболи «Шоҳин» маҳз дар ҳамин сол вориди майдони сабзи футбол гардида, бо дастаҳои дар лигаи дуюм қарордоштаи вилоят сабқат намуда, барои шомил шудан ба лигаи якум роҳхат гирифт.

Маҳз дар соли ҷавонон ду маротиба ҷавонони касбу кори гуногун ва донишҷўёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз вилоятњои Суғду Хатлон, Бадахшони кўҳию шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумњурӣ меҳмонони хонаводагии мардуми ноҳия буданд. Ин омили роҳандозишуда беҳтарин василаи тарбияи эҳтиром гузоштан ба суннатҳои хонаводагӣ гардид.

Дар соли ҷавонон 888 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимӣ тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, сазовори номи донишҷў гаштанд. Дар ҳамин сол яъне соли ҷавонони кишвар 1236 нафар оила барпо намуда, мутаасифона 36 оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо гардидаанд, ки ташвишовар мебошад.

Боиси қаноатмандӣ аст, танҳо дар соли 2017 26 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия берун аз кишвар дар риштаҳои гуногуни фанҳои гуманитарӣ, техникӣ ва сиёсатшиносию иқтисоди ҷањонӣ имтиҳони қабул супорида таҳсил доранд ва ин нерўи зеҳнию кадрӣ метавонад дар оянда ноҳияро бо мутахассисони дорои донишҳои баланди касбӣ таъмин созад. Идомабахши ин раванди босубот айни замон дар 62 муассисаҳои таълимии ноҳия бо фарогирии 19402 хонанда паси мизҳои талабагӣ нишаста ба онҳо 1624 нафар устодон аз фанҳои бо барномаҳои таълимӣ тасдиқ шуда дарс мегўянд. Мушкилоти кадрӣ ва қарзи маоши омўзгорон ба мушоҳида намерасад. Камбудии соҳа фақат дар таъмирталаб будани 7 муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад ва барои саранҷом намудани мушкилот чораҳо андешида шудаанд.

Мо тавонистем дар давоми сол ба 130 нафар мутахассисон, ҷавонон ва оилаҳои ҷавон барои бунёди манзили зист дар масоҳати 11 гектар замин чудо намоем. Ин омили манфиатоварро дар оянда низ таҳким мебахшем. Зеро ҳадафи сиёсати давлати мо бо сарварии Пешвои миллат дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандўсту ватанпараст мебошад.

Муҳтарам аҳли нишаст!

Дар фаъолияти идоракунӣ ба ҳайси раис дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроия тибқи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар давоми соли сипаригардида 4 маротиба Илосияҳои Маҷлиси вакилони халқ, 46 маротиба маҷлисҳои назди раис, 46 маротиба маҷлисҳои назоратиро доир намуда, ба 989 адад қарорҳо ва 60 адад амрҳо дар доираи ваколатҳои худ имзо гузоштам. 8 маротиба маҷлисҳои Шўроҳои амалкунандаи назди раис доир карда шуда, дар онҳо 13 масъалаҳои нақшавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар Паёми солонаи хеш ба воситаи Маҷлиси Олӣ Ҷаноби Олӣ дар радифи дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоии сиёсати дохиливу хориҷии худ таъкид доштанд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, инчунин ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд».

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи иқтисодии ноҳия, аз ҷониби нозироти андоз дар соли гузашта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 104 фоиз иҷро карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 382 ҳазору 415 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 733 ҳазору 491 сомонӣ зиёд аст.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки ба таъсири омилҳои беруна нигоҳ накарда, нақшаи андоз аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ 103 фоиз, андози амволи ғайриманқул 100 фоиз, андоз аз арзиши иловагӣ 100,4 фоиз, андоз аз ҳисоби соҳибони нақлиёт 104 фоиз ва андоз аз системаи соддакардашуда 111,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар таъмини иҷроиши андоз саҳми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назаррас ва мусбию қаноатбахшанд.

