Боғу токправарӣ
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзунгардонидани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянеро ишғол менамояд. Обу ҳавои мусоиди минтақа имконият фароҳам меорад, ки майдони боғҳо ва токзорҳо аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ва интенсивӣ сол аз сол зиёд гардида, талаботи аҳолӣ ба меваҷот пурра таъмин ва қисми зиёди он содирот шавад. Талаботи рӯзафзун ба меваю ангур, масолеҳи сохтмонӣ бахсусу чӯбу тахта (аз ҳисоби шинондани дарахтони бемева) ва шароити мусоиди иқлими марказу деҳот дар суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот ҳиссаи худро мегузорад ва ин тақозо ба он дорад, ки дар оянда бунёди боғу токзорҳои нави замонави (Содиротиро) зиёд намоем.Майдони боғҳоро ба 1000 га расонем. Токпарвариро дар ноҳия ривоҷу равнақ диҳем. Танҳо дар солҳои 2009-2012 дар хоҷагиҳои ноҳия зиёда аз 1159 гектар боғу токи нав шинонда шудааст, ки дар оянда зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва инкишоф додани ин соҳа хеле калон аст. Дар соли 2012 аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 297 га боғ ва 8,0 га токи нав бунёд карда шуд. Мутаассифона, соли 2009 бо сабаби хунукии қаҳратун шудан ба соҳаи боғдорӣ ҳисоротӣ калон расонид. Ба ин нигоҳ накарда шароити иқлими деҳоти ноҳия барои парвариш ва истеҳсоли мева хеле мувофиқ аст. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани фармони Президенти кишвар аз 27 августи соли 2009 таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» аз ҳисоби кам кардани майдони замини кишти ғалла то соли 2014 беш аз 1000 га бунёди боғҳои содиротӣ ва азнавбарқароркунии 150 гектар боғҳои хоҷагиҳо (аз ҳисоби худи ин хоҷагиҳо) дар ноҳияи Мӯъминобод пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла тӯли солҳои 2010-2012 бунёди 600 га боғ ва токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, аз ин дар ин давра алакай 812,5 гектараш бунёд гардид. Солҳои охир бинобар корношоям гардидани пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷамоати деҳоти Деҳибаланд 60 га боғу ток хушк гардидааст ва ҳангоми ба кор даровардани пойгоҳи обкашӣ боғу токзорҳо аз нав эҳё гардида, имконияти зиёд намудани маҳсулот ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ пайдо мегардад.
Ҷадвали №8. Шумораи ниҳолони мевадиҳанда ва ороиши дар ноҳияи Мӯъминобод, соли 2009
Солҳои охир майдони аксари боғу токзорҳои ноҳия аз сабаби нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус коркарди кимиёвӣ ва муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои заррарасон қариб хароб гардидааст. Сабаби асосии пастшавии ҳосил, паҳншавии касалиҳои гуногуни замбуруғӣ ва зиёдшавии миқдори ҳашаротҳои заррарасон мебошад. Давраи авҷи касалиҳо ва инкишофи ҳашароти заррарасон вобаста аз шароити иқлими маҳал ва хусусияти биологии онҳо, ки ба сабзиши дарахтон зиён меоварад, гуногун мебошанд. Бинобар ин дар ин самт лозим аст, ки дар минтақа гурӯҳи махсуси пешгӯи оид ба паҳншавии ҳашарот ташкил намуда, фаъолияти стансияҳои муҳофизатии растаниро барқарор намоянд. Ба ин мақсад дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар ноҳия ташкил намудани лабаратория аз ҳисоби маблағҳои хоҷагиҳо ва қарзҳо дар назар дошта шудааст. Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 тӯли солҳои 2010-2012 зиёда аз 818,1 га боғу токзори нав бунёд карда шуд. Соҳаи ҷангалпарварӣ. Ҷангал комплекси илмию истеҳсолӣ буда, ба парвариш, нигоҳубин, азнавбарқароркунӣ ва муҳофизат эҳтиёҷ дорад. Масоҳати умумии замини ҷангали ноҳия ба9756 гектар баробар буда, аз ин замини корам 18 га, боғҳои мевадиҳанда 72 га, чарогоҳ 2184 га, роҳҳо ва кӯчаҳо 32 га, назди ҳавлигӣ 121 га ва дигар қитъаҳо 5680 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин хоҷагии мазкур 303 га заминҳои аксияпӯш 12 га заминҳои чормағпӯш, 68 га дарахтони мевадиҳанда дорад ва тӯли се соли охир 597 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд карда шуда, дар оянда идома дода мешавад. Дар хоҷагии ҷангали ноҳия 31 нафар фаъолият намуда, 230 оила тариқи шартномавӣ кор мекунанд. Ҳар сол хоҷагии мазкур тавассути иҷоракорон 2 тонна хуч, 15 тонна чормағз, 20 тонна меваи хушк, тонна пиёзи анзур ва 20 тонна гандум, меваи тар 20 тонна истеҳсол карда, ба фурӯш мебарорад. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар қаламрави хоҷагӣ фаъолият мекунанд, барои пешбурди зиндагониашон 2 тонна хуч, 15 тонна чормағз, 20 тонна гандум, 1610 куб ҳезум ва 20 тонна меваи хушк тайёр мекунанд. Ҳар сол хочагӣ 15 тонна пиёзи анзур чида месупорад ва имконияти боз ҳам зиёд намудани он маҷуд аст. Дар садҳо гектар ҳудуди хоҷагӣ гиёҳҳои кокутӣ, ҷамбилак, пудина, ширинбия, испанд, аҷиқ, ниҳолҳои хуч, ангат ва дигар растаниҳои худрӯй мавҷуданд, ки имконияти истифодаи онҳо дар соҳаи дорусозӣ мусоид мебошад. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти ҷангал, аз қабили ангат, хуч, пиёзи анзур, гиёҳои шифобахш, писта, чормағз ва ғайра усули пешқадам дар ин соҳа хоҳад буд. Зеро дар ноҳия зиёда аз 50 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ба роҳ мондани истифода ва коркарди онҳо дар соҳаи дорусозӣ метавонанд ба аҳолӣ даромади иловагӣ дода, буҷети маҳаллиро ғанӣ гардонад. Дар хоҷагии ҷангали ноҳия 110 оила занбур парвариш карда мешавад ва имконияти то 200 оила расонидани он мавҷуд аст. Дар доираи Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 масъалаҳои ҳалталаби соҳаи ҷангал ва самтҳои асосии он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати муҳити зист пешбинӣ шудааст. Тибқи Барномаи мазкур то соли 2015 дар ноҳия 570 га ҷангал бунёд ва барқарор карда мешавад, ки барои ин аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ. Маблағҳои кумита ва ташкилотҳои байналмиллалӣ 20 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Умуман дар ноҳия дар коркарди маҳсулотҳои асоси бисёртар қувваи дастӣ ва дар ҷамъовари галладонагиҳо дар баъзе ҷойҳо техника истифода бурда мешавад. Қувваи чорвоҳои корӣ ҳангоми шудгори заминҳои лалмӣ истифода мешаванд ва бисёртар ин раванд дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдухтарон, Ш, Шохин ва Боғгаӣ дида мешавад.
