Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Хабарҳои охирин
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати комилу сар- тосарии давлат, ноҳия дар радифи дигар дастовардҳои замон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои...
Иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби андозҳои маҳалли дар семоҳаи якуми соли 2017 ба ҷои 2180303...
Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси но&#я1203;и Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия...
Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи ноҳи чорабинии фарҳангии баргӯзор гардид, ки дар...
» » Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон

Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон

0
Илова: adminn, 5-11-2015, 18:34 | Дида шуд: 187
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон

Санаи 30-юми октябри соли 2015 дар майдони марказии ноҳияи Муъминобод чорабинии татбиқи «Лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оиди идомаи татбиқи «Лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» дар ноҳияи Муъминобод суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки;
Амалии ин лоиҳаҳо пеш аз ҳама татбиқи сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ гардидани сиёсати дарҳои кушода таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардуми ноҳияи Муъминобод аз ин дастовардҳо имрӯз бархурдор шуда истодаанд.
Ба маврид ва хушҳолкунанда аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон дар давоми солҳои 2013 ва 2015 дар асоси зерлоиҳаи пешниҳодгардида ба 34 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Муъминобод 36 адад тракторҳои тамғаи МТЗ-82, 36 адад испор, 140 адад сихмола, 26 адад ядак, 6 адад ғаллакубак, як адад экскватор, як адад борбардори фронталӣ, як адад экскватор-борбардорӣ фронталӣ ва 4 адад техникаи махсус барои коркарди кимиёвии боғҳо дастрас ва барои истифодабарии аҳолӣ супорида шуд. Пас аз ворид шудани техника ва мошинолотҳо дар ноҳия зиёда аз 72 ҷойҳои кории доимӣ таъсис дода шудаст. Инчунин аз ҳисоби фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия сарчашмаи иловагии пардохти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ пайдо гардид. Иҷрои давоми мантиқии лоиҳа дар ноҳия идома дошта ба 23 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ техника ва мошинолотҳо супорида шуд.
Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур бори дигар таъкид ва дастур доданд, ки устувории лоиҳаро нигоҳ дошта, буҷаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро аз натиҷаи меҳнати пурмаҳсулу ҳалол ғанӣ гардонанд. Беҳдошти рӯзгори мардуми ноҳия пешрафту ғанигардонии иқтисодиёти давлат аст.
Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини якуми раиси вилояти Хатлон Курбон Ҳакимзода, Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳхо», Саъдӣ Каримов, Намояндаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ- Том Анёнге, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиев Абдул иштирок ва суханронӣ намуданд.


Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
silvenpsp.rusferurezki.ru
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.