Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Хабарҳои охирин
Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. Имрӯз 13-ҳуми ноябри соли 2017 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умум...
Бо мақсади омузиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишори зуроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, фаҳмонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оилв” , “Дар бораи танзиму анъана...
Табрикоти раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур бахшида ба 23 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи ноҳия Меҳмонони арҷманд, Ҳамдиёрони азиз! 6-уми ноябр ба қабули Конститутсия-санади танзим-кунандаи ҳуқуқу озодиҳои халқ...
Эҳдо ба Асосогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам, То насозам пок агар ман ашкҳои модарам. То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам, То...
Рӯзи Президент Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИГАҲБОНАТ ХУДО БОДО Салом! ...
Мизи мудавар дар мавзӯи “Ҳуқуқҳи худро меомузем” дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи Бахши кор бо занон ва оила дар доираи нақшаи кори дар деҳаи дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи мизи мудаварро дар мавзӯи “Ҳуқ...
» » Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар бахши хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тӯли 2013 – 2015

Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар бахши хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тӯли 2013 – 2015

0
Илова: adminn, 6-05-2015, 22:39 | Дида шуд: 192
Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар бахши хоҷагиҳои
ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тӯли 2013 – 2015

Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар  бахши  хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва  деҳқонӣ тӯли  2013 – 2015


Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2012 нисбати соли 2007 нишондиҳандаҳои асосии соҳа мутаносибан, саршумори парранда 25 %, саршумори мокиёнҳо 25,5 %, истеҳсоли тухм 22,1 % ва истеҳсоли тухм аз ҳар як мокиён 1,3 % зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо тибқи дурнамои соли 2015 мутаносибан 8,9 %, 22% ва 28,0 % афзоиш дода мешавад.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва ноил шудан ба рушди устувори соҳаи паррандапарварӣ ҳаллӣ масъалаҳои зерин зарур аст:
-ташкил намудани базаи хӯрока ва истифодаи оқилонаи он аз нигоҳи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам бо роҳи ҷудо намудани мабалғ ва қарзҳои имтиёзнок, бо мақсади ташкил намудани корхонаи истеҳсоли хӯроки омехта барои паррандагон;
-таъсис додани фабрика зотпарварии паррандагон сертухм, муайян намудани зоту кроссҳои мурғ ва ташкил намудани корҳои селексионӣ-зотпарварӣ;
-таъсис додани корхонаҳои муштарак, барқарор намудани фаъолияти фабрикаи паррандапарварӣ боистифодаи қарзҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;
-таъмини ҳифзи бойтори паррандаҳо;
-таъмини мунтазами ташкилотҳои паррандапарварӣ бо қувваи барқ;
-бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонидани фермаҳои паррандапарварӣ.
Мушкилотҳои асосии соҳа ин пеш аз ҳама норасогии маблағ, набудани шароит барои истеҳсоли хӯрокаҳои серғизои омехта (ба монанди орди моҳӣ, устухон, гӯшт, примексҳо, витаминҳо, аминокислотаҳо, ферментҳо, макро ва микроэлементҳо), набудани барқи доимӣ, набудани қарзҳои имтиёзнок ва ғайра. Дар ноҳия аз сабаби вуҷуд надоштани корхонаҳои истеҳсолкунанда ингуна мавод истеҳсол карда намешавад, барои ин хоҷагиҳоро лозим меояд, ки ин маводро алоҳида ё ҳам чун иловаҳои сафедадор витаминҳо ва ғайра аз хориҷӣ кишвар ворид намуда, ки барои онҳо маблағҳои зиёде заруранд.

Омилҳое, ки дар натиҷаи дуруст ва оқилона истифода намудани онҳо метавонад ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд:


-мавҷуд будани заминҳои шудгоршаванда ва дигар заминҳо барои бунёди боғу токзори нав;
-имконияти аз ҳисоби заминҳои нав, аз ҷумла дар талу теппаҳо зиёд намудани майдони кишт;
-мавҷуд будани захираҳои меҳнатии озод дар деҳот;
-мавҷуд будани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева, ангур, картошка ва сабзавот дар бозори дохилию берунӣ;
-имкониятҳои хуби иқлимӣ барои парвариши зироатҳои растанипарварӣ ва боғдорӣ. Зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани маҳсулоти он аз ҳисобӣ басанда будани чарогоҳҳо.

Мушкилотҳои асосии соҳаи кишоварзӣ:


-бад шудани ҳолати заминҳо ва аз кор баромадани шабакаи обтақсимкунӣ;
-баланд будани нархи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо;
-маҳдуд будани имконияти маблағгузории самтҳои афзалиятноки соҳаи чорводорӣ;
-дастрас набудани қарзҳои имтиёзноки дарозмӯҳлат;
-баланд будани нархи сӯзишворӣ (салярка, афтол, бензин ва ғайраҳо);
-талаф ёфтани бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла пӯст, пашм.
Ҳадафи асоси соҳа-ин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот.

Вазифаҳои гузошташуда барои бартараф намудани мушкилотҳои асосӣ:


-обёрӣ намудани заминҳо ва самаранок истифода намудани онҳо;
-равнақ додани бозори дохилии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
-баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулот;
-дастгирии соҳаи чорводорӣ ҷиҳати парвариши чорвои хушзот;
-бунёди боғҳои нав ва афзун гардонидани бозори дохилӣ ва меваҳои тару тоза ва зиёд намудани иқтидори содироти ноҳия аз ҳисоби он ҳадди асосӣ баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ мебошад.



silvenpsp.rusferurezki.ru
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.