Таъминоти кунунӣ бо техникаи кишоварзӣ. Мушкилоти дигари соҳаи кишоварзӣ ин ба таври кофӣ таъмин набудани техникаи кишоварзӣ мебошад. Аз соли 1992 инҷониб дар хоҷагиҳои кишоварзӣ техникаи кишоварзӣ дохил нашудааст. Фақат дар семоҳаи аввали соли2011 бо дастгирии Ташкилоти маркази татбиқи лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндаги дар Хатлон ба ноҳия 10-адад трактори тамғаи Белорус бо плугу чапарҳояш ворид шудааст:
Маълумот оид ба техникаи кишоварзӣ:
Аз 407 адад тракторҳои мавҷуда 165 ададаш ба кор омода буда, 242 ё ин, ки 40 фоиз ададашон корношоям мебошанд. Аз тракторҳои шудгоркунанда 7 фоиз ва ғилдиракдор 32 % ба кор омода мебошанд. Дар баробар ин нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишорӣ, равғанҳои молиданӣ ва гаронии нархи онҳо ба баланд шудани арзиши маҳсулоти кишоварзӣ бевосита таъсир мерасонад. Бинобар он хоҷагиҳои деҳқонӣ барои баровардани маҳсулот аз ҳудуди ноҳия ҳавасманд нестанд.
Системаи обёрии заминҳо.
Обёрикунии заминҳои нав ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин аз мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи кишоварзӣ буда, ҳалли он дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва бо кор таъмин намудани аҳолии аҳамияти калон дорад. Амали намудани ин мушкилот тавассути буҷети маҳаллӣ аз имкон берун аст. Майдони умумии заминҳои корами ноҳияи Мӯъминобод 11716,51 гектарро ташкил дода, аз ин 2085,72 гектараш обӣ мебошад. Обёрии заминҳо тавассути сарбанди обгирии асосии канали кулулу 4 истгоҳи обкаш ва 21 адад чоҳои амудӣ обёри карда машаванд. Бинобар аз кор баромадани истгоҳҳои обкаш ва 12 чоҳҳои амудӣ, 95 гектар заминҳои обӣ бо иқтидори пуррааш фаъолият надоранд. Сабаби аз кор баромадани иншоотҳои гидротехникӣ дар ноҳия омадани селҳои пай дар пайи солҳои охир мебошад, ки ба иншоотҳои мазкур ҳисороти калони иқтисодӣ расонида, онҳоро корношоям гардонид. Мушкилоти аввалиндараҷа барои хоҷагиҳо тоза намудани маҷрои дариёи Сурхак . аст, ки ин наҳр соли 1958 барои обёри намудани заминҳои хоҷагиҳои чамоати Кулчашма бунёд шуда буд дарозии он 15 километро ташкил менамояд. Барои тоза намудани наҳр зиёда аз 215 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст. Дар натиҷаи амалӣ кардани ин лоиҳа ҳолати мелиоративии 854 га заминҳои корам беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ метавонад афзоиш ёбад. Инчунин 1 пойгохи обкашии ҳудуди ҷамоати деҳоти Дехибаланд ба таъмиру тармими ҷидди ниёз дошта, як адад пойгоҳи обкашӣ дар ҷамоати Деҳибаланд аз нав бунёд кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ин корҳоро танҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ намудан мумкин аст. Дар суръати таъмири ин пойгоҳҳо майдони 184 га заминҳои нав обёри мегардад, ки ин метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд. Офатҳои табиии солҳои 2010-2012 ба хоҷагии халқи ноҳия, бахусус ба соҳаи кишоварзӣ ҳисороти зиёд овардаанд. Дар натиҷа садҳо заминҳои корами оби шуста шуда аз истеҳсолоти кишоварзӣ баромаданд. Қисми зиёди шабакаҳои обёрикунанда корношоям гашта, 2 км шабакаҳо, заҳбуру заҳкашҳо аз гилу лой пур шудаанд. Сол то сол сатҳи обҳои зеризамини баланд шуда, ҳосилнокии заминҳо дар майдони зиёда аз 90 га заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои Деҳибаланд паст шуда истодааст. Ҳамаи мушкилотҳои ҷойдошта ба паст шудани ҳосилнокӣ ва кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсир расонидааст. Дар мӯҳлати се соли оянда ҳал намудани мушкилотҳои ҷойдошта ҳадафи асосии Барномаи мазкур аст.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|