Бо мақсади амалигардонии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт айни замон 395 нафар соҳибкорон бо патент ва шаҳодатнома фаъолият дошта, аз ин ҳисоб ба буҷет 808 ҳазору 179 сомонӣ ворид карда шуд.

Барои дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва ба танзимдарории ҷуҷҷатҳои соҳибкорони нав ба фаъолият шуруъкунанда чорабиниҳои асоснок идома доранд.

Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти ёрии молиявӣ (субвенсия) 99,4 фоиз таъмин карда шуд, ки нисбати нақша 274 ҳазору 256 сомонӣ кам маблағ ба буҷети ноҳия ворид шуда, соҳаҳои буҷетӣ бошанд ба маблағи 41 миллиону 630 ҳазору 822 сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 25 миллиону 817 ҳазору 882 сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 10 миллиону 54 ҳазору 837 сомонӣ ба коммуналӣ 620 ҳазору 979 сомонӣ фарҳанг ва варзиш 1 миллиону 461 ҳазору 516 сомонӣ, кишоварзӣ 266 ҳазору 524 сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 549 ҳазору 654 сомонӣ, бахши ҳокимият 2 миллиону 227 ҳазору 493 сомонӣ, мудофиа 197 ҳазору 885 сомонӣ, ба мақомоти ҳифзи њуқуқ 392 ҳазору 931 сомонӣ ва ба фонди раиси ноҳия 47 ҳазору 230 сомонӣ рост меояд.

Аз ҷониби ташкилотҳои хурди қарздиҳанда дар давраи соли 2017 ба маблағи 10 миллиону 30 ҳазору 120 сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати соли 2016 1 миллиону 543 ҳазору 929 сомонӣ зиёд аст.

Соҳибкорӣ, ки асоси таъмини зиндагии шоиста аст дар ноҳия нисбати солҳои қаблӣ пешрав гардидааст. Дар ҳамкорӣ ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди соҳибкории Муъминобод» 6 адад лоиҳа ба маблағи 225 хазор сомонӣ ва ба воситаи ташкилоти байналмилалии шуъбаи Каритас дар соли сипаришуда дар асоси лоиҳаи «Мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ» ба маблағи 307 ҳазор ва аз ҷониби ОКСФАМ-и Британия 2 миллиону 137 ҳазору 328 сомонӣ лоиҳаҳои гуногунҷанбаи манфиатовар амалӣ карда шуданд.

Муҳтарам аҳли нишаст!

Дар давраи соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 17 миллиону 313 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз худ карда шуд. Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъ 32 адад иншоотҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, хизматрасониву маишӣ ба маблағи 11 миллиону 773 ҳазору 184 сомонӣ бо таъсиси 119 ҷойҳои нави корӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуда, аз ҷумла аз тарафи соҳибкорон 19 адад, ё аз ҳисоби маблағҳои мутаммарказ 3 адад ва маблағҳои хориҷӣ 10 адад иншоотҳо ба истифода дода шуданд.

Ба имрўз сохтмони 20 адад иншоотҳо бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ идома дошта, 8 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 декабри соли 2013, №294 Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, №564 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кўҳистон минтақаи Кўлоб барои солҳои 2014-2019» қарори раиси ноҳия аз 11 январи соли 2014, №14 ба тасвиб расидааст ва барои иҷро ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муасссиаҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо ҷалби мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди иқтисоди ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016-2020 таҳия гардида, Барномаи мазкур аз 182 лоиҳа бо маблағгузории 163 миллиону 262 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо пешбинӣ шудааст, ки то ба имрўз 26 лоиҳа ҳаллӣ пурраи худро ёфта, дар 19 лоиҳа корҳо идома дорад, ки дар маљмўъ 57 миллиону 834 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо барои омодагиҳои зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ҳамин давра 301 ҳазору 300 сомонӣ маблағ харҷ карда, шудааст. Айни ҳол дар ноҳия 7 адад механизми роҳсозӣ ва 3 адад нақлиётӣ автомобилӣ барои зимистонгузаронӣ омодаи кор мебошанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо маблағгузориҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳамкориҳо бо вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бо усули ҳашар бештар аз 1000 метр кўчаҳои шаҳрак мумфарш ва равшаннамоӣ карда шуданд. Дар масофаи 240 метр обравҳои канори роҳ навсозӣ ва насб гардиданд. Роҳи самти деҳаи Чилдухтарон ба масофаи 20 км бо тариқи ҳашар корҳои замини анҷом дода шуда, сангфарш карда шуд ва дар ин самт корҳои таъмирӣ идома доранд.

Дар масофаи 31 км роҳҳои автомобилгард аз тарафи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, бо ҷалби соҳибкорони маҳали ва аҳолӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 55,3 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта сангфарш карда шуданд,ки дар маљмуъ 1 миллиону 109 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар болои дарёи Сардоб (Яхсў), пул ба дарозии 65м, ки ноҳияи Муъминободро бо ноҳияи Ховалинг мепайвандад, бо саҳмгузории аҳолӣ идома дорад, ки барои рафту омад ва рушди сайёҳӣ заминагузор аст.

Бо мақсади пешгирӣ аз рафъи офатҳои табиӣ дар сойҳои Лангар, Ғарабдара, Тебалай, Туту, Сангдара, Хоҷаҳақиқ, Охҷар, Сайёд ва сарбанди канали Қулулу ба миқдори 25220м3 корҳои заминӣ, бардоштани саддҳои ҳимоявӣ дар дарозии 1920 метр гузаронида шуда, тариқи ҳашар 5520м2симтурҳои габионӣ хобонида шуданд. Айни ҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Туту Ҷамоати ба номи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон-С»-и ноҳия Фархор бо масофаи 1450 метр ва 2 нуқтаи боздошти ҷараёни сел ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Созмони Милали Муттаҳид корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин самт идома дорад.

Ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани кўчаю хиёбонҳои маркази ноҳия 30 адад ахлотпартовҳо ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ бо дастгирии аҳолӣ Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода дода шуданд.

Шабакаи барқӣ ноҳия дар соли 2017 ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба миқдори 44 миллиону 56 ҳазор кВт соат неруи барқро интиқол намудааст, ки аз ин миқдор 37,7 миллион кВт соат неруи барқи фоиданок мебошад. Шабака дар соли 2017, ба маблағи 263,7 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ гузаронида шудааст, ки 104 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли гузашта аз ҷониби шабака 5 адад трансформатрҳо аз таъмир бароварда шуда 8 адад трансформатрҳои тавоноияшон паст ба трансформатрҳои тавоноияшон баланд иваз карда шуданд.

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли 2017 1003 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд аз ин шумора 396 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Ба 100 нафари онҳо кумакпули таъин карда шуда, 220 нафар ба касбомузӣ ва ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Дар бахши кишоварзӣ ки амнияти озуқавории ноҳия асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст, дар соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ 544 миллиону 334 ҳазору 500 сомониро ташкил дод, ки 103,9 фоизи нақшаро ташкил дода, ба соҳаи растанипарварӣ 292 миллиону 231 ҳазору 600 сомонӣ, чорводорӣ 253 миллиону 293 ҳазору 300 сомонӣ рост меояд.

Дар ҳамаи бахшҳо дар майдони 10921 га кишти ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо 688 га зироатҳои техникӣ, 955 га картошка, 589 га сабзавот, 124 га полезӣ 1426 га ва зироатҳои хўроки чорво 1426 га кишт карда шуда буд. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 28617,3 тонна картошка ба 16548 тонна, сабзавот 13813,3 тонна, полезиҳо 4425,0 тонна, мевагиҳо 14631 тонна ва ангур 6443,5 тоннаро ташкил менамояд.

 

Самти дигари кишоварзӣ ин соҳаи чорводорӣ буда, чорводорони ноҳия ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда саршумори чорвои калони шохдорро ба 37883 сар, моли майдаро 125345 сар, ва аспро 3379 сар расонидаанд.

Дар ноҳия кооперативи истеҳсолии «Тебалай», кооперативи тиҷоратии «Чорводор» ва 183 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо самти чорводорӣ машғул мебошанд. Ин хоҷагиҳо иҷрои нақшаи гирифтани баррагириро аз 100 то 101 фоиз иҷро намуданд.

Дар ноҳия 5 адад фермаи калони шохдор, 60 адад кашарҳои ҳайвони майдаи шохдор аз таъмир бароварда шуда, барои зимистонгузаронии чорво 49294 тонна воҳиди хўрока тайёр карда шудааст, ки ба 1 сар чорвои шартӣ 24 сентнер воҳиди хўрока рост меояд.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолии ноҳия нигаронида шудааст. Дар ноҳия ба аҳолӣ 439 нафар кормандони тиб хизмат мерасонанд, ки аз ин шумора 58 нафарашонро духтурони маълумоти олидор ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар мутахассисони ҷавон, аз ҷумла 1 нафар стоматолог, 1 нафар терапевт ва 2 нафар уролог ба кор омаданд, 13 нафар табибони оилавӣ ва 85 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд.

Дар сохтори кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ 25 бунгоҳи саломатӣ, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолият менамоянд. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ 4 бунгоҳи саломатӣ ва 8 марказҳои саломатии деҳотӣ бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ таъмин карда шуданд, ки ин ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.

Дар соли гузашта ба мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ноҳия аз тарафи кормандони маркази санитарию эпидемиологии ноҳия дар 385 нуқтаҳои таҳти назоратбуда санҷишҳо гузаронида шуд. Барои вайрон намудани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ 104 нафар ба маблағи 11910 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Фаъолияти 10 нуқтаи назоратӣ то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта боздошта шуда буд ва камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шудаанд.

Фарҳанг, дар ҳама давру замон бешубҳа ифодагари руҳи миллӣ, расму русум, анъана ва ҳофизаи таърихии ҳар маҳаллу миллат мебошад.

Бояд зикр намоям, ки дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ нақши кормандони бахши фарҳанг бо зерсохторҳои он дар маҳал, шуъбаи маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот возеҳу равшан намоёну аён маънидод мешаванд. Чорабиниҳои фарҳангии доиркардашуда, аз ҷониби воситаҳои ахбор ба омма расонида шуданд ва барои ин ҳамкориҳо миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ фаъолияти худро тибқи нақша ва низомномаи бахш ба роҳ монда, дар давраи соли 2017 як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Дар ноҳия ба масъалаи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» диққати зиёд дода мешавад. Ҷашну маросимҳои мардумӣ таҳти назорати доимии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ қарор дода мешавад.

Дар соли 2017 дар ноҳия 1236 тўйҳои арўсию домодӣ, 3 адад тўйҳои арўсию домодии хайривӣ ва 137 хатнасури ва 2 адад хатнасури хайриявӣ гузаронида шудааст.

Соли 2018 барои мардуми мо соли пур аз рўйдодҳои фарҳангӣ-сиёсӣ маънидод мегардад. Маҳз дар ҳамин сол дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврўз ва Рўзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин дар кишвар давоми сол дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон чорабиниҳо доир мегарданд ва Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин иқдом муарррифӣ мегардад. Гузашта аз ин соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ин сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №977 ба имзо расид. Ноҳия барои рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои фаррох дорад. Дар ин росто аллакай чорабиниҳои судманд шурўъ гардидаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои созанда мо дар ҳамкорӣ бо Шумо инъиксокунандагони ҳаёти воқеӣ омадаем, ки паҳлў ба паҳлў истода, ин Ватан ин сарзаминро ки моли мардуми Тоҷикистон аст обод намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.

Дар ин роҳ ба кулли мардуми ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барор мехоҳам.


Сарбаланду муваффақ бошед!

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия

 

Нишасти матбуотии Раиси ноҳия

 


 

silvenpsp.rusferurezki.ru
13808312351

    Маълумот !
    Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
    Